МЕТРОИ ТОШКАНД ДАР ЯК РӮЗ БА 780 ҲАЗОР МУСОФИР ХИДМАТ МЕРАСОНАД

Мувофиқи маълумоти Кумитаи миллии омор, дар моҳҳои январ-марти соли 2025 тавассути метрои Тошканд 70,2 миллион мусофир интиқол дода шудааст.

Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,2 миллион бештар аст.

Дар моҳҳои январ-марти соли 2025 дар метрои Тошканд ба ҳисоби миёна ҳар рӯз 780 ҳазор мусофир интиқол дода шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 12,6 дарсад зиёд аст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: