19 апрели соли равон дар Қасри эҷодии ҷавонони шаҳри Тошканд бахшида ба ташкил ва баргузории интихоботи раисони маҳаллаҳо таҳти мавзӯи «Маҳалла: интихоботи демократӣ дар асоси тамоюлҳои нав оғоз ёфт» нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ, ки масъулони Иттиҳоди маҳаллаҳои Ӯзбекистон, роҳбарони садорат ва шуъбаҳои минтақавии иттиҳод, намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок карданд, бо пахши Суруди миллӣ ва тақдими навори махсус дар бораи фаъолияти иттиҳод оғоз ёфт.
Сипас, муовини аввали сарвари Иттиҳоди маҳаллаҳои Ӯзбекистон, роҳбари ситоди кумакрасон барои баргузории интихобот Ҷавдатхон Иноғомов дар бораи корҳое, ки бобати таҳкими нақши маҳалла дар ҷамъият, рушди тадриҷии ин сохтор, тавсеаи имкониятҳои молиявии он, инчунин, роҷеъ ба раванди корҳои омодагӣ ҷиҳати гузаронидани интихоботи раиси маҳаллаҳо ҳарф зад.
– Бо мақсади дастгирии фаъолияти маҳаллаҳо аз тарафи Президент Шавкат Мирзиёев механизми амиқ муқаррар карда шудааст, – гуфт Ҷ.Иноғомов. – Барои маҳаллаҳо имконияту имтиёзоти иловагӣ тақдим гардид ва дар натиҷа ҳам доираи ваколат ва ҳам масъулияти кормандони соҳа афзуд. Ҳоло дар 9452 маҳалла 57 ҳазору 132 нафар аъзои «ҳафтгонаи маҳалла» фаъолият доранд.
Мавсуф дар баромади худ таъкид кард, ки соли ҷорӣ интихоботи раисони маҳаллаҳо дар асоси тағйирот ва иловаҳои ба қонун «Дар бораи интихоботи раиси ҷамоати шаҳрвандӣ» воридшуда сурат мегирад ва бори аввал тибқи тамоюлҳои демократӣ, принсипҳои рӯшодӣ, ошкороӣ, ифодаи озоди хоҳиш ва иродаи шаҳрвандон доир мегардад.
Зикр гашт, ки яке аз тағйироти муҳими қонун ба 5 сол баробар кардани муддати ваколати раисони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо (пештар 3 сол буд) мебошад. Инчунин, акнун муддати баргузории интихоботи раиси маҳалла аз ҷониби Ҷӯқорғи Кенгеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, Шӯрои намояндагони халқи вилоятҳо ва шаҳри Тошканд муқаррар гардида, ин барои роҳандозии ҳамкории босамари мақомоти намояндагии маҳаллӣ бо маҳаллаҳо мусоидат хоҳад кард.
– Дар моҳҳои май-июл интихоботи раисони маҳаллаҳо гузаронида мешавад, – афзуд Ҷ.Иноғомов. – Ба ин муносибат ситоди ҷумҳурии Иттиҳоди маҳалла, ҳамзамон дар 14 минтақа ва 208 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ комиссияҳои кумакрасон ҷиҳати ташкил ва баргузории интихоботи раиси маҳаллаҳо ва дар назди онҳо штабҳои алоҳида ташкил гардид. Бо мақсади афзунсозии самарабахшии фаъолияти гурӯҳҳои корӣ ба онҳо 10 намуди ашёи коргузорӣ дастрас карда шуд. Тибқи қарори Шӯроҳои маҳаллӣ рӯйхати комиссияҳои кумакрасон ҷиҳати ташкил ва баргузории интихоботи раисони маҳаллаҳо дар шаҳру ноҳияҳо (иборат аз 4090 нафар) ва бо қарори ҷамъомади намояндагони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо рӯйхати гурӯҳҳои корӣ (иборат аз 85150 нафар) тасдиқ карда шуд.
Таъкид гардид, ки бо мақсади ташкили фаъолияти босамари комиссия ва гурӯҳҳои корӣ тавсияи услубӣ «Дар бораи ташкил ва баргузории интихоботи раиси маҳалла», маҷмӯаи услубии «Интихоботи маҳалла: 100 саволро 100 ҷавоб» ва «Маҷмӯаи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба интихоботи раиси маҳалла» омода ва ба минтақаҳо фиристода шуд.
Ҳамзамон бо қарори комиссияҳои кумакрасон миқдори вакилони 9452 маҳалла муайян карда шуд, ки мувофиқи он дар раванди интихобот иштироки 2 миллиону 591 ҳазору 823 нафар вакил пешбинӣ шудааст.
Дар анҷоми нишасти матбуотӣ нишони расмӣ ва шиорҳои маъракаи интихобот низ муаррифӣ гардид. Кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ ба саволҳои худ ҷавоб гирифтанд.
Ф. ЙӮЛДОШЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».