Дар саросари ҷомеаи шаҳрвандони маҳаллаҳои ҷумҳурӣ моҳҳои май-июни соли ҷорӣ ҷараёни муҳими сиёсӣ – интихоботи раисони ҷомеаи маҳаллаҳо баргузор мегардад.
Ба ин муносибат дар ҷойҳо аллакай ҳаракатҳои амалӣ ба роҳ монда шудааст. Аз он ҷумла, дар ноҳияи Косонсой низ аз ҷониби аъзоёни комиссияҳои кумакрасонӣ барои ташкил ва гузаронидани ин чорабинии муҳим бо аҳолӣ вохӯрӣ ва семинарҳо гузаронида шуда истодааст.
Чанде пеш дар маҷлисгоҳи мактаби миёнаи рақами 35 бо ташаббуси ҳокимият ва созмони маҳаллаҳои ноҳия бо иштироки аъзоёни комиссияҳо ва фаъолони соҳа семинар баргузор гашт. Дар давоми семинар ба ҳозирон оиди иловаю дигаргуниҳои Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи интихоботи раиси ҷомеаи шаҳрвандон», мазмун ва моҳияти асосҳои ташкиливу ҳуқуқии чунин маъракаи муҳими сиёсӣ, вазифаҳои зарурии аъзоёни комиссияҳои кумакрасонӣ тавсияву мулоҳизаҳо пешниҳод гардид.
Шоҳида ДАМИНОВА,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.