ЛАҲЗАҲОИ РАНГИНИ ҲАЁТ

Ба қарибӣ китоби Муқимҷон Орифӣ бо номи «Меъмори қалбҳо ё худ маскани маърифат» дар нашриёти «Mahorat»-и шаҳри Самарқанд рӯйи чопро дид.

Хушбахтона, солҳои охир ҷевонҳои китоби моро китобҳои тозаи хонданӣ пур мекунанд. Ба қарибӣ китоби Муқимҷон Орифӣ бо номи «Меъмори қалбҳо ё худ маскани маърифат» дар нашриёти «Mahorat»-и шаҳри Самарқанд рӯйи чопро дид.

Тавре ки дар сарсухани китоб узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Маликаи Бахтиёр мегӯяд: «Китоби мазкури Муқимҷон Орифӣ хотираҳои айёми мактабхонӣ ва воқеа-ҳои муҳими зиндагии муаллифро дар бар мегирад. Муаллиф дар он лаҳзаҳои рангини ҳаёти худ, хусусан давраи мактабии худро бо муҳаббат нақл мекунад».

Инчунин, дар китоб шеърҳои пурмазмуни Ориф Гулханӣ ва Олимҷон Орифӣ бо ду забон ҷой дода шудаанд, ки ба асар мазмуну муҳтавои бештар мебахшанд. Дарвоқеъ, мақолаҳои шавқовари ҳамсинфи муаллиф Гулчеҳра Ҳалимова низ ҳастанд, ки доир ба фаъолияти муаллими нахустинашон Муҳаббат Одилова ва хислатҳои неку роҳбарии Муқимҷон Ори-фӣ ҳикоя мекунанд.

Далер Азизов,

хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: