РУШДИ ҲУНАР: АЗ САНЪАТИ АНЪАНАВӢ ТО ТИҶОРАТИ ИННОВАТСИОНӢ

Дар толори Ассотсиатсияи «Ҳунарманд»-и Ӯзбекистон таҳти мавзӯи «Рушди ҳунар: аз санъати суннатӣ то тиҷорати инноватсионӣ» мизи мудаввар ва муаррифии маҷаллаи «Ҳунарманд» баргузор гардид.

Чорабинӣ бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президент «Дар бораи Барномаи давлатии татбиқи Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» дар Соли ҳифзи муҳити зист ва иқтисодиёти сабз» ташкил карда шуд.

Дар чорабинӣ депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, Вазорати адлия, Вазорати фарҳанг, Кумитаи сайёҳӣ, Палатаи савдо ва саноат, Агентии танзими техникии назди Девони Вазирон, ҶС «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари», «Ӯзбекистон темир йӯллари», Вазорати сармоягузорӣ, Агентии «Ӯзстандарт», олимони соҳа, санъатшинос ва дизайнерон ширкат варзиданд.

Байни Ассотсиатсияи «Ҳунарманд» ва ҶММ «Humo Documentary» меморандум ба имзо расид.

Тавре ки дар меморандум таъкид шудааст, ҷонибҳо ба нигаҳдорӣ ва тарғиби мероси фарҳангии Ӯзбекистон ва Осиёи Марказӣ, инчунин ҳунарҳои мардумӣ, эҷод ва тарғиби филмҳои ҳуҷҷатӣ, лоиҳаҳои мултимедия ва архиви рақамӣ оид ба мероси ҳунарҳои мардумӣ, ташкили намоишгоҳҳои муштарак, фестивал ва чорабиниҳои фарҳангӣ дар рушду тавсеаи ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили гулдӯзӣ, сохтани бозичаҳои миллӣ, кулолгарӣ, кандакорӣ, қолинбофӣ, сохтани асбобҳои мусиқии миллӣ саҳм мегузоранд.

ҶММ «Humo Documentary» низ платформаеро пешниҳод намуд, ки ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифз ва паҳн намудани мероси фарҳангии Ӯзбекистон ва Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст.

Инчунин муаррифии маҷаллаи «Ҳунарманд», ки дар назди Ассотсиатсияи «Ҳунарманд» нашр мешавад, баргузор гардид.

Шумораи аввалини «Ҳунарманд» ба анъанаҳои чандинасраи санъати амалӣ ва таҷрибаи ҳунарии ҳунармандони мо аз назари тоза  менигарад. Мундариҷаи маҷалла мусоҳибаҳо бо ҳунармандони пешқадам, мақолаҳои таҳлилӣ оид ба тамоюлҳои рушди ҳунарҳои бадеӣ ва намоишгоҳҳои намоён, мавод бахшида ба анъанаҳои камомӯхта ва ё фаромӯшшуда, очеркҳои таърихиро дар бар мегирад.

Муаррифӣ таҳти унвони «Рушди ҳунарҳо: аз санъати суннатӣ то тиҷорати инноватсионӣ» ба мутобиқ кардани ҳунарҳо ба бозори муосир, эҷоди арзиши нав тавассути дизайну технология ва ташаккул додани манбаи устувори даромад тавассути ҷалби ҷавонону занон равона шудааст. Самтҳои асосӣ дар ин омезиши маҳсулоти анъанавӣ бо тарҳи замонавӣ, мавод ва технологияҳои экологӣ, ҳамкории ҳунармандон ва дизайнерҳо ва муаррифӣ оид ба стандартикунонии маҳаллӣ ва байналхалқӣ мебошанд.

Дар чорабинӣ ҳамчунин масъалаҳои тамғакунӣ ва маркетинг, сертификатсия таҳти тамғаи «Made in Uzbekistan» барои ворид шудан ба бозорҳои байналмилалӣ, иштирок дар ҳафтаҳои мӯд ва ярмаркаҳои тарроҳӣ бо ҳунармандон, механизмҳои ҳавасмандгардонӣ ва субсидия барои содироти маҳсулот, сайёҳӣ ва хидматрасонӣ баррасӣ шуданд.

М. Мамаҷонова,

хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: