Имрӯз дар Қасри эҷодии ҷавонони шаҳри Тошканд бахшида ба ташкил ва баргузории интихоботи раиси маҳаллаҳо, ки дар моҳҳои май-июл баргузор мегардад, нишасти матбуотӣ гузаронида шуд.
Масъулони Иттиҳоди маҳаллаҳои Ӯзбекистон, роҳбарони садорат ва шуъбаҳои минтақавии иттиҳод, намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирокдорони чорабинӣ буданд.
Нишасти матбуотӣ бо пахши Суруди миллӣ ва тақдими навори махсуси иттиҳод оғоз гардид.
Сипас, муовини аввали сарвари Иттиҳоди маҳаллаҳои Ӯзбекистон, роҳбари ситоди кумакрасон барои гузаронидани интихобот Ҷавдатхон Иноғомов дар бораи корҳое, ки бобати таҳкими нақши маҳалла дар ҷамъият, рушди тадриҷии ин сохтор, васеъ кардани имкониятҳои молиявии он, инчунин, роҷеъ ба раванди корҳои омодагӣ барои гузаронидани интихоботи раиси маҳаллаҳо ҳарф зад.
– Соли ҷорӣ интихоботи раиси маҳаллаҳо дар асоси тағйирот ва иловаҳое, ки ба қонун “Дар бораи интихоботи раиси ҷамоати шаҳрвандӣ” ворид карда шудааст, гузаронида мешавад, - гуфт Ҷ.Иноғомов. – Инчунин, дар таърихи мамлакати соҳибистиқлоли мо бори аввал дар асоси тамоюлҳои демократӣ, тибқи принсипҳои рӯшодӣ, ошкороӣ, ифодаи озоди хоҳиш ва иродаи шаҳрвандон доир мегардад.
Зикр гашт, ки дар 14 минтақа ва 208 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ комиссияҳои кумакрасон ҷиҳати ташкил ва баргузории интихоботи раиси маҳаллаҳо ташкил гардида, бо қарори онҳо миқдори вакилони 9452 маҳалла муайян карда шуд. дар раванди интихобот иштироки 2 миллиону 591 ҳазору 823 нафар вакилон пешбинӣ шудааст.
Дар идома нишони расмӣ ва шиорҳои компанияи интихобот низ муаррифӣ гардид.
Тафсилоти чорабиниро метавонед дар шумораи навбатии рӯзнома мутолиа кунед.
Ф.ЙӮЛДОШЕВ.