Сокини ноҳияи Шаҳрихон Дилмурод Аҳмедов дар 12 хол замин гармхонаи замонавӣ бунёд намуда, зиёда аз 100 намуди гулро парвариш мекунад.
Дар вилояти сераҳолии Андиҷон истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин талаби рӯз аст. Аз ин ҷост, ки дар вилоят дар бобати ба даст овардани даромади хуб аз ҳисоби кишти замини наздиҳавлӣ мактаби ба худ хоси таҷриба ташкил карда шудааст.
Сокини ноҳияи Шаҳрихон Дилмурод Аҳмедов яке аз чунин соҳибкорон мебошад. Вай дар 12 хол замин гармхонаи замонавӣ бунёд намуда, зиёда аз 100 намуди гул парвариш мекунад. Маҳсулоти ӯ на танҳо ба бозорҳои вилоятӣ, балки ба бозорҳои ҷумҳуриҳои ҳамсоя низ фиристода мешавад.
Дар айни ҳол соҳибкор дар самти зиёд кардани навъҳои гул ва таъсиси ҷойҳои корӣ кӯшиш дорад.
Суратгир: З.Умурзоқов (ӮзА).