Тавре қаблан хабар дода шуда буд, ҳайати парлумонии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева дар чорабиниҳои ҷаласаи баҳории Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ ширкат дорад.
Ҳайати Ӯзбекистон дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд.
Пеш аз гузаштан ба баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа Раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко, дар баромади худ ба Ассамблеяи 150-умин солгарди Иттиҳоди байнипарлумонӣ, ки дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, таваҷҷуҳ зоҳир намуда, сатҳи баланди ташкилии ин чорабинӣ, маҳорати касбӣ ва масъулияти ҷониби мизбонро дар қабули меҳмонон ва гузаронидани чорабинӣ махсус таъкид намуд ва Танзила Камоловна ва дастаи ӯро бо муваффақона баргузор кардани ин чорабинии бонуфуз табрик гуфт.
Аз тарафи худ, Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева аҳамияти иштироки фаъолонаи ҳайатҳои парлумонии кишварҳои ИДМ, саҳми онҳоро дар ҳуҷҷатҳои қабулшуда ва пешниҳодҳои матраҳшуда зикр намуд. Ӯ инчунин омодагии худро барои ҳамкории минбаъда дар баргузор намудани чунин форумҳои бузурги байналмилалӣ изҳор дошт.
Баъдан, масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа баррасӣ шуданд.
Иштирокчиён ба натиҷаҳои мониторинги интихоботи Президенти Ҷумҳурии Беларус ва интихоботи парлумонии Тоҷикистон тавассути нозирони байналмилалии АБП ИДМ диққати ҷиддӣ доданд.
Аз ҷумла, ҳамоҳангсози ҳайати АБП ИДМ, раиси Кумитаи Сенати Олий Маҷлис оид ба масъалаҳои суду ҳуқуқ ва мубориза бо коррупсия А. Эшмуратов дар бораи натиҷаҳои мушоҳидаи интихоботи парлумонии Тоҷикистон, ки рӯзи 2 марти соли 2025 баргузор гардид, маълумот пешниҳод намуд.
Дар ҷаласаи Шӯро инчунин натиҷаҳои фаъолияти Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар соли 2024 ҷамъбаст гардида, масъалаҳои омодагӣ ба ҳамоишҳои байналмилалии дарпешистода муҳокима шуданд.