Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 23 апрел дар шаҳри Самарқанд ҳайати намояндагони Федератсияи Русияро таҳти сарварии вазири корҳои хориҷии кишвар Сергей Лавров, ки бо сафари корӣ дар мамлакатамон қарор доранд, қабул кард.
Дар оғози мулоқот меҳмони воломақом ба роҳбари давлати мо саломи самимӣ ва беҳтарин таманниёти Президенти Федератсияи Русия Владимир Путинро расонд.
Дар мулоқот масъалаҳои мубрами таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистон ва Русияро аз нуқтаи назари амалисозии созишномаҳои дар сатҳи олӣ ҳосилшуда баррасӣ карданд.
Бо қаноатмандӣ қайд карда шуд, ки дар тамоми соҳаҳо муколамаҳои фаъол ва табодули судманд идома доранд. Гардиши мол ва ҳаҷми сармоягузорӣ меафзояд. Кооператсияи мунтақаҳо ва корхонаҳои пешқадