ЧОРАҲОИ ТАЪМИНИ УСТУВОРИИ ИҚТИСОДӢ БАРРАСӢ ГАРДИД

18 апрел таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев бахшида ба баррасии чораҳои коҳиши таъсири тағйироти иқтисод, ки дар ҷаҳон мушоҳида мешавад, ба соҳа ва шабакаҳо ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.

Иқтисодиёти Ӯзбекистон ҷузъи ҷудонопазири иқтисодиёти ҷаҳон мебошад. Дар натиҷаи сиёсати оқилонаи хориҷӣ ва фазои мусоиди сармоягузорӣ барои соҳибкорони мо дари бозорҳои нав боз мегардад, намуди маҳсулот меафзояд.

Тибқи таҳлили Донишгоҳи Ҳарвард, дар панҷ соли охир мавқеи Ӯзбакистон дар «шохиси мураккабии иқтисодӣ» 25 зина беҳтар шудааст. Ба 162 намуди маҳсулоти миллии мо чунин арзёбӣ кардаанд, ки «дар бозори ҷаҳон бартарии рақобатпазирӣ доранд».

Дар натиҷаи ин ҳама дар солҳои охир содироти мамлакат 2,2 баробар афзуд. Гардиши савдои хориҷӣ нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 57 дарсад расид. Ин то чӣ андоза аз бозорҳои хориҷӣ вобаста будани иқтисоди моро нишон медиҳад.

Аммо ҳоло ҷаҳон яксон нест. Муносибатҳои тағйирёбанда, тарифҳои гуногун ва маҳдудиятҳо ба дигар давлатҳо таъсири силсиладор мерасонанд, ки боиси суст шудани иқтисоди ҷаҳонӣ ва коҳиши савдои байналмилалӣ мешаванд.

Масалан, дар бозорҳои байналмилалии молӣ дар се-чор рӯз 10 триллион доллар аз даст рафт. Дар натиҷаи баланд шудани тарифҳо ҳаҷми савдои байналмилалӣ 3,5 триллион доллар коҳиш ёфта, 7,5-8 дарсад боло рафтанӣ сатҳи таваррум дар ҷаҳон пешгӯӣ карда мешавад.

Хавфи бузургтарин, чун дар замони пандемия халалдор шудани силсилаҳои таъминот ва арзиш дар саросари ҷаҳон аст. Бахусус, чунин вазъ метавонад ба бахшҳои пешқадам, аз қабили саноати нассоҷӣ, техникаи барқӣ, мошинсозӣ ва хӯрокворӣ, ки дар содироти ҷаҳонӣ саҳми баланд доранд, зарба занад. Дар натиҷа рақобат боз ҳам пурзӯр ва тезу тундтар мешавад.

Сарвари давлат таъкид кард, ки дар чунин шароит мо бояд танҳо ба неру ва имконоти дохилии худ такя карда, қадами далерона гузорем. Зикр гашт, ки роҳбарони ҳар як вазорат, соҳа ва минтақаҳо нақшаҳои дақиқро таҳия карда, шахсан ба истеҳсолот ва содирот машғул шаванд.

Барои ин аз ҷониби давлат чораҳои зарурии ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва амалӣ андешида мешаванд. Бо ин мақсад чанде пеш бо зиёда аз 3000 нафар соҳибкорон мулоқот карда, мушкилот омӯхта шуданд. Масъалаҳои маъмултарин ба низоми стандарт ва сертификатсия марбут буданд.

Дар мамлакат зиёда аз 25 ҳазор стандарт ва 41 регламенти техникӣ ба талаботи бозори байналмилалӣ ҷавобгӯ нестанд. Ин талаботи кӯҳна ва бюрократизм «дастони» соҳибкоронро баста, ба коррупсия роҳ мекушоянд. Амалиёти пайиҳам сертификатсия кардан то ҳол идома меёбад, ки боиси сарсонии одамон мегардад.

Сармоягузорон мегӯянд, ки аксари озмоишгоҳҳои мо ба талабот ҷавобгӯ нестанд, стандартҳои кишварҳои пешрафта бошад, эътироф намешаванд. Ё баръакс, хулосаи лабораторияҳои моро дар хориҷ эътироф намекунанд. Аз ин рӯ, содиркунандагон барои гирифтани сертификат ба давлатҳои хориҷӣ намуна мефиристанд.

Дар низоми мавҷуда мақомоти сертификатсия назорати бозорро низ анҷом медиҳанд, ки боиси бархӯрди манфиатҳо мегардад.

Дар ҷамъомад эълон шуд, ки бар асоси таҳлили чунин мушкилот ва пешниҳодҳои соҳибкорон фармони Президент дар бораи ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкорӣ, афзунсозии самаранокии сиёсати савдо ва саноат ба имзо расидааст.

Дар ин фармон ваколатҳои идораҳои танзимоти техникӣ, санитарию эпидемиологӣ, байторӣ, карантин оид ба тақдими хулоса ба маҳсулот дақиқ муайян карда шуданд. Тартиботи такрорӣ ва пайиҳам тадриҷан бекор карда мешавад.

Масалан, бо назорати сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ танҳо Кумитаи бехатарии санитарию эпидемиологӣ ва саломатии ҷамъиятӣ машғул мегардад. Регламентҳои техникӣ ва стандартҳои ҳатмӣ барои хӯрокворӣ бекор карда мешаванд. Қоида ва меъёрҳои санитарии маҳсулоти асосии хӯрокворӣ ба низоми стандартҳои байналмилалӣ – «Кодекс Алиментариус» ҳамоҳанг мегарданд. Инчунин, амалиёти барӯйхатгирии давлатии маҳсулот дар 7 гурӯҳи молҳои дорои сатҳи баланди хатар бекор карда мешавад.

Номгӯи молҳое, ки барои онҳо сертификатсия ҳатмӣ аст, ихтисор гардида, амалиёти эъломияи мувофиқати маҳсулот ҷорӣ карда мешавад. Дар воридоти асбобу таҷҳизот, ашёи хом, техникаи махсус, нақлиёт меъёрҳои низоми сифат ва назорати хориҷӣ, ки дар мамлакати мо эътироф мешаванд, таҳия мегарданд. Барои воридоти онҳо сертификати миллӣ талаб карда намешавад.

Зарурати қабули Қонун «Дар бораи назорати бозор», ки ин тартиботро фаро мегирад, таъкид карда шуд.

Зикр гашт, ки баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳо барои соҳаҳои стандартизатсия, санитарию эпидемиологӣ ва карантин зарур аст.

Дар ҷамъомад ба масъалаҳои боз кардани роҳ барои корхонаҳои маҳаллӣ, афзунсозии истеҳсолот ва содирот диққати махсус дода шуд.

Дар асоси фармони зикршуда, акнун тартиби муайян кардани арзиши гумрукии маҳсулоти воридотӣ комилан ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ карда мешавад.

То ҳоло дар содироти баъзе молҳо, ки дар бозорҳои қимат талабот зиёд аст, маҳдудият вуҷуд дошт. Акнун, аз 1 июл сар карда, бар содироти ягон маҳсулот маҳдудият гузошта намешавад. Танҳо барои ашёи хом ва маҳсулоти дорои аҳамияти баланди иҷтимоӣ, ки ба 86 гурӯҳи мол дохил мешаванд, боҷҳои содиротӣ гузошта мешавад.

Солҳои охир дар саноати маҳаллӣ мавқеи маҳсулоти қаннодӣ ва нӯшокиҳои сард афзуд. Дастгирии ин шабакаҳо низ муҳим аст. Аз ин рӯ, андози аксизӣ аз шакар бекор карда мешавад. Маҳдудиятҳо дар воридоти шири хушк низ бекор мегарданд.

Дар натиҷа, гардиши солонаи корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ва нӯшокиҳои сард, ки қариб 40 ҳазор одамон кор мекунанд, камаш ба 50 триллион сӯм мерасад.

Дар ҷойҳо шӯроҳои маҳаллӣ барои пардохти андози замин ва иҷора то 2 баробар коэффитсиенти афзоянда мегузоранд. Лекин таъсири инро ба тиҷорат омӯхта, зарурати ба инобат гирифтани имконияти соҳибкорон ёдовар гардид.

Баръакс, агар ба онҳо сарбориро кам намуда, фаъолияташон васеъ карда шавад, даромади буҷа меафзояд. Акнун ба соҳибкорон низ иҷозат дода мешавад, ки ин андозҳоро дар як сол ба ду тақсим карда супоранд.

Ба мутасаддиён супориш дода шуд, ки ҷиҳати ба марҳилаи нав бардоштани сиёсати андозу гумрук ва маъмурият бо ҷалби олимону соҳибкорон пешниҳодҳо омода намоянд.

Таъкид гардид, ки Сарвазир ва муовинони ӯ, вазирон ва ҳокимон бо истеҳсолкунандагон ва содиркунандагон доим дар мулоқот бошанд, ҳеч як муроҷиат беэътибор намонад ва зуд ҳал карда шавад.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: