Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Санкт-Петербург Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбаева бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ мулоқот анҷом дод.
Дар ин хусус Хидмати матбуоти Сенати Олий Маҷлис хабар дод.
Т.Норбоева Рустами Эмомалиро ба муносибати раиси парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданаш табрик гуфта, изҳори итминон кард, ки ҳамкориҳои сатҳи баланд ва робитаҳои мустаҳкам миёни мақомоти қонунгузории ду давлат дар давраи оянда низ таҳким меёбанд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба муҳокима гардида, зикр гашт, ки пойдевори мустаҳками шарикии стратегии Ӯзбекистон – Тоҷикистон дар асоси ҳамкории наздики роҳбарони ду давлат ва сатҳи волои эътимоди мутақобила рушду тавсеа меёбад.
Нақшаҳои фаъолгардонии ҳамкориҳои байнипарлумонӣ дар робита ба ташаккули ҳайати нави парлумонҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо омодагии худро барои баргузории ҷаласаи гурӯҳи дӯстии “Ӯзбекистон – Тоҷикистон”, аз ҷумла дар рӯзномаи масъалаҳои назорати парлумонӣ аз болои иҷрои тавофуқоти дар сатҳи олӣ ҳосилшуда тасдиқ карданд.
Дар идомаи суҳбат доир ба масъалаҳои умдаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор анҷом дода шуд.