Вақте падар мегӯем, пеши назарамон бевосита шахси роҳбаладу раҳнамои ҳаёт падидор мегардад. Падар тарбиятгари фарзандон ва шоҳсутуну оромбахши хонадон аст.
Ӯ рамзи устуворӣ, муҳофизат ва масъулият мебошад. Падар ба фарзандон баробари расондани мадади моддӣ арзиш, таҷриба ва ахлоқи дурустро низ меомӯзонад. Падар бузургтарин ва меҳрубонтарин шахс дар ҳаёти фарзандон аст. Ӯ дар дил орзу мепарварад, ки фарзандаш дар оянда шахси бузург шуда, ба халқу ватани худ сидқан хидмат кунад.
Падар тоҷи сарам ҳастӣ,
Ягона гавҳарам ҳастӣ.
Дар ин дунё барои ман
Азизу роҳбарам ҳастӣ.
Барои исботи фикр ҳикояи зеринро мисол овардан мехостем, ки падар нерӯи мағлубнопазир барои ҳар як фарзанд аст:
«Овардаанд, ки рӯзе падаре назди писар омада, дасти худро ба китфи ӯ гузошта, мепурсад:
– Писарам, кӣ зӯр, ман ё ту?
Писар ҷавоб медиҳад:
– Ман зӯр, падарҷон.
Падар бори дигар ҳамин саволро такрор мекунад, писар боз мисли аввала ҷавоб медиҳад. Падар аз ин ҳол ғамгин гашта, назди писар менишинад ва ба ӯ нигариста боз мепурсад:
– Писарам, нағзтар фикр кун, ман зӯр ё ту?
Писар ҷавоб медиҳад:
– Шумо зӯр ҳастед падар. То иқдом дастатон дар китфи ман буд, ман зӯр будам, чун дасти худро гирифтед, ман бе шумо ҳеҷ касам, падар».
Олиму фузало ва шоиру нависандагон дуруст қайд кардаанд, ки падарон тоҷи сари фарзандон ба ҳисоб мераванд. Мо бояд худро ҳеҷ вақт аз ин кулоҳи бебаҳо боло нагузорем. Исботи ин гуфтаҳоро дар ҳикояи зер низ дидан мумкин аст:
«Рӯзе ба хонаи як мард дӯсти наздикаш меҳмон меояд. Баъд аз пурсупос бо меҳмон мард бо таъриф кардани писари худ мегузарад. Мегӯяд, ки ӯ як писари боақлу ҳуш аст ва то ин вақт боре ҳам сухани маро ду накардааст. Баъд писари худро ба наздаш ҷеғ зада мегӯяд:
– Писарҷонам, боми хонае, ки мо нишастаем, вайрон шудааст, дуруст карда фуроед.
Писар ҷавоби рад медиҳад. Падар аз ин ҳол ҳайрон шуда, мегӯяд, «барои чӣ, писарам?»
Писар ҷавоб медиҳад:
– Барои он, ки, падарҷони азиз, ман ба боми он хонае, ки шумо нишастаед, пой қадам гузошта наметавонам!»
Мо аз ин ду ҳикоя меҳру муҳаббати фарзандро нисбати падар дида метавонем, ки хеле ибратбахш аст.
Ҳар фарзанде, ки ҳоло падараш зинда аст, бояд бо қадри ин шахси бузург бирасад. Аз даст додани падар барои фарзанд дардест, ки онро наметавон бо сухан баён кард. Падарон дар қалби мо на танҳо як шахс, балки як сутун, як сарчашмаи муҳаббат ва ҳимоя ҳастанд. Хотираҳои неке, ки аз падар доред, ҳамеша ҳамроҳи шумо хоҳанд буд.
Чарос Ҳамробоева,
донишҷӯйи бахши аввали шуъбаи тоҷикии факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Бухоро.