ОИД БА ЛОИҲАҲО ДАР СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКАИ МУҚОБИЛ МАЪЛУМОТ ДОДА ШУД

Ба Президент Шавкат Мирзиёев дар бораи рафти иҷрои вазифаҳо дар соҳаи энергетика ва татбиқи лоиҳаҳои нав маълумот дода шуд.

Ба мақсади қонеъ гардондани талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ба захираҳои энергетикӣ ҳар сол лоиҳаҳои зиёд амалӣ мешаванд. Дар натиҷаи ин талошҳо дар панҷ соли охир ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ 30 фоиз афзуда, ба 81,5 миллиард киловатт-соат расид.

Мувофиқи ҳисобу китоб то соли 2035 истеъмоли неруи барқ дар кишвар 121 миллиард киловатт-соатро ташкил хоҳад дод. Ба ин муносибат ҳанӯз аз имрӯз оид ба рушди тамоми самтҳои энергетика чораҳо андешида мешаванд.  То соли 2030 то ба 54 фоиз расондани ҳиссаи энергетикаи «сабз» дар ҳаҷми умумии тавлид  ба нақша гирифта шудааст.

Самтҳои умедбахши ин соҳа гидроэнергетика ва энергетикаи атомӣ маҳсуб меёбанд.

Аз ҷумла дар солҳои 2025-2026 бунёди 2 983 неругоҳи хурди барқи обӣ бо иқтидори умумии 167 мегаватт ба нақша гирифта шудааст. Ин иншоот имкон медиҳад ҳар сол 500 миллион киловатт-соат неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол ва 151 миллион метри мукааб гази табиӣ сарфа карда шавад. Дар марҳилаи сохтмон 1200 нафар ва пас аз ба истифода додани иншоот 520 корманди доимӣ ба кор ҷалб карда мешаванд.

Вазири энергетика дар бораи лоиҳаҳое, ки барои соли равон ба нақша гирифта шудаанд, маълумот дод. Соли ҷорӣ ба истифода додани 1 185 неругоҳи хурди барқии обӣ бо иқтидори умумии 65 мегаватт ба нақша гирифта шудааст, ки қисми зиёди он аз ҷониби соҳибкорон амалӣ мешаванд.

Инчунин дар оянда истифодаи энергетикаи атомӣ ҳамчун яке аз манбаъҳои асосӣ низ дар назар аст. Айни ҳол корҳо бобати лоиҳаи сохтмони неругоҳи хурди атомӣ идома доранд. Тамоми марҳилаҳо – аз тарҳрезӣ то ба истифода додан – таҳти назорати қатъии агентии байналмилалии неруи атомӣ (МАГАТЭ) бо истифодаи таҷрибаҳои беҳтарини ҷаҳонӣ ва талаботи бехатарӣ амалӣ хоҳанд шуд.

Роҳбари агентии «Ӯзатом» дар бораи созишномаҳои бадастомада, ҷараёни музокирот ва татбиқи лоиҳа маълумот дод.

Оиди сари вақт ба истифода додани объектҳо ва бо энергияи иловагӣ таъмин кардани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиёт супоришот дода шуданд.

 

ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: