ИФТИТОҲИ ШУЪБАҲОИ НАВИ ЁРИИ ТАЪҶИЛИИ ТИББӢ

Бунгоҳҳои ёрии таъҷилии тиббии "Ӯзбакон"-и ноҳияи Вобканд, "Шехонча"-и ноҳияи Бухоро аз нав бунёд ва баъди муҷаҳҳазгардонӣ ба истифода супорида шуданд.

Бинобар қарори Президенти мамлакат аз 16 июни соли 2022 "Дар бораи такмили минбаъдаи низоми  ёрии таъҷилии тиббӣ ба аҳолӣ" таҳти рақами ҚП-283 бунгоҳҳои ёрии таъҷилии тиббии "Ӯзбакон"-и ноҳияи Вобканд, "Шехонча"-и ноҳияи Бухоро аз нав бунёд ва баъди муҷаҳҳазгардонӣ ба истифода супорида шуд.

Бояд гуфт, ки ин нуқтаҳо ба даҳҳо ҳазор нафар аҳолии деҳаҳои гирду атроф хидмати аввалини тиббии босифат мерасонанд. Ҳамин тариқ дар ноҳияҳои Ғиждувон ва Қаровулбозор низ чунин масканҳои ёрии таъҷилии тиббӣ ба кор даромаданд. Ин нуқтаҳо баробари кумаки тиббӣ ба аҳолӣ, ҳангоми сар задани ҳодисаҳои нақлиётӣ дар шоҳроҳҳои "М-37" ва "А-380" ба ҷабрдидагон ёрии нахустини тиббӣ мерасонанд.

Дар маросими кушодашавии шуъбаҳои ёрии таъҷилии тиббӣ директори Маркази ёрии таъҷилии тиббии ҷумҳурӣ А. Ғафуров, сардори Садорати ҳифзи тандурустии вилоят Э. Олтиев, вакилони ҳокимият, масъулони соҳа ва намояндагони ҷамъиятӣ иштирок карданд.

Ба сухан баромадагон дар бораи ғамхориҳои ҳукумат дар роҳи ҳифзи саломатии аҳолӣ ҳарф заданд.

А. Авезов,

хабарнигори "Овози тоҷик" дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: