Тибқи ҳидояти Президенти мамлакат ба мақомоти ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва садоратҳои он ҳуқуқ дода шудааст, ки мустақилона бо ҳамкорони хориҷии худ робита барқарор карда, дар пешрафт ва тарақиёти иқтисоди мамлакат саҳм гузоранд, инчунин рушди соҳаи сайёҳиро таъмин кунанд. Дар ин замина ҳайати вилояти Фарғона ба кишвари Туркия сарфар карданд.
Ҳайат аз тарафи ҳокими шаҳри Эрдемли Айдин Тетлик оғлу хеле гарм пазируфта шуд. Дар рафти гуфтушунидҳо масъалаҳои густардаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, сайёҳӣ, маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар поёни ин дидор китобе ба ҳокими шаҳри Эрдемли тақдим гардид, ки аз ҷониби олимони Донишгоҳи давлатии Фарғона нашр ва ба таҳлили дурнамои ҳамкориҳои стратегии Ӯзбекистон ва Туркия бахшида шудааст.
Дар идома намояндагони ҳайати вилояти Фарғона аз Маркази фарҳанги вилояти Мерсин дидан карданд. Зимни мулоқот бо директори минтақавии сайёҳии вилояти мазкур Ҳакан Доганӣ ва дигар шахсони масъул масъалаи афзоиши гардиши сайёҳон баррасӣ гардид. Дар ин замина тартиб додани барномаҳои муштарак ва ташкили механизми мубодилаи сайёҳон пешниҳод карда шуданд.
Ин сафар ва ташрифи ҳайати вилоят боис гардид, ки иштирок дар чорабинӣ ва ҷашнвораҳо, мисли Ҷашнвораи сеюми байналмилалии ҳунарҳо дар Қӯқанд ва Ҷашнвораи дуюми байналмилалии кулолӣ дар Риштон мебошанд аз ҳамин зумра мебошанд, ки дар он сокинони Мерсин ҳамчун як контингенти алоҳида ширкат хоҳанд кард. Қарор аст, ки ширкати ҳунармандони вилояти Фарғона дар ҳамаи ҷашнвораҳои бузурги Мерсин низ таъмин хоҳад шуд.
Дар ҳайати вилояти Фарғона Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Отабек Муҳаммадзоҳид низ шомил буд. Вай бо иштирок дар як тантанаи бошукӯҳ суруду таронаҳои ҷаззобу дилнишинро тақдим кард ва табъи мизбононро хеле шоду мамнун намуд.
Хидмати матбуоти ҳокимияти вилояти Фарғона.