Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон бо вазири корҳои хориҷии Русия, ки ба Самарқанд омадааст, мулоқот анҷом дод

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов дирӯз дар фурудгоҳи шаҳри Самарқанд вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки бо сафари расмӣ ба кишварамон омадааст, пешвоз гирифт.

«Хуш омадед ба Самарқанд, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров», – навиштааст роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар канали телеграмми худ. – «Ният дорем, ки музокироти муҳтавоӣ ва пурмазмунеро баргузор кунем, ки доираи васеи масъалаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар бар мегирад. Умедворем, ки ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи байни Ӯзбекистон ва Русия ба нафъи халқҳои мо минбаъд низ рушд меёбанд».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: