ОМӮЗГОРИ ДИЛБАСТАИ САНЪАТУ ҶИЛОИ РАНГҲО

Ҳар инсон бо рафтор, гуфтор ва кирдори хоси худ як олами беҳудуду нотакрорро мемонад ва маҳз аз рӯйи ҳамин меъёрҳои шинохт ба инсон баҳо медиҳанд. Омӯзгори ботаҷриба, инсони хоксору ботамкин, марди кордон Шӯҳрат Азизов аз он гурӯҳи инсонҳое мебошад, ки бо рафтор, гуфтор ва кирдори писандидаи худ ба номи нек сазовор шудааст ва дар ҷомеа мавқеи хешро пайдо кардааст.

Шӯҳрат Азизов 20 апрели соли 1974 дар ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё дида ба дунё кушодааст. Таҳсилоти ибтидоиро дар мактаби ҳамагонии рақами 10-уми зодгоҳ гирифтааст. Аз хурдсолӣ зеҳни тез дошт ва ҳамеша барои омӯхтани асрори илму дониш талош мекард. Бахусус, расмкаширо дӯст медошт. Бо гузашти солҳо муҳаббаташ ба ҷилои рангу тасвирҳо меафзуд. Падараш Шарифбой ва модараш Ҳалимамомо ҳаваси писарашонро ба мусаввирӣ пай бурда, бо ҳам маслиҳат карданд, ки нури дидаи худро дар самти санъати тасвирӣ мехононанд. Азбаски ҳар ду мутаҳассили Донишгоҳи давлатии Хуҷанд буданд, ҳуҷҷатҳои Шӯҳратро ҳам баъди хатми мактаб ба факултаи рассомӣ ва графикаи ин донишгоҳ супориданд.

Шӯҳрат аз имтиҳони қабул сарбаландона гузашта, донишҷӯ шуд. Ҳангоми таҳсил аз Аҳмад Хӯҷаев, Озод Исломов, Саид Олов ва Гулчеҳра Ҷалилова барин мусаввирони номдор асрори расмкаширо бештару беҳтар омӯхт. Донишгоҳро бо сари баланд хатм карда, фаъолияти меҳнатии худро дар мактаби зодгоҳ сар кард. Якҷоя бо устодоне, ки аз онҳо илму дониш омӯхта буд, кор пеш бурд.

Инак, Шӯҳрат Азизов 30 сол ин ҷониб дар мактаби рақами 34-уми ноҳияи Сайҳунобод касби авлодиро идома медиҳад ва пайваста барои такмили донишу маҳорати худ дар ҷодаи санъати тасвирӣ омӯхтани навгониҳои соҳа талош мекунад. Ин аст, ки ҳоло дар ноҳия танҳо ду нафар омӯзгори фанни санъати тасвирӣ соҳиби тоифаи олӣ бошанд, яке аз онҳо Шӯҳрат Азизов мебошад.

Ин муаллими заҳматписанду меҳнатдӯст доим ҳаракат мекунад, ки ҳар як соати дарсиро бо омодагии хоса ва меҳру самимият гузарад. Натиҷаи чунин талошу ҳаракатҳост, ки шогирдонаш дар олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои гуногуни расмкашӣ фаъол иштирок мекунанд ва чанде аз онҳо ба комёбиҳо низ сазовор шудаанд. Илова бар ин, муаллим дар дили шогирдони зиёди худ тухми муҳаббат ба мусаввириро коштааст, ки чанде дар ин самт таҳсили илм менамоянд. Маҳтоб Қаҳҳорова аз ҷумлаи чунин шогирдони ӯст, ки дар самти санъати тасвирӣ мехонад.

– Санъати тасвирӣ дар маданияти Шарқ бо хусусият ва ҷозибаи махсусаш бартарӣ дорад. Дар сарзамини мо аз қадимулайём бисёр хаттотону мусаввирони моҳир ба камол расидаанд. Онҳо бо ҳусни хати зебову хушхони худ барои ба хонадону ҷевони китобҳои мардум ворид шудани бисёр девонҳои нодиру асарҳои машҳури таърихӣ саҳм гузоштаанд. Солҳои охир эътибор ба омӯзиши асарҳои ноёб, эҳёи дубораи осори мусаввирони бузург афзуд, ки ин илҳомбахши кору фаъолияти мо мегардад. Ҳамзамон ҷиҳати кашфи истеъдодҳои нав, дастгирии онҳо, пурмазмун гузаронидани вақти холии ҷавонон шароит ва имкониятҳои хуб фароҳам мешавад. Моро зарур аст, ки бо истифода аз имконоту имтиёзот ба шогирдон таълими хуб диҳем. Чунки муаллими воқеӣ дар баробари соҳибхираду соҳибтаҷриба будан, бояд шогирдони худро дӯст дорад. Ҳаракат кунад, ки барои онҳо дониши нав омӯзад, – мегӯяд Ш. Азизов.

Шӯҳрат табиатан инсони хоксор ва самимӣ мебошад. Мутолиаи осори ниёгонро дӯст медорад ва дар раванди дарсҳо низ аз панду андарзҳои бузургон фаровон истифода мебарад. Доим талош мекунад, ки бо ҳама муросову мудоро намояд.

Ин марди ҳалиму дидадаро бо ҳамсараш Гулгун, ки вай низ омӯзгори синфҳои ибтидоӣ аст, чор фарзандро таълиму тарбияи нек доданд. Ҳоло писари калони хонадон Далер ба ҳайси мухбир фаъолият дорад. Фарзанди дуюм Азизбой ва духтари хонадон Рӯзигул чун идомагари касби авлодӣ аз пайи волидон рафта, яке омӯзгори фанни физика ва дигаре муаллимаи синфҳои ибтидоӣ ҳастанд. Писари хурдии хонадон Дамир хонандаи синфи XI аст.

Падару модари саодатманд дуои тани сиҳати фарзандон ва чор нафар набераҳои ширини худро карда, ҳоло низ ба шогирдон асрори илм меомӯзанд. Бобати тарбияи насли ояндасози Ӯзбекистони Нав саҳм мегузоранд.

Меҳнати фидокорона, содиқона ва таҳтидилонаи муаллими ботаҷриба Шӯҳрат Азизов муносиб эътироф гардида, борҳо бо диплому сипосномаҳои садорат ва шуъбаи таълими томактабӣ ва мактабии вилояту ноҳия мукофотонида шудааст. Инчунин, соли гузашта бо нишони сарисинагии «Аълочии таълими халқ» сарфароз гардид ва ин ба 50-солагии мавсуф тӯҳфаи арзанда шуд, ки гуфтаанд:

Шуморо обрӯ бошад ҳамеша,

Баланд аз қуллаҳои кӯҳсорон.

Ба олам бахту давлат ёратон бод,

Ҳамин аст орзуи ҷамъи ёрон.

Ф. ЙӮЛДОШЕВ,

мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти Сирдарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: