Имрӯз дар шаҳри Самарқанд дар доираи раёсати Ӯзбекистон дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ вохӯрии дуюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд.
Чорабинӣ таҳти раёсати Котиби Шурои амнияти назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Виктор Маҳмудов ва бо иштироки Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, Котиби Шурои амнияти Қазоқистон Гизат Нурдаулетов, Котиби Шурои амнияти Қирғизистон Марат Иманқулов ва атташеи ҳарбии Сафорати Туркманистон дар Ӯзбекистон Мейлиса Аннабердиева доир гардид.
Нахуст дар вохӯрӣ муроҷиати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қироат гардид.
Сарвари давлат дар муроҷиати худ таъкид дошт, ки Осиёи Марказӣ имрӯз ба марҳалаи комилан нави рушди худ ворид шуда, ба минтақаи шарикии стратегӣ, ки бар тамоюлҳои ҳамсоягии дӯстона, эътимоди мутақобила ва муколамаи созанда асос ёфтааст, табдил меёбад.
Зикр гардид, ки дар вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо ташаббуси Ӯзбекистон рӯзномаи шарикии минтақавӣ ҷиҳати таҳкими робитаҳои амниятӣ ва тиҷоративу иқтисодӣ, тавсеаи робитаҳои нақлиётӣ ва ҷустуҷӯи якҷояи роҳҳои ҳалли устувори масъалаҳои мубрами мавҷуда ба миён гузошта мешавад.
Дар оғоз котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ аз натиҷаҳои мулоқоти сеҷонибаи Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Қирғизистон Садир Жапаров, ки 31 марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид ва дар доираи он санадҳои муҳими таърихӣ – Шартнома миёни Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ ба имзо расиданд, бо қаноатмандӣ истиқбол намуданд.
Дар вохӯрӣ маҷмуи васеи масъалаҳои амнияти минтақавӣ, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, радикализм ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти экологӣ дар минтақа, инчунин талошҳои муштарак барои таъмини амнияти нақлиётӣ дар Осиёи Марказӣ ва инкишофи иқтидори нақлиётию транзитии он баррасӣ шуданд.
Дар анҷоми нишаст Протоколи Вохӯрии дуюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ қабул гардид, ки татбиқи тадбирҳои мушаххас оид ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки зимни ин чорабинӣ баррасишударо пешбинӣ менамояд.
Қарор дода шуд, ки Вохӯрии сеюми котибони Шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ соли 2026 дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.