Имкониятҳои ба марҳалаи нави рушд баровардани Андиҷон муайян карда шуданд

  • Имкониятҳои ба марҳалаи нави рушд баровардани Андиҷон муайян карда шуданд
  • Имкониятҳои ба марҳалаи нави рушд баровардани Андиҷон муайян карда шуданд
  • Имкониятҳои ба марҳалаи нави рушд баровардани Андиҷон муайян карда шуданд
  • Имкониятҳои ба марҳалаи нави рушд баровардани Андиҷон муайян карда шуданд
  • Имкониятҳои ба марҳалаи нави рушд баровардани Андиҷон муайян карда шуданд
  • Имкониятҳои ба марҳалаи нави рушд баровардани Андиҷон муайян карда шуданд
  • Имкониятҳои ба марҳалаи нави рушд баровардани Андиҷон муайян карда шуданд
  • Имкониятҳои ба марҳалаи нави рушд баровардани Андиҷон муайян карда шуданд
  • Имкониятҳои ба марҳалаи нави рушд баровардани Андиҷон муайян карда шуданд
  • Имкониятҳои ба марҳалаи нави рушд баровардани Андиҷон муайян карда шуданд

16 апрел дар ноҳияи Булоқбошӣ таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоию-иқтисодии вилояти Андиҷон ҷамъомад баргузор гардид.

Таъкид шуд, ки рӯҳи Ӯзбекистони Нав ба ҳар як ноҳия ва маҳаллаи Андиҷон роҳ ёфтааст. Соли гузашта дар вилоят зиёда аз 4 ҳазор соҳибкори нав ба фаъолият оғоз карданд. Барои 450 ҳазор нафар шуғл фароҳам оварда шуд.

Дар вилоят 1,5 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ ва 850 ҳазор метри мураббаъ иншооти ғайриистиқоматӣ бунёд гардид. Дар натиҷа, соли гузашта ҳаҷми савдо ва хидматрасонӣ 13 фоиз ва ҳаҷми саноат 7,5 фоиз афзуд.

Бо вуҷуди ин, ҳаёт дар ҷояш намеистад. Дар Андиҷон имкониятҳои бузурги иқтисодӣ, лоиҳаҳои нав ва ташаббусҳо мавҷуданд.

Дар ҷамъомад вазифаҳо оид ба дастгирии соҳибкории хурду миёна, афзоиши сармоягузорӣ ва содирот, рушди сохтмон ва соҳаи иҷтимоӣ муҳокима шуданд.

Пеш аз ҳама, имконияти таъмин кардани рушди иқтисодӣ дар сатҳи на камтар аз 6 фоиз дар соли 2025 таъкид гардид, ки дар ин замина маҳсулоти минтақавии умумӣ ба 105 триллион сӯм расонида, барои 305 ҳазор нафар ҷойи корӣ муҳайё карда, 150 ҳазор нафар аз камбизоатӣ бароварда шаванд.

Масалан, дар Андиҷон соҳаи мошинсозӣ хуб ташаккул ёфтааст. Аммо дар ду соли охир ба вилоят таҷҳизот ба маблағи 1 миллиард доллар ворид карда шудааст. Агар истеҳсоли чунин таҷҳизот дар дохили кишвар ба роҳ монда шавад, ин метавонад манбаи иловагии даромад барои иқтисод бошад ва ҷойҳои нави корӣ муҳайё созад. Бояд чунин ташаббусҳои соҳибкорон дастгирӣ карда, ба онҳо дар гирифтани сертификатҳо ва қисмҳои зарурӣ кумак расонида шавад.

Ҳамчунин марказҳои истеҳсолоти мошинсозӣ ва конструкторӣ таъсис дода мешаванд. Параметрҳои техникии таҷҳизоти воридотӣ, ки дар саноат талабот доранд, таҳқиқ мегарданд ва барои корхонаҳои маҳаллӣ алтернативаҳо пешниҳод мешаванд. Ба соҳибкороне, ки мехоҳанд чунин таҷҳизотро маҳаллӣ гардонанд, қарзҳои имтиёзнок то ба 5 миллиард сӯм дода мешаванд.

Дар вилоят 13 ҳазор гектар замини кӯҳдоман мавҷуд аст, ки дар ҳолати таъмини об зироатҳои кишоварзӣ парвариш кардан мумкин аст. Аммо истифодаи насосҳо барои обёрии ин заминҳо хароҷоти зиёди нерӯи барқро талаб мекунад. Аз ин рӯ, асбобҳои молиявӣ барои насби панелҳои офтобӣ ба кор бурда мешаванд. Дар Қӯрғонтеппа боғи интенсивӣ ва токзори саноатӣ дар майдони 300 гектар таъсис дода мешавад.

Гармхонаҳои ғайрисамараноке, ки аз минтақаҳои дигар оварда шудаанд, ба Андиҷон интиқол дода шуда, ба аҳолӣ ба таври лизинг дода мешаванд. Ба маҳаллаҳо тухмиҳои арзон ва нуриҳои минералӣ расонда мешаванд.

Вазорати шуғл ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар ноҳияҳои Баликчи ва Олтинкӯл дар майдони 5 гектар гармхонаҳо ташкил намуд, ки ба туфайли он 100 оилаи эҳтиёҷманд манбаи даромад пайдо карданд. Ҳоло ин таҷриба дар ноҳияҳои Улуғнор, Пахтаобод, Хӯҷообод, Марҳамат ва Андиҷон низ татбиқ карда мешавад. Раисони маҳаллаҳое, ки чунин гармхонаҳои замонавиро намунавӣ ташкил медиҳанд, 100 фоиз иловапулӣ дода мешавад.

Дар ҳоли ҳозир танҳо дар 23 фоизи обанборҳои сунъии вилоят парвариши моҳӣ бо усули интенсивӣ амалӣ мегардад. Лоиҳае таҳия шудааст, ки тибқи он 15 миллион доллар маблағи Бонки рушди Осиё барои парвариши интенсивии моҳӣ дар майдони 320 гектар ва кооператсия бо 500 хонавода ҷалб карда мешавад. Супориш дода шуд, ки ин лоиҳа таҳти назорат гирифта шуда, умуман соҳаи моҳипарварӣ дар ҷумҳурӣ рушд дода шавад.

Андиҷон дорои иқтидори баланди сайёҳӣ мебошад. Дар маҳаллаҳои Кампиробод (шаҳри Хонобод), Ширмонбулоқ (ноҳияи Булоқбошӣ) ва Тош-ота (ноҳияи Хӯҷообод) метавон иншооти сайёҳӣ ташкил карда, шумораи сайёҳонро афзоиш дод. Соли ҷорӣ мақсад гузошта шудааст, ки 25 лоиҳа ба маблағи 125 миллион доллар дар соҳаи сайёҳӣ амалӣ гардида, 3,5 миллион сайёҳи дохилӣ ва хориҷӣ ҷалб карда, содироти соҳаи сайёҳӣ то ба 200 миллион доллар расонида шавад.

Дар ҷаласа ба масъалаи сармоягузорӣ ва содирот таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Соли ҷорӣ ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷӣ ба 3,1 миллиард доллар мерасад, 23 лоиҳаи калон ва 321 лоиҳаи хурду миёна ба маблағи 1 миллиард доллар ба амал татбиқ хоҳанд шуд. Имконият мавҷуд аст, ки содирот то ба 1,5 миллиард доллар ва ҳаҷми маҳаллисозӣ то ба 10 триллион сӯм расонида шавад.

Ҳар сол аз Андиҷон ба Қирғизистон ба арзиши 200 миллион доллар маҳсулот содир карда мешавад. Бо мақсади васеъ намудани тиҷорати дуҷониба пешниҳод шуд, ки дар Қӯрғонтеппа ва Хӯҷообод минтақаҳои озоди савдо ва саноат таъсис дода шаванд.

Зарурияти ба музояда баровардани 360 объекти ғайрисамаранок истифодашавандаи амволи ғайриманқул ва фароҳам овардани шароит барои татбиқи лоиҳаҳои соҳибкорӣ таъкид гардид.

