БА АЪЗОИ ДАСТАИ МУНТАХАБИ НАВРАСОНИ ТО 17-СОЛАИ ӮЗБЕКИСТОН ОИД БА ФУТБОЛ

Фарзандони азизам!

Шуморо барои иштироки бомуваффақият дар мусобиқаи бонуфуз дар байни футболбозони то 17 сола, ки дар майдонҳои Арабистони Саудӣ баргузор гардид ва ба даст овардани ҷоизаи бузург – Ҷоми Осиё аз номи халқамон ва шахсан аз номи худам аз таҳти дил самимона табрик мекунам.

Шумо барин ҷавонони далеру матин ва диловари мо дар тӯли тамоми мусобиқа боре ҳам мағлуб нагардида, натиҷаи рекордӣ ба даст овардед ва шарафи Ватани маҳбубамонро мардонавор ҳимоя намудед ва ин бешубҳа, воқеаи пурифтихорест, ки дар таърихи футболи ватанамон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд.

Бахусус, дар финал, дар бозии бошиддат бо тими хеле пурзӯр, мизбони мусобиқа, Арабистони Саудӣ, сарфи назар аз фишорҳои гуногун, бо 9 бозигар бар зидди ёздаҳ нафар муборизаи шадид намудани шумо намунаи воқеии мардонагию матонат гардид. Ҷавонмардӣ ва маҳорати бузурге, ки шумо нишон додед, сазовори таҳсин аст.

Мувофиқи ҷамъбасти мусобиқа се варзишгари боистеъдод ва моҳирамон, аз ҷумла Неъматулло Рустамҷонов – беҳтарин дарвозабони мусобиқа, Асилбек Алиев – нишонзани беҳтарин ва Садриддин Ҳасанов – беҳтарин бозигар соҳиби ҷоизаҳои инфиродӣ шуданд, ки инро мебояд алоҳида таъкид кард.

Халқу диёр дар симои Шумо намояндагони пешсафи ҷавонони Ӯзбекистони Навро мебинад, ки доим ба пеш ҳаракат мекунанд, ба фатҳи қуллаҳои боз ҳам баланд қодиранд ва ба маънои воқеӣ бо Шумо ифтихор менамоянд.

Барои чунин ғалабаи таърихӣ, ки ин боз як натиҷаи амалии таваҷҷуҳи баланд ба варзиш, аз ҷумла ба рушди футбол дар кишвари мост, ба Шумо, ба падару модарон ва устоду муррабиёнатон, ки шуморо тарбия карда, ба камол расондаанд, аз самими қалб изҳори сипос менамоям.

Бовар дорам, ки шумо аз ин пирӯзӣ рӯҳбаланд шуда, ҳамчун дастаи ғолиби Осиё дар Ҷоми ҷаҳонии футбол, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ дар Қатар баргузор мешавад, сазовор иштирок хоҳед кард.

Бахту зафар доим ҳамроҳатон бошад, фарзандони азизам!

Шавкат Мирзиёев,

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: