ЗАМИНИ НАЗДИ ҲАВЛӢ – МАНБАИ ДАРОМАД

Сокини ҷамоаи шаҳрвандони овули «Оқ олтин»-и ноҳияи Амударёи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон – Янгибой Қурбонниёзов аз нафаронест, ки фаъолияти меҳнатиашро ба соҳаи роҳи оҳан бахшидааст.

Ҳоло дар чор хол гармхонаи назди ҳавлиаш бо парвариши картошкаи навъи хориҷӣ машғул аст. Дар гармхона, баъд аз ғундоштани ҳосил, сабзӣ, кориданист. Дар баробари ин, дар як холи боқимонда мехоҳад, карам ва дигар маҳсулоти полизӣ парвариш намояд.

Янгибой, ба ҷуз ин, берун аз гармхона, дар беш аз 4 холи замини назди ҳавлӣ карам ва боимҷон кошта, ҳосили дилхоҳ рӯёнд.

Бале, ҳоло дар кишварамон инсонҳое, ки мисли Янгибой Қурбонниёзов аз паси меҳнат ва чашмикордонӣ даромади зиёд ба даст меоваранд, кам нестанд.

 

Аксбардор: М. Ҳабибуллоев (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: