15 апрели соли равон ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба вилояти Хоразм омаданд.
Дар шаҳри Хива таҳти ҳамраисии Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Арипов ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баргузор гардид.
Таъкид шуд, ки солҳои охир ҳамкории байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд баромада, робитаҳои ҳамбастагӣ байни мамлакатҳо аз нигоҳи амалӣ таҳким меёбад. Дар ин раванд, муносибатҳои эътимоднок миёни Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, инчунин иродаи сиёсии онҳо нақши ҳалкунанда доранд.
Дар ҷамъомад эътибори асосӣ ба масъалаҳои вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт, энергетика, саноат, кишоварзӣ ва дигар бахшҳо, корҳое, ки дар ин самт амалӣ мегарданд, нигаронида шуд.
Зикр гашт, ки дар панҷ соли охир ҳаҷми табодули маҳсулот ду баробар афзуд. Шумораҳои корхонаҳои муштарак аз сесад зиёд гардид. Ин нишондод мунтазам меафзояд. Ҳамзамон, ин нишондиҳандаи муомилоти мол ба имкониятҳои мамлакатҳо пурра мувофиқ нест ва ҳанӯз имкониятҳои истифоданашуда мавҷуданд.
Ғайр аз ин, роҳбарони давлатҳо дар назди ҳукуматҳо вазифаи то соли 2030 ба 20 миллиард доллар расонидани ҳаҷми савдои байниҳамдигариро гузоштаанд.
Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки барои ин амиқтар кардани ҳамкориҳои саноатӣ, татбиқсозии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия, идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманду муассир дар соҳаи захираҳои обу энергетика, пайваста идома додани корҳо дар самти таъмини кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ ва таваҷҷуҳи махсус ба рушди фаъоли ҳамкориҳои минтақаҳои мамлаткаҳоямон зарур аст.
Дар анҷом баёни ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ имзо гардид.
Инчунин, сарвазирони ду мамлакат аз ёдгориҳои таърихии Ичан-Қалъа дидан карданд. Тамошои ин шаҳр, ки “осорхонаи зери фазои кушод” эътироф мегардад ва дар Осиёи Марказӣ ягона шаҳрест, ки то имрӯз комилан боқӣ мондааст, дар ҳайати Тоҷикистон таассуроти бузург гузошт.