Дар ҷӯйборҳо ва каналҳое, ки ҷараёни об баланд аст, имкон дорад нерӯгоҳҳои хурд ва микроГЭС бо иқтидори умумии 75 мегаватт бунёд карда шаванд. Ба соҳибкороне, ки дар ин соҳа иштирок мекунанд, қарзҳо бо фоизи 12 барои 7 сол ва бо муҳлати имтиёзноки 3-сола пешниҳод мегардад.

Ҳамчунин вазифаҳо оид ба рушди сохтмон ва инфрасохтор муҳокима шуданд. Соли равон нақша аст, ки 245 бинои бисёрқабата бо 9700 хонаи истиқоматӣ сохта шавад, ки ба 10 ҳазор нафар шуғл фароҳам меорад. Зиёда аз 1000 километр роҳу пулҳо таъмир карда мешаванд.

Дар шаш ноҳияи вилоят 510 ҳазор нафар аҳолӣ бо сабаби норасоии иқтидори хати асосии оби нӯшокӣ аз Хонобод ба Андиҷон бо мушкилоти таъминоти об рӯ ба рӯ мебошанд. Дар ин замина, зарурати сохтмони хати дуюми обтаъминкунӣ бо ҷалби Бонки рушди Осиё таъкид гардид.

Оид ба баланд бардоштани иқтидори роҳҳои байни вилоят ва кишварҳои ҳамсоя, инчунин рушди нақлиёти ҷамъиятӣ миёни шаҳри Андиҷон ва ноҳияҳо супоришот дода шуданд.

Самтҳои иҷтимоӣ бевосита дар зиндагии аҳолӣ инъикос меёбад. Дар Андиҷон ҳаҷми ҷарроҳиҳои баландтехнологӣ ба 40 фоиз мерасад. Барои 15 ҳазор хатмкардаи техникумҳо ҷои кор муҳайё карда мешавад. 6 ҳазор донишҷӯ ба таҳсилоти дуалӣ фаро гирифта мешаванд. Чор барномаи таҳсилоти олӣ дар самтҳои муҳандисӣ, тиб, иқтисод ва соҳаи кишоварзӣ дар сатҳи байналмилалӣ аккредитатсия карда мешаванд.

Ба ҳамин муносибат ҷиҳати рушди таҳсилоти тиббӣ ва сайёҳӣ, зиёд намудани шумораи нуқтаҳои хусусии шабонарӯзии тиббӣ дар маҳаллаҳо тадбирҳо андешида мешаванд.

Тавре маълум аст, низоми ҳавасмандгардонии директорони мактабҳое, ки потенсиал ва самаранокиро баланд бардоштаанд, амал мекунад. Ҳоло ин низом дар техникумҳо низ ҷорӣ карда мешавад.

Бо ташаббуси Президент ҳамасола дар шаҳри Бобур Фестивали рассомон баргузор мегардад. Ғолибон бо туҳфаи Президент — мошинҳо қадрдонӣ мешаванд.

— Имрӯз мо барои ба марҳилаи нави рушд баровардани Андиҷон вазифаҳои муҳимро муайян кардем, ба ҳамаи масъалаҳои муҳим таваҷҷуҳ зоҳир намудем ва воситаҳои барои вилоят заруриро муайян кардем, — гуфт Шавкат Мирзиёев. — Агар ҳама якҷоя ва бо ҳамбастагӣ кор кунем, муваффақиятҳоямон бештар мешаванд, қуллае намемонад, ки онро фатҳ накунем, Андичон боз ҳам шукуфонтар хоҳад шуд.

Дар ҷаласа муовинони Сарвазир, вазирон ва дигар шахсони масъул оид ба самтҳои худ маълумот доданд. Таъкид гардид, ки ҳокими вилоят, ҳокимони 16 шаҳр ва ноҳия бояд ҳар рӯз бо аҳолӣ ва соҳибкорон мулоқот кунанд, суръати кунуниро нигоҳ доранд ва дар шароити тағйироти глобалии иқтисодӣ масъулиятро бар дӯш гиранд

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: