БУЗУРГДОШТИ ҶОМӢ ВА “БАҲОРИСТОН”-И Ӯ

19-уми апрели соли 2025, дар деҳаи Синтаби ноҳияи Нурато нишасти навбатии маҳфили андешаварзӣ ва зеҳнии “Хирадманд” доир ба мавзуи “Мазмун ва мундариҷаи китоби «Баҳористон» ва шарҳи ҳоли Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ” баргузор шуд.

Агар ба Форс равад корвони ашъорам,

Равони Саъдию Ҳофиз кунандаш истиқбол.

В-агар ба Ҳинд расад Хусраву Ҳасан гӯяд,

Ки: «Эй ҷаҳони ҳунар, марҳабо, таол, таол!»

(Ҷомӣ)

19-уми апрели соли 2025, дар деҳаи Синтаби ноҳияи Нурато нишасти навбатии маҳфили андешаварзӣ ва зеҳнии “Хирадманд” доир ба мавзуи “Мазмун ва мундариҷаи китоби «Баҳористон» ва шарҳи ҳоли Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ” баргузор шуд.

Тибқи маъмул, дар заминаи шарти аввал даҳ даста донишомӯзи хирадҷӯ, ки ҳар як даста аз панҷ нафар ташкил ёфтааст, аз мактабҳои миёнаи кӯҳпояи Нурато, таҳти рақамҳои 30 (Сойхурд), 43 (Эҷ), 21 (Соб), 38 (Синтаб), 49 (Синтаб), 32 (Моҷарм), 14 (Ӯхм), 46 (Ӯхм), 49 (Ӯхм) ва 13 (Порашт) қувваозмоӣ карданд. Онҳо дар се марҳила, куллан ба 30 пурсиши пинҳоншуда дар сандуқчаи суолот посух доданд. Тамоми пурсишҳо доир ба мазмуну мундариҷаи ҳикоёти китоби “Баҳористон”, абёту луғатҳои ин китоб ва шарҳи ҳоли Абдураҳмони Ҷомӣ буд. Дар ин сабқат донишомӯзони мактабҳои рақами 49 (Синтаб), 14 (Ӯхм) ва 49 (Ӯхм) бо дарёфти 39 холӣ ба ҷойи сеюм, дастаи мактаби 13 (Порашт) бо гирифтани 42 хол ба ҷойи дуюм ва гурӯҳи хирадварзи мактаби 43 (Эҷ) бо бурди 44 хол ба ҷойи якум сазовор дониста шуданд. Ҳар як даста аз ҷониби раёсати маҳфили “Хирадманд” ва Ҷамъияти миллӣ-фарҳангии вилояти Дизах бо сипосномаҳо, китобу маҷалла, туҳфаҳои хотиравӣ ва ҷоизаҳои пулӣ тақдир шуданд.

Маҳфили “Хирадманд” аз он ҷиҳат қобили дастгирӣ аст, ки дар ҳар як нишасти он китобҳои тозанашри адибон рӯнамоӣ ва ба ҳар як ширкаткунандаи маҳфил ва ихлосмандон тақдим мешавад. Ин бор асосан ду китоб ба ҳама дастрас гардид – “Ману мурғи чаман як нола дорем” ва "Даҳ пурсишу даҳ посух". Китоби аввал маҷмуаи дубайтию рубоиҳои шоир Абдулло Субҳон мебошад, ки ахиран ба хатҳои сирилик ва форсӣ интишор ёфтааст. Китоби дуюм бошад, ашъори ноби шоири маъруф Паймонро, ки андар бузургдошти шуарои бузурги адабиёт иншо кардааст, фаро мегирад. Қобили таҳсин мебошад, ки 200 дона китобчаи "Даҳ пурсишу даҳ посух" аз ҷониби марди олиҳиммат, узви раёсати Маркази миллию фарҳангии “Ориёно”-и Тошканд Мурод Мақсудов харидорӣ ва ба унвони ҳадя ба донишомӯзон ва китобхонаҳои мактабҳои кӯҳпояи Нурато супорида шуд.  

Дар идомаи бозӣ-маҳфили “Хирадманд” сабқати донишомӯзони даҳ мактаби кӯҳпоя доир ба номинаҳои “Шеърхони беҳтарин” ва “Суханрони беҳтарин” шуда гузашт. Дар озмуни шеърхонӣ, ки дар заминаи достонҳои «Ҳафт авранг» ва ғазалиёти Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор шуд, аз миёни даҳ нафар ширкаткунанда донишомӯзи мактаби 38 Синтаб Дилрабо Саломатуллоева беҳтарин дониста шуд ва ба ӯ китоби “Девони ғазалиёт”-и шоир Паймон, маҷаллаи “Дурдонаи Шарқ” ва ҷоизаи пулӣ супурда шуд. Аз рӯйи номинаи хониши ифоданоки матн, ки дар он ҳусни баёни донишомӯзон дар заминаи ҳикоёти китоби «Баҳористон» санҷида шуд, тақдирномаи “Суханрони беҳтарин” ба донишомӯзи синфи нуҳӯми мактаби 21 (Соб) Соҳиба Додоева тақдим гардид. Соҳиба аз ҷониби маҳфили “Хирадманд” бо китоби ҳикояҳои нависандаи шинохта Шариф Халил – “Ширмолаҳои маҳтобӣ”, маҷаллаи “Дурдонаи Шарқ” ва ҷоизаи пулӣ тақдир шуд.

Ҳамон тавре ки аъзои раёсати маҳфили “Хирадманд” эълом карда буданд, ба хотири сайқал додани забони катбӣ ва шифоҳии хонандагон ва боло бурдани сатҳи эҷодкории онҳо дар доираи маҳфили мазкур озмуни “ҚАЛАМКАШИ НАВРАС” низ роҳандозӣ шудааст. Дар тӯли чор-панҷ моҳ чандин нафар донишомӯзи мактабҳои кӯҳпоя беҳтарин намунаҳои эҷодии худро дар се бахш – асари бадеӣ (лавҳа, ҳикоя, новелла...), шеър ва асари публитсистӣ ба суроғаи ҳайати доварони маҳфил фиристоданд. Намунаҳои беҳтарин аз қаламиҳои онҳо дар маҷаллаи “Дурдонаи Шарқ” ва рӯзномаи “Ховар” ба чоп расид. Дар марҳилаи аввал донишомӯзон Назира Шомуродова ва Низом Тағоймуродов аз мактаби рақами 46 Ӯхм, Тӯхтамоҳ Амонова аз мактаби 38 Синтаб ва Моҳина Иброҳимова аз мактаби 43 Эҷ беҳтарин қаламкаши наврас дониста шуданд. Ба онҳо аз сӯйи раёсати маҳфили “Хирадманд” туҳфаҳои хотиравӣ ва ҷоизаҳои пулӣ тақдим шуд.

Аз рӯйи анъана, дар ин нишаст низ беҳтарин аъзои маҳфили “Хирадманд”, ки дар тамоми бозиҳо фаъол ширкат меварзанд, бо ҳадяҳо ва ҷоизаҳои пулӣ тақдир шуданд. Ин бор офтоби ситоиш бар рӯйи донишомӯзон Нурия Азизова (аз мактаби 14 Ӯхм), Азиза Низомова (аз мактаби 43 Эҷ) ва Фараҳноз Сарибоева (аз мактаби 13 Порашт) хандид.

Бояд тазаккур дод, ки бозӣ-маҳфили андешаварзӣ ва зеҳнии “Хирадманд”-ро бори дуюм аст, ки вилоятдории вилояти Навоӣ, ноҳиядории ноҳияи Нурато, шуъбаи ноҳиявии Оҷонсии кор бо ҷавонони ҷумҳурӣ, Шуъбаи омӯзишу парвариши томактабӣ ва мактабии ноҳияи Нурато дастгирӣ ва бо ҳузури худ ба нишастҳо файзу шукуҳ мебахшанд. Аз ҷониби кормандони фаъоли онҳо саҳнаи мусобиқа бо овезаҳои марбутаи ҷолиб, гӯшаҳои наққошӣ ва фаровардаҳои ҳунарҳои миллӣ ороиш дода мешавад. Ҳамчунин аз сӯйи онҳо тамоми дастаҳои сабқаткунанда ва ширкаткунандагони маҳфил бо китобу маҷаллаҳои илмию бадеӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдир мешаванд.

Ногуфта намонад, ки дар маҳфили дирӯза, ки бахшида ба бузургдошти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва китоби пандуахлоқии безаволи ӯ – “Баҳористон” баргузор шуд, бо ибтикори Шуъбаи омӯзишу парвариши томактабӣ ва мактабии ноҳияи Нурато як дастаи донишомӯзи пешқадам аз мактабҳои қазоқӣ низ ширкат варзиданд. Дар сабқати шеърхонии онҳо ба забони қазоқӣ Шарора Шодимуродова ба ҷойи аввал сазовор дониста шуд. Ӯ бо лаҳни гуворо пораеро аз ашъори Ҷомӣ, ки ба қазоқӣ тарҷума шудааст, қироат намуд.

Дар ҳақиқат, маҳфили ёдшуда дар ҳавои дӯстӣ, бо сафои ҳамон рафоқате, ки Мавлоно Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ бо ҳам доштанд, бо ҳамнишинии намояндагони се миллати ба ҳам дӯсту бародар – тоҷику ӯзбеку қазоқ гузашт.

Аз оғози бозӣ-маҳфил то охираш ду омӯзгори ширинсухан – Дилмуроди Қӯзӣ ва Икром Артиқов барандагӣ ва зина ба зина барномаи пешбинишудаи нишастро рӯйи кор оварданд. Баромадҳои донишомӯзонро се нафар омӯзгори собиқадор – Тӯхтамиши Боқӣ, Собир Эргашев ва Бахтиёр Холов дар ниҳояти адолат ва инсоф арзёбӣ ва ҷойи ишғолкардаи дастаҳои сабқаткунанда ва беҳтарин хонандаҳои шеърхону насрхонро маълум сохтанд.  

Аҳли мактаб ва маҳаллаи Синтаб аз меҳмонони худ бо чеҳраҳои кушод ва бо дастгушодии тоҷикона истиқбол карданд. Дар поён иштирокдорони маҳфил ба тамошои манзараҳои дилкашу марғуби деҳаи дӯстдоштаи ҷаҳонгардон – Синтаби куҳнаю нав баромаданд.

Холбикаи НУРНАЗАР,

омӯзгори мактаби 43-юми ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ,

Аълочии маориф ва илми Ӯзбекистон ва Тоҷикистон

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: