Мо рӯзмарра дар бораи вазъи обу ҳаво маълумот пайдо мекунем ва инро Маркази хадамоти обуҳавосанҷии кишвар ё мухтасар «Ӯзгидромет» аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ бештар анҷом медиҳад. Мухбири мо бо як қатор савол ба сухангӯи ин идора Нигора Тошхоҷаева муроҷиат намуд.
– Таваҷҷӯҳ ба хидмати гидрометеорологӣ беш аз пеш меафзояд. Инро чӣ тавр тавзеҳ медиҳед?
– Мутобиқи фармони Президент дар заминаи Маркази хизматрасонии гидрометеорологии ҷумҳурӣ Агентии хадамоти гидрометеорологии назди Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим таъсис дода шуд. Албатта, таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат ба фаъолияти идораи мо чӣ дар марказ ва чӣ дар минтақаҳо водор месозад, ки мо бештар эҳсоси масъулият намоем ва мардумро аз вазъи обу ҳаво мунтазам огоҳ кунем. Дар ин самт қарори Президент аз 17 ноябри соли 2020 «Дар бораи чораҳои такомил бахшидан ба фаъолияти Маркази хадамоти гидрометереологии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» барои ислоҳи фаъолияти соҳаи мазкур ҳамчун асос хидмат менамояд.
– Натиҷаҳо хурсандибахшанд, албатта?
– Бале. Тавонистем дар муддати кӯтоҳ хидмати метеорологӣ, агрометеорологӣ, гидрологӣ ва мониторинги ифлосшавии ҳаворо такомул бахшем ва сифати онро баланд бардорем. Ба ибораи дигар, ходимони «Ӯзгидромет» вазифаҳоеро сарбаландона иҷро хоҳанд кард, ки ба таъмини мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои хоҷагидорӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои дигар, инчунин шаҳрвандон дар бораи шароитҳои мавҷуда ва пешбинишудаи гидрометеорологӣ, тағйирёбии иқлим, сатҳи ифлосшавии муҳити табиӣ, иттилооти фаврӣ оид ба рух додани ҳодисаҳои хатарнок ва табиии гидрометеорологӣ нигаронида шудаанд. Ҳамчунин 12 январи соли 2022 Қонун «Дар бораи фаъолиятҳои обуҳавошиносӣ» ба тасвиб расидаву мавриди иҷро қарор гирифтааст, ки барои ривоҷи хадамоти обу ҳавошиносӣ, таъмини шабакаҳои иқтисодӣ ва аҳолӣ бо иттилооти зарурии ҳавошиносӣ мусоидат менамояд.
– Мегӯянд, ки «Ӯзгидромет» бо созмонҳои марбутаи байналмилалӣ ҳамкориҳо ба роҳ мондааст. Ин мавзӯъро андак шарҳ медодед?
– «Ӯзгидромет» барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун Маркази минтақавии телекоммуникатсияи Созмони ҷаҳонии метеорологӣ фаъолият мекунад ва ҷамъоварӣ, коркард ва паҳнкунии маълумоти гидрометеорологии Хадамоти ҷаҳонии обуҳавошиносии Созмони ҷаҳонии метеорологиро бар дӯши худ дорад. Яъне корҳои гидрометеорологии имрӯза мақоми байналмилалиро касб намудаанд ва дар асоси принсипи риояи стандартҳои миллӣ амалӣ мешаванд, ки дар он тавсияҳо ва қоидаҳои Созмони ҷаҳонии метеорологӣ ва Созмони байналмилалии авиатсияи шаҳрвандӣ комилан ҳамоҳанг карда мешаванд. Аз ҷумла, ҳамаи истгоҳҳои мушоҳидаи обуҳавосанҷӣ, воқеъ дар қаламрави ҷумҳурии мо, дар ҳар 3 соат обуҳаворо мунтазам мушоҳида мекунанд.
– Иҷрои ин корҳо кадрҳои бомаҳорату лаёқатнокро тақозо менамояд. Дуруст аст?
– Бале, тибқи қарори Президент бо мақсади ба роҳ мондани низоми омодасозии кадрҳо дар соҳаи гидрометеорология ва такмили ихтисоси онҳо дар Донишгоҳи миллӣ факултети гидрометеорология таъсис дода шудааст. Гузашта аз ин, ин донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии гидрометеорологияи Русия барои амалӣ намудани барномаи таълимии «3+2» Ёддошти тафоҳуми сеҷониба имзо кардааст.
– Пас, шабакаҳои минтақавии «Ӯзгидромет» низ бо кадрҳо таъмин карда мешаванд?
– Бечуну чаро. Зеро дар минтақаҳои гуногуни кишвар хадамоти гидрометеорологии нав ташкил карда шудааст ва шумораи истгоҳҳову посгоҳҳои агрометеорологӣ ба 57 адад афзудаанд. Мушаххасан, гуфтан мумкин аст, ки шумораи истгоҳҳои обуҳавошиносӣ аз 70 ба 88, истгоҳҳои тармафароӣ аз 3 ба 7, истгоҳҳои обуҳавошиносӣ аз 134 ба 143, истгоҳҳои агрометеорологӣ аз 33 ба 40, шабакаи радиолокатсионӣ аз 3 ба 6, истгоҳҳои назорати ифлосшавии ҳаво аз 63 ба 66 ва лабораторияҳо аз 17 ба 22 зиёд шуданд. Ҳиссаи шабакаҳои автоматии назорат аз 14 фоиз ба 83 фоиз, аз ҷумла, истгоҳҳои метеорологӣ ба 112, истгоҳҳои тармафароӣ ба 7-то афзуд.
Дар натиҷаи такмили технологияҳои IT, телекоммуникатсия ва фаъолияти инноватсионӣ дар соҳа интиқоли маълумот аз истгоҳҳои автоматии обуҳавошиносӣ дар 10 дақиқа таъмин хоҳад шуд. Дар ҷойҳои аҳолинишин барои мониторинг кардани сифати ҳаво ва визуализатсияи маълумотҳои гидрометеорологӣ геопорталҳои monitor. meteo.uz ва data.meteo.uz роҳандозӣ шудааст.
Дар доираи лоиҳае, ки дар ҳамкорӣ бо Хазинаи байналмилалии «Замин» анҷом мепазирад, дар Қароқалпоқистон, соири вилоятҳо ва шаҳри Тошканд 16 истгоҳи автоматии назорати олудашавии ҳаво насб карда шудааст ва онҳо ифлосшавии ҳаворо ҳамеша таҳти назорат қарор медиҳанд. Соли гузашта дар 6 ноҳияи шаҳри Тошканд ва дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 3 истгоҳи автоматӣ насб карда шуд. Маълумоте, ки аз ин истгоҳҳо гирифта мешавад, бо агентиҳои рейтингии хориҷӣ мубодила карда мешавад.
– Баъзан дар байни мардум пешгӯиҳои «Имсол ҳаво гарм ё сард мешудааст»-ро мешунавем. «Ӯзгидромет» ба ин пешгӯиҳо чи вокуниш нишон хоҳад дод?
– Ин гуна пешгӯиҳо ҳаргиз пояи воқеӣ надоранд, барои ҳамин онро ҷиддӣ қабул намекунем. Зеро тамоми корҳои анҷомдодаи «Ӯзгидромет» ҷанбаи илмӣ доранд ва ҳар гуна овозаҳо ба назари эътибор гирифта намешавад.
– Баъзан ба телефонҳои мо паёмак меояд. Дар он ҳаводиси гуногуни табиӣ пешгӯӣ мешавад ва аз аҳолӣ тақозо мегардад, ки ҳушёриро аз даст надиҳанд.
– Ин паёмакҳо марбути идораи «Ӯзгидромет» нестанд. Ҳарчи аз мо гуфта мешавад, онро мардум метавонанд ҷиддан қабул кунанд.
Суҳбаторо Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».