«ЯК МАҲАЛЛА – ЯК МАҲСУЛОТ»: МАНБАИ ҶОЙИ КОР, ДАРОМАДИ БИСЁР ВА ДАСТОРХОНИ ФАЙЗБОР

Имрӯз ба кадом гӯшаи кишварамон равед, мебинед, ки бештари мардум, бахусус сокинони деҳот гармхонаҳо сохта, аз ҳар ваҷаб замини худ ҳосили фаровон мегиранд.

 

 

Солҳои охир дар кишварамон ҷиҳати самаранок истифода бурдани замини наздиҳавлӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии соҳибзаминҳо, баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ ва зиндагии мардуми деҳот корҳои судманд ба роҳ монда шудаанд. Натиҷаи ин аст, ки дар қитъаҳои замини худ ҳосил рӯёнда, аз он фоида гирифтан ба манбаи асосии даромади аксари ҳамватанамон табдил ёфтааст.

Имрӯз ба кадом гӯшаи кишварамон равед, мебинед, ки бештари мардум, бахусус сокинони деҳот гармхонаҳо сохта, аз ҳар ваҷаб замини худ ҳосили фаровон мегиранд. Рушди соҳаи гармхона ва васеъ намудани афзоиши сабзавоти ватанӣ, қонеъ гардондани талаботи аҳолии кишвар бо маҳсулоти хушсифат дар чор мавсими сол, ба вуҷуд овардани бозори васеи фурӯш ва афзун намудани имкониятҳои содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар беҳбуди иқтисодиёти кишвар, таъмини некуаҳволии мардум ва муҳимтар аз ҳама, таъсиси ҷойҳои нави корӣ аҳамияти калон дорад.

Аммо дар бобати босуръат тараққӣ додан ва самаранок истифода бурдани гармхонаҳо мушкилоти зиёд ба миён меоянд. Аз ҷумла, бо сард шудани рӯзҳо дар интиқоли газ барои гарм кардани гармхонаҳо номутаносибӣ мушоҳида мешавад.

Шубҳае нест, ки қарорҳои «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба баланд бардоштани самаранокии хоҷагиҳои гармхона» ва «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба ҷалби аҳолӣ ба соҳибкорӣ ва рушди соҳибкории оилавӣ дар минтақаҳо», ки аз ҷониби Президенти кишвар ба имзо расидааст, барои бартараф намудани ин мушкилот ва рушди хоҷагиҳои гармхона хидмат мекунад.

Дар ҳуҷҷати мазкур ба назди тамоми роҳбарони ҳудудҳо вазифа гузошта шудааст, ки ҳар як маҳалларо бо назардошти хусусиятҳои хоси онҳо ва аз рӯйи тамоюли «Як маҳалла – як маҳсулот» ба самти мушаххас ихтисос диҳанд ва бо назардошти шароит ва хоҳиши оилаҳо кредитҳои имтиёзнок ҷудо кунанд. 

Ҳамчунин, аз ҷониби Агентии рушди боғдорӣ ва гармхонаҳо ба хоҷагиҳои гармхона интиқол додани тухмӣ, ниҳол, нуриҳои маъданӣ ва дигар захираҳои моддӣ ва хариди маҳсулот аз онҳо роҳандозӣ шудааст.

Ноҳияи Косонсой яке аз минтақаҳои ҳосилхези вилояти Намангон буда, дар минтақа кишоварзӣ ва гармхонадорӣ рушд ёфтааст. Ба далели иқлими мӯътадил ва ҳосилхез будани замин аксари деҳқону соҳибкорон ба тиҷорати гармхона таваҷҷуҳ доранд. Дар ин ноҳия дар асоси тамоюли «Як маҳалла – як маҳсулот», ки дар зиёд шудани даромади аҳолӣ нақши калон мебозад, нуқтаҳои афзоиши минтақавӣ интихоб шудаанд.

Маҳаллаи Боғибаланди ноҳия дар боғдорӣ намунаи ибрат аст. Дар маҳалла ба кадом хонае дароед, гувоҳ мешавед, ки соҳибони хона аз ҳар ваҷаб замин самарабахш истифода мебаранд ва ба нишондодҳои назаррас ноил мегарданд.

Дар маҳалла аксар хоҷагиҳо бодиринг, помидор, қаланфури булғорӣ, картошка ва сирпиёз кишт мекунанд. Ғайр аз ин, дар баъзе хоҷагиҳо гулҳои хориҷиро ба шароити маҳаллӣ мутобиқ кардаанд. Дар гармхонаҳо навъҳои баландсифати помидору бодиринг ва дигар сабзавотҳо мавҷуданд, ки ба стандартҳои аврупоӣ ва миллӣ ҷавобгӯ мебошанд. Дар 59 маҳаллаи ноҳия зиёда аз 20 гектар гармхона мавҷуд аст. Ин соҳа ба шарофати технологияи пешқадам ва меҳнати деҳқонони пуртаҷриба боз ҳам рушд меёбад. Гармхонаҳои мавҷудаи ноҳия дар таъмини бозорҳои кишварамон бо маҳсулоти тару тоза ва афзун намудани ҳаҷми содирот саҳми муносиб мегузоранд.

Сокини маҳаллаи Боғибаланд Собитҷон Мамаҷонов дар 6 хол замин гармхона сохта, дар он помидору бодиринг шинонд ва пас аз соле аз ҳисоби фоида гармхонаашро васеъ кард. Ҳоло аз тамошои нашъунамои ниҳолҳо чашм меболад. Соҳибкор инчунин бо парвариши 100 cap чорвои калони шохдор ва паррандаҳо низ машғул аст.

– Замин манбаи рӯзгор ва даромади иловагӣ аст, – мегӯяд С. Мамаҷонов. – Ҳатто гармхонаи хурде, ки дар назди хона аст, асоси пешравии хоҷагӣ шуда, бо мурури замон ба манбаи устувори даромад табдил ёфта метавонад. Навъи помидор ва бодиринге, ки мо парвариш мекунем ба бемориҳо тобовар буда, ба нуриҳои минералӣ кам ниёз дорад. Дар сурати қатъи риоя кардани талаботи агротехникӣ дар як сол ду-се маротиба ҳосил гирифтан мумкин аст. Ман инро дар таҷрибаи худ санҷида, боварӣ ҳосил кардам.

Дар Косонсой Собитҷон Мамаҷонов барин шахсоне, ки софдилона меҳнат карда, аз замини хурд пурсамар истифода мебаранд, бисёранд. Аз ҳисоби маҳсулоте, ки деҳқон ва аъзоёни оилаи ӯ рӯёнда, ба истеъмолкунандагон мерасонанд, некуаҳволии оила таъмин ва дасторхон серу пур аст. Илова бар ин аъзоёни оила ҳам кор ва ҳам даромад доранд,

М. Мамаҷонова,

хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: