Соли 2025 дар ҷумҳурии мо Соли ҳифзи муҳити зист ва иқтисодиёти «сабз» эълон гардид, ки ин ҷиҳати ҳифзи захираҳои табиӣ ва гуногунии биологӣ аҳамияти бузург дорад.
Бояд гуфт, ки математика гоҳо ҳамчун фанни абстракт эътироф гардида, дар соҳаи экология нақши ғайричашмдошт, вале муҳимро соҳиб мегардад. Ҳоло дар назди кафедраи «Математика ва фанҳои табиӣ дар таълими ибтидоӣ»-и Донишгоҳи давлатии педагогии Чирчиқ маҳфили илмии «Экоматематика» фаъолият дорад, ки маҳз бо мақсади бозомӯзии робитаи байни математика ва экология ташкил гардидааст. Яъне дар рафти машғулот ба иштирокдорон фаҳмонида мешавад, ки математика дар экология чӣ гуна татбиқ мегардад, ҳифзи муҳити зист барои аудиторияи васеъ чӣ хел аҳамият дорад?
Экологияи математикӣ як бахши математикаи амалӣ буда, ба эҷоди моделҳо барои омӯзиши динамикаи популятсия, ҷомеа ва экосистема мусоидат мекунад. Дар ин моделҳо муодилаҳо, аз қабили дифференсиалӣ ё стохастикӣ барои пешгӯии рафтори намудҳо дар шароити гуногун истифода мешаванд. Масалан, онҳо барои дарки он, ки популятсияҳо бо даррандаҳо чӣ гуна афзоиш меёбанд, рақобат мекунанд ё ҳамкорӣ менамоянд, кӯмак мекунанд. Мувофиқи мақолае, ки дар шабакаи сайти MDPI (ношири маҷаллаҳои дастрасии кушод) эълон шудааст, моделсозии математикӣ бинобар мураккаб будани экосистема, ки дар он анҷом додани таҷриба дар аксар маврид ғайриимкон аст, дар ин ҷода нақши калидӣ мебозад. Ин ба экологҳо имкон медиҳад, ки фарзияҳоро санҷанд ва стратегияҳои идоракуниро таҳия кунанд.
Аз ин рӯ, дар лоиҳаҳои воқеии ҳифзи табиат аз моделҳои математикӣ бисёр истифода мебаранд. Яке аз намунаҳои барҷаста ин Протоколи афзалиятноки лоиҳаҳо (PPP) мебошад, ки соли 2008 аз ҷониби муҳаққиқони Маркази гуногунии биологӣ ва илми ҳифз (CBCS) дар ҳамкорӣ бо Департаменти ҳифзи табиати Зеландияи Нав таҳия шудааст.
PPP муодилаеро истифода мебарад, ки арзиш, фоида (аз ҷумла, арзиши намуд) ва эҳтимолияти муваффақияти лоиҳаро ба назар мегирад. Масалан, дар Зеландияи Нав, дар тӯли 6 соли истифодаи PPP, ба туфайли тақсимоти самараноки маблағ, намудҳои бештар аз равишҳои анъанавӣ нигоҳ дошта шуданд.
Мисоли дигар тадқиқотест, ки дар Оксфорд гузаронида шудааст. Дар он усулҳои математикӣ, аз ҷумла топология ва геометрия барои таҳлили маълумоти камераҳои махфӣ дар Борнеои Индонезия истифода шудаанд. Ин барои фаҳмидани тақсимоти намудҳо, чун орангутан, паланг ва таҳияи стратегияҳо барои ҳифзи муҳити зисти онҳо кӯмак кард.
Бартарияти дигари истифодаи моделҳои математикӣ дар он аст, ки барои пешгӯии паҳншавии намудҳои инвазивӣ мусоидат мекунад ва дар идоракунии экосистемаҳо кӯмак мерасонад. Масалан, моделе, ки дар Дания таҳия гардид, барои наҷоти намудҳои нодир бо пешгӯии хатари нобудшавии онҳо кӯмак кард.
Маҳфили илмии «Экоматематика» бобати маъмул гардонидан ва рушди ин соҳаи бисёрҷанба нақши муҳим мебозад. Ин маҳфил омӯзгор ва донишҷӯёнеро, ки ба таҳлили мушкилоти экологӣ, аз ҷумла ба модели популятсия ё таҳлили маълумот ҷиҳати ҳифзи намудҳо бо истифода аз математика таваҷҷуҳ доранд, ба ҳам овардааст. Маҳфил барои омода кардани мутахассисоне хидмат мекунад, ки онҳо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҳифзи табиат, махсусан дар заминаи Соли ҳифзи муҳити зист ва иқтисодиёти «сабз» метавонанд усулҳои миқдориро истифода намоянд. Барои арзёбии таъсири тағйирёбии иқлим ба экосистемаҳои маҳаллӣ моделҳоро таҳия кунанд.
Бояд гуфт, ки бо тақозои шароит ва афзудани мушкилоти экологӣ дар ҷаҳон, торафт талаб ба моделҳои математикӣ меафзояд. Зеро онҳо барои қабули қарорҳои саривақтӣ бо захираҳои маҳдуд кумак мерасонанд ва дар соҳаи ҳифзи табиат навгониҳоро ба миён меоранд.
Математика ва экология соҳаҳои ба ҳам алоқаманданд. Хубтар омӯхтани ин ду фан барои ба таври назаррас беҳтар гардидани талошу кӯшишҳои мо дар самти ҳифзи муҳити зист хидмат мекунад. Ҳоло дар ин самт корҳои шоён анҷом ёфта, барои нигоҳ доштани гуногунии биологӣ ва идораи самараноки захираҳо аз моделҳои математикӣ, чун афзоиши логистикӣ, модели Лотка-Волтер ва PPP истифода мебаранд.
Умед дорем, ки шунавандагони маҳфили илмии «Экоматематика»-и назди кафедраи мо дониши худро дар ин ҷода таҳким бахшида, бо таҳқиқот ва корҳои илмии худ барои рушди соҳа дар мамлакат саҳм мегузоранд ва дар ҷодаи ҳифзи табиат, ҳалли мушкилоти глобалии экологӣ лоиҳа ва ғояҳои нав ба навро татбиқ месозанд.
С.ИМОМБЕРДИЕВ,
устоди кафедраи математика ва фанҳои табиӣ дар таълими ибтидоии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ.