Чӣ тавр нуқтаҳои фурӯши маводи нафту газ ё сӯзишвории автомобилҳо метавонанд ойинаи кишвар бошанд? Мо ҷавоби ин суолро зимни як чорабинӣ пайдо намудем, ки бо ибтикори Кумитаи сайёҳии Вазорати экология, муҳити зист ва тағйирёбии иқлими ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Барои он ки нахуст муштарии рӯзномаро бо моҳияти мавзӯъ ошно кунем ва баъдан ба тафсилоти он пардозем, зикри ҳамин нуктаро ҷоиз мешуморем, ки сарсабзу хуррамии нуқтаҳои фурӯши сӯзишвориро ғайр аз шаҳрвандони кишвар, меҳмонони сатҳи гуногун ва сайёҳони зиёд низ мебинанд.
Хушбахтона, саворони мошинҳо аз манзараи дилфиреби он баҳра мебаранд, аз ташноби замонавӣ ва дорои тамоми шароити нуқтаҳо истифода мекунанд, аз дӯкон об ё ягон намуди ғизо мехаранд, ё андак роҳ рафта, пойҳояшонро ба ҳаракат медароранд. Ҳамаи ин бар асоси қарори Девони Вазирон аз 21 сентябри соли 2019 таҳти рақами 793 «Дар бораи чораҳои рушди минбаъдаи инфрасохтори канори роҳҳо ва сайёҳӣ» мавриди иҷро қарор дода шудаанд.
Кумитаи сайёҳӣ ҳайатеро таъсис додааст, ки аъзоёни он беҳтарин нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории бензин, пропан ва метанро дар соли 2024 муайян намуданд. Дар ин раванд онҳо ба сатҳи сарсабзу хуррамии ҳудуд, инчунин дар ихтиёри мизоҷон гузоштани ташноб ё ҳоҷатхонаҳо барои мардону занон ва маълулон, дӯконҳои ғизофурӯшӣ ва ҷойи дамгирии муваққатӣ ва амсоли он эътибор доданд. Зеро самти афзалиятноки фаъолияти ин нуқтаҳо ба он равона карда шуд, ки дар рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ ва зиёд намудани ҳиссаи сайёҳӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии минтақаҳо то чи ҳад нақши муассир бозида метавонанд.
Гузашта аз ин, афзунсозии теъдоди сайёҳон ба кишвар зарурати сохтан ва ба истифода додани иншооти санитарию гигиении давлатиро низ тақозо менамояд, ки ба талаботи замон ҷавобгӯ бошад. Ҳамвора ба маълӯлон дар мавзеъҳои сайёҳӣ ва қад-қади шоҳроҳҳои минтақаҳои кишвар шароит фароҳам оварда шавад. Гуфта мешавад, инҳо масъалаҳое мебошанд, ки иҷрояшон таъхирнопазир аст ва таваҷҷуҳи бештарро тақозо менамояд.
Раиси Кумитаи сайёҳии Вазорати экология, муҳити зист ва тағйирёбии иқлим Умед Шодиев дар чорабинии қадршиносии нуқтаҳои фурӯши беҳтарини бензин, пропан ва метани шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд изҳор намуд, ки ташаббуси кумитаро тамоми ҳокимиятҳои маҳаллӣ, вазорат ва идораҳои марбута ҳамовозӣ карданд, дар натиҷа вазъияти вобаста ба таъмини ҳолатҳои санитарӣ-гигиенӣ хеле беҳтар гардид.
– Дар давоми солҳои 2017-2025 дар саросари ҷумҳурӣ зиёда аз 10 ҳазор иншооти санитарию гигиенӣ мутобиқи талаботи замон азнавсозӣ ва таъмир шуданд. Қариб 50 фоизи он дар ҳамаи нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ барои мошинҳо мавриди иҷро қарор гирифт. Инчунин, Кумитаи сайёҳӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 50 стансияҳои намунавии санитарию гигиенӣ сохта, тибқи шартҳои шарикии давлатии иҷтимоӣ ба ихтиёри субъектҳои хоҷагидорӣ тақдим намуд, – изҳор кард Умед Шодиев.
Зикр гашт, дар замони қабули қарори Девони Вазирон ҳамагӣ 20 дарсади нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буданд ва дар натиҷаи талошҳои муштарак ин рақам ҳоло ба беш аз 95 фоиз расид.
Дар асоси қарор ба соҳибони тамоми намуди сӯзишворӣ имконият дода шуд, ки аз ҳисоби хидматрасонии савдо ва маишӣ ба аҳолӣ, гардиши истифодабарандагонро васеъ намоянд, нуқтаҳои асосии фурӯши хӯрокворӣ ташкил кунанд.
Дар натиҷа дар ҳудуди 2,9 ҳазор нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 1,7 ҳазор нуқтаи хидматрасонии маишӣ қариб 550 адад нуқтаи хӯрокворӣ ва ҳазор нуқтаи бепули Wi-Fi ташкил гардида, беш аз 1,5 ҳазор нафар шахсони камбизоат ва маъюбон бо ҷойи кор таъмин шуданд.
– Мо солҳои 2020-2021 барои беҳтаринҳо ҷоизаҳо таъсис додем ва онро намояндагони соҳа хуш пазируфтанд. Ҳатто ин корамон боиси ба вуҷуд омадани рақобати солим байни онҳо гардид ва барои боз ҳам беҳтар шудани сифати хидматрасониҳои иловагӣ мусоидат кард. Аз ҳар минтақа яктои беҳтарин нуқтаи фурӯши бензин, пропан ва метанро интихоб намудем. Солҳои 2022-2023 маросими ҷоизасупорӣ бо сабабҳои гуногун баргузор нашуд, аммо ҳангоми пурсишҳо дар соли 2024 шумораи зиёди соҳибкорон ва соҳибони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ идома додани ин ташаббусро ҷонибдорӣ карданд, – гуфт У. Шодиев.
Натиҷагириҳо маълум намуданд, ки аз рӯи номинатсияҳои «Беҳтарин нуқтаи фурӯши гази метан», «Беҳтарин нуқтаи фурӯши гази пропан» ва «Беҳтарин нуқтаи фурӯши бензин» ҷойҳои ифтихориро Ҷамъияти саҳҳомии масъулияташ маҳдуди «Давр оша»-и шаҳри Гулистони вилояти Сирдарё, Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «ГАЗОНЕ РЕТАЙЛ»-и ноҳияи Пискенти вилояти Тошканд ва Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «СЕГ ТАСCО»-и ноҳияи Бектемири шаҳри Тошканд гирифтанд. Ба роҳбарони он ҳайкалчаи рамзӣ ва ташаккурнома супорида шуд.
– Дар ҳақиқат, зиёд кардани шумораи чунин нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, ки барои сабзу хуррам ва тоза нигоҳ доштани муҳити зист, беҳтар шудани вазъияти экологии мамлакатамон саҳм мегузоранд, талаби замон мебошад. Онҳое, ки дар ин самт меҳнати пурсамар анҷом медиҳанд, ҳатман эътироф ва соҳиби мукофотҳо хоҳанд шуд, – гуфт Умед Шодиев.
Маросими мазкур бо баромади дастаҳои ҳунарӣ ва гурӯҳҳои раққосони моҳир ба фарҷом расид.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».