Духтари ноболиғ, ки аз парастории волидон маҳрум буд, аз Туркия ба Ӯзбекистон баргардонида шуд

Бино ба маълумоти Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Туркия як духтари ноболиғ, ки дар хориҷ аз парастории волидон маҳрум шуда буд, ба Ватан баргардонида шуд.

Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи талошҳои Кумитаи оила ва зану духтарон ва Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Туркия духтари ноболиғро 15 апрел дар Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд кормандони масъули Кумитаи оила ва зану духтарон, Вазорати корҳои дохилӣ ва Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ пешвоз гирифтанд.

Ӯ ҳоло муваққатан дар Маркази кумаки иҷтимоӣ ва ҳуқуқии ноболиғони шаҳри Тошканд ҷойгир карда шуд. То замони муайян шудани шакли алтернативии ҷойгиркунӣ ба духтар дар ин марказ кумакҳои зарурии иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ расонида хоҳад шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: