БУНЁДИ ШАҲР БА НОМИ БОБУР НА ТАНҲО ЯК ЛОИҲАИ ШАҲРСОЗӢ, БАЛКИ ОРЗУИ МИЛЛИОНҲО ИНСОНҲО АСТ

"Суханронии Президенти Ӯзбекистон дар Андиҷон ва пешниҳоди ӯ дар бораи сохтмони шаҳри нав бо номи Бобур дар Покистон акси садои зиёд ба бор овард".

Рухсана Ифтихор (Покистон), директори Маркази мероси Бобури назди Донишгоҳи Панҷоб дар мусоҳиба бо агентии иттилоотии «Дунё» дар бораи ташаббуси президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҷиҳати Бобур номгузорӣ кардани шаҳраки Андиҷони Нав изҳори назар кард:

– Суханронии Президенти Ӯзбекистон дар Андиҷон ва пешниҳоди ӯ дар бораи сохтмони шаҳри нав бо номи Бобур дар Покистон акси садои зиёд ба бор овард. Ин на танҳо як ташаббуси шаҳрсозӣ, балки орзуи миллионҳо одамонест, ки бо шахсияти бузурги Бобур пайванди таърихию фарҳангиро эҳсос мекунанд.

Ман ҳамчун муаррих аз ин воқеа хеле мутаассир шудам. Бобур барои Покистон на танҳо асосгузори як сулолаи бузург, балки тимсоли фарҳангӣ, қаламкаш ва соҳиби афкори фалсафӣ мебошад. Номи ӯ бо завқи тоза ба адабиёт, муҳаббат ба табиат, шеър ва меъморӣ алоқаманд аст. Бинобар ин, бунёди шаҳр бо номи Бобур на танҳо як чорабинии хотира, балки ифодаи муколамаи пурқуввати Ӯзбекистон ва Осиёи Ҷанубӣ дар асоси эҳтиром ба мероси муштарак мебошад.

Қарори Президенти Ӯзбекистон дар бораи ба маркази санъати амалии халқӣ табдил додани амфитеатри шаҳри Андиҷон  низ сазовори диққати махсус аст. Бовар дорам, ки он бобати ба ҳам наздик кардани маданияти халқҳо  ба платформаи муҳим табдил меёбад. Фикр мекунам, ки мусаввирони покистонӣ аз ширкат дар фестивалҳо ва лоиҳаҳои эҷодӣ, ки дар ин фазои беназир баргузор мешаванд, шод хоҳанд шуд.

Ӯзбекистон бори дигар собит кард, ки нигоҳи худро на танҳо ба гузашта, балки ба оянда низ равона кардааст. Эҳёи хотираи Бобурро дар Андиҷон, ки дар он ҷо таваллуд шудаву ба воя расидааст, метавон чун адолати таърихӣ ва ҳамзамон ба сифати даъват ба муколама арзёбӣ кард. Мо дар Покистон ин ташаббусро аз таҳти дил эътироф мекунем ва умед дорем, ки он ба вусъати мубодилаи фарҳангӣ ва илмии байни мамлакатҳоямон такон мебахшад.

АИ “Дунё”,

ш.Лоҳур.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: