НАМОИШГОҲИ «ҲИФЗИ ТАНДУРУСТӢ – TIHE 2025» БАРГУЗОР ШУД

Дар маркази намоишгоҳи байналхалқии «CAExUzbekistan» чорабиниҳои намоиши байналхалқии Тошканд-29, «Ҳифзи тандурустӣ – TIHE 2025» баргузор шуд.

Намоишгоҳи мазкур чорабинии бузурги байналхалқӣ дар бахши технологияи пешқадам, асбобу ускунаҳои ташхисгузории дақиқ, таҷҳизоти муосири тиббӣ дар соҳаи тиб маҳсуб мешавад.

Намоишгоҳ аз 23 мамлакат беш аз 400 ширкат ва брендро муттаҳид сохт. Ширкатҳои пешбари ИМА, Олмон, Туркия, Ҷопон, Ҷумҳурии Корея, Чин, Итолиё, Қазоқистон, Русия, Ҳиндустон аз он ҷумлаанд. Кишвари Чин (116 ширкат), Корея (16 ширкат), Туркия (8 ширкат), Олмон (12 ширкат) фаъол буданд.

Теъдоди ширкатҳои маҳаллӣ низ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Иштироки онҳо имсол 24 фоизро ташкил дод.

Аксбардор: А. Алиҷонов (ӮзА). 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: