Ин панҷумин маҷмӯаи адибаи ҷавони боиқтидор ва ҷӯянда Маликаи Бахтиёр аст. Китоб аз ҷониби нашриёти «Fan ziyosi»-и шаҳри Тошканд бо теъдоди 1000 нусха рӯйи чопро дидааст.
Мушоҳидаи ҳаёти ҳаррӯзаи кӯдакон барои нависандагон кони мав-зӯст. Фақат гуфтору рафтори пур аз лутфи беғашу гуворои онҳоро дар боғчаву хона ба риштаи тасвир кашидан аз нависанда маҳорати хубро тақозо мекунад. Нависандаи ҷавон Маликаи Бахтиёр дар натиҷаи мушоҳидаву омӯзиш дар ин бобат як силсила ҳи-кояҳои пур аз лутфу назокат навиштааст, ки барои хурду калон аҳамияти калони ахлоқиву тарбиявӣ доранд.
Маҷмӯа ҳикояҳои дар мавзӯъҳои дӯстӣ, ишқ, ватандӯстӣ, меҳру самимият, эҳтироми падару модар, гиромӣ доштани зан, тараннуми дӯстии халқҳо, панду ҳикмат ва ғайра навиштаи муаллифро дар бар мегирад. Онҳо хонандаро ба омӯхтани илму дониш ва саҳм гузоштан ба рушди равнақи Ватан даъват менамоянд.
Дар ҳар сурат маҷмӯаи нави муаллиф қалби хонандагони ташнаро то андозае забт менамояд.
Далер Азизов,
хабарнигори «Овози тоҷик».