Ё худ чил сол дар майдони матбуот
Дар шоҳроҳи зиндагӣ гоҳо бо инсонҳое рӯ ба рӯ меоед, ки дар ягон ҷодаи заҳматписанд масъулият ва меҳнатдӯстиро мақсаду мароми хеш қарор дода, бо иқдомҳои накӯву шоиста барои пешрафти соҳаи худ фидокорона талош мекунанд ва ба эҳтирому эътирофи атрофиён сазовор гардидаанд. Сармуҳаррири рӯзномаи ҷумҳурии «Овози тоҷик», узви иттиҳодҳои журналистони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, рӯзноманигори ботаҷриба ва инсони худшиносу фарҳангдӯст Шерпӯлод Вакилов аз зумраи чунин шахсиятҳо мебошад, ки беш аз чил сол боз дар соҳаи матбуоти тоҷик хидмати босазо анҷом медиҳад.
Шерпӯлод Ҷӯрабоевич 20 апрели соли 1965 дар деҳаи биҳиштосои Нанайи ноҳияи Бӯстонлиқ, воқеъ дар соҳили дарёи Писком ва доманаи қаторкӯҳҳои Чимён таваллуд шудааст.
Хонадоне, ки ӯ ба дунё омад, яке аз оилаҳои одии кӯҳистон буд. Саробони хонадон Ҷӯрабой Вакилов дар хоҷагии ба номи «50-солагии рӯзномаи «Правда» меҳнат мекард ва бо ҳамсараш апаи Садагул барои таълиму тарбияи накӯ ва беосеб ба камол расондани ҳафт фарзанди худ, панҷ писар – Тошпӯлод, Шерпӯлод, Шарифбой, Рӯзибой, Тоҳир ва гулдухтарон – Фотимаву Зӯҳро пайваста талош мекарданд.
Дар он айём хонондани фарзандон дар мактабҳои олӣ кори осон набуд. Лек волидон доим ҳаракат мекарданд, то дилбандонашон соҳиби маълумоти олӣ, касбу ҳунар шаванд. Онҳо чун инсонҳои шарифу бофарҳанг ҳамеша фарзандони худро бо нармиву меҳрубонӣ насиҳат мекарданд, ки дониш андӯзанд, китоб хонанд ва ахлоқу одоби ҳамида дошта бошанд. Ин буд, ки орзуву умеди падару модар дар симои фарзандон ҷомаи амал пӯшид. Се нафар писар соҳиби маълумоти олӣ, чаҳор фарзанди дигар соҳиби маълумоти миёнаи махсус шуданд. Ҳама дар ҳаёт мавқеъ ва мақоми худро пайдо карда, ҳоло саробони оилаҳои хушбахту саодатманданд.
Шерпӯлод тӯли солҳои 1972-1982 дар мактаби таълими умумии рақами 44-уми ноҳия аз Адашбой Мирҳомидов, Тоҷибой Аҳмедов, Самариддин Фаёзов, Турғунбой Пирматов ва Комилҷон Бобоев барин муаллимони фидокор сабақ гирифт. Муаллими аввалини Шерпӯлод – Мириддин Нуриддинов, ки худ аз рӯйи ихтисос филолог буду баъдан дар синфҳои болоӣ аз забон ва адабиёти тоҷик ҳам дарс дод, дар дили ӯ нисбат ба шеъру адаб, илму фарҳанг муҳаббат пайдо кард. Ҳамин меҳру завқ ба адабиёт ва забон буд, ки Шерпӯлод баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳои худро ба шуъбаи тоҷикии факултаи филологияи ӯзбеку тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Алишер Навоӣ супурд ва аз имтиҳоноти қабул сарбаландона гузашта, донишҷӯ гардид.
Вақте курси аввалро хатм кард, ӯро ба аскарӣ даъват намуданд. Се моҳи аввали хидмат дар мактаби сержантии шаҳраки Душеттии Гурҷистон сипарӣ гашт. Баъд ӯро ба қисми ҳарбии шаҳри Нахҷувони Озарбойҷон фиристоданд. Пас аз ду моҳ Шерпӯлод ва чанд ҳамхидматашро ба қисми ҳарбии қувваҳои ҳавоии шаҳри Лагадехии Арманистон мефиристанд. Ду моҳи омодагӣ гузашта, қисми ҳарбиро ба Афғонистон мекӯчонанд. Ҳамин тариқ, лозим меояд, ки ӯ хидматро дар Афғонистон (Қандаҳор) давом диҳад. Боқӣ якуним соли хидматаш дар артиш байни «обу оташ» сурат гирифт – дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи шӯравӣ қарзи интернатсионалии худро адо намуд. Он солҳо хидмати ҳарбӣ дар Афғонистони ҷангзада воқеан мактаби санҷиши мардонагӣ ва ҷасорату матонат буд. Шерпӯлод ин ҳама санҷишҳоро муваффақона паси сар карда, барои хидмати софдилона медали «За боевые заслуги» («Барои хидматҳои ҷангӣ»)-ро ба даст овард ва бо сари баланд ба Ватан баргашт.
Акнун мебоист аз пайи хондан шавад. Аммо бо тақозои шароити хонаводагӣ таҳсилашро дар шуъбаи ғоибона давом дода, аз соли 1985 фаъолияти меҳнатии худро дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик») ба ҳайси мусаҳҳеҳ оғоз намуд ва бо ҳамин дар қалби Шерпӯлод орзуи идомаи фаъолият дар ин даргоҳи муборак маъво гирифту инак чил сол боз фаъолияти босамар мебарад.
Он солҳо дар «Ҳақиқати Ӯзбекистон» таҳти сарварии Корманди хидматнишондодаи фарҳанг Шавкат Ниёзов «ансамбл»-и рӯзноманигорони варзида гирд омада буданд. Дар як саф фаъолият бурдан бо Муҳсин Умарзода, Раҳматҷон Норов, Авнер Исоқбоев, Тоҳир Олимбоев, Ҷонибек Қувноқов, Ҳомидҷон Қличев, Юсуфи Мирзозод, Маъруф Отахонов, Ҳисомиддин Абдувалиев, Бекназар Тӯйназаров, Эҳсон Турдиқулов, Муайяна Хоҷаева барин соҳибқаламон шараф буд барои Шерпӯлод. Аз гирумон – қаламрониҳои журналистони он вақт ҷавон Тӯхтамиш Тӯхтаев, Шоқаҳҳор Салимов, Фахриддин Парпиев ва Матлуба Шоалиева низ бардоштҳо кард. Собиқадорону куҳансолон ӯву журналистони ҷавонро аз таҷрибаву андӯхтаҳои хеш баҳраманд мекарданд. Ба эҷодкороне, ки пайи қаламашон тоза аст, идораи рӯзнома мактаби ибрат ва омӯзиш қарор ёфта буд.
Ш. Вакилов то соли 1988 дар вазифаи мусаҳҳеҳ кор карда, баъд тӯли солҳо чун тарҷумон, мухбир, мухбири калон, муҳаррири шуъбаи агросаноат фаъолият бурд.
Тӯли солҳо бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ нозукиҳои соҳаро азхуд намуд ва фаъолияти касбии хешро сайқал дод. Пайваста ба такмил додани маҳорати журналистии худ талош карда, бо навовариҳои соҳа ошно гашт ва дар мавзӯоти муҳим мақолаҳои ҷолибу хонданӣ интишор намуд. Маҳз бо назардошти масъулиятшиносӣ, меҳнатдӯстӣ ва қобилияти ташкилотчигӣ, соли 1994 Шерпӯлодро котиби масъули рӯзнома таъин намуданд. Дар ин вазифа то соли 1998 кор кард ва ҷонишини сармуҳаррир таъин гашт. Аз соли 2003 сармуҳарририро ба ӯҳда гирифт.
Асное ба Ш. Вакилов вазифаи басо пурмасъулият супурда шуд, рӯзнома давраи хеле вазнин ва мураккабро аз сар мегузаронд. Баробари мушкилоти маблағ, норасоии коғаз вуҷуд дошт. Сармуҳаррирро лозим меомад ҳатто аз дигар рӯзномаҳо коғазу пул қарз гирад...
Инак, 23 сол инҷониб Шерпӯлод Вакилов ба «Овози тоҷик» роҳбарӣ менамояд. Дар ин муддат ба туфайли саъю ҳаракати ӯ рӯзнома мазмуну мундариҷаи нав пайдо кард, сафи муштариён зиёд гашт, пойгоҳи моддиву техникии таҳририят ва таъминоти моддии кормандон рӯ ба беҳбудӣ овард.
Маҳз бо ташаббуси сармуҳаррир чанд сол муқаддам веб-сайти расмии рӯзномаи «Овози тоҷик» дар шабакаи ҷаҳонии Интернет таъсис ёфт. Инчунин, дар шабакаҳои YouTube, Facebook, мессенҷери телеграм, инстаграм фаъолияти саҳифа ва каналҳои рӯзнома роҳандозӣ шуд, ки ҳоло дар умум беш аз 20 ҳазор нафар корбар доранд. Ин имкон дод рӯзномаро хонандагон дар доираи боз ҳам васеътар, ҳамчунин берун аз мамлакат мутолиа намоянд, доири боз ҳам шавқангез ва хонданибоб баромадани мавод фикру андешаҳои худро баён кунанд.
Соҳибҷашни мо барои корҳои беназираш дар рушди матбуоти миллӣ, таҳкими робитаҳои дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек, саҳми шоиста дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои судманди фарҳангӣ борҳо бо диплому сипосномаҳои вазорат, сафорат ва корхонаву ташкилотҳо сарфароз гардидааст. Инчунин, соли 2018 дар арафаи Рӯзи байналхалқии озодии матбуот бо мукофоти «Эътимод»-и Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ва ордени «Меҳнат шуҳрати» (Ӯзбекистон) мукофотонида шудааст.
Инак, аз он рӯзи фархунда, ки тифле ба дунё омад, шаст баҳору шаст зимистон гузашт. Қаҳрамони мо тӯли ин солҳо баробари комёбиҳо дар ҷодаи фаъолият, дар ҳаёти оилавӣ низ ба бурдбориҳои зиёд ноил гашт. Бо ҳамсараш Инобат ду фарзанд – Таҳмина ва Беҳрӯзро тарбияи шоиста доданд. Соҳибмаълумот карданд. Ҳоло онҳо оилаҳои намунавӣ доранд ва дар ҷодаҳои гуногун фаъолият намуда, баҳри рушду ободии Ватан саҳм мегузоранд. Падару модари хушбахт бошанд, аз ҳар як комёбии фарзандону хандаву беғубори наберагони худ неруи нав гирифта, дар иҳотаи онҳо хушҳолона умр ба сар мебаранд.
Бо як сухан, Шерпӯлод Вакилов соҳиби дониши кофии касбӣ, маърифати баланди инсонӣ, фарҳанги волои фитрӣ мебошад ва касбу кори худро дӯст медораду доим мекӯшад, то мазмуну мундариҷаи рӯзнома беҳтар шавад, шумораи муштариён зиёдтар ва комёбиҳои кормандон бештар гардад.
Мо сармуҳаррири худро бори дигар ба муносибати шасти камолоти умр аз самими қалби ҳамкасбон шодбош гуфта, ба ӯ тансиҳативу умри бобаракат, хушбахтиву сарбаландӣ, пирӯзиҳои эҷодӣ ва ба аҳли оилааш сидқу сафо, файзу сахо ва меҳру бақо таманно менамоем. Бигузор, ба шасти соҳибҷашн Худованд боз шасти дигар ато фармояду ҳамеша хушрӯзиҳо ёр шавад.
Муҳаммадҷон ШОДИЕВ,
муҳаррири шуъбаи «Овози тоҷик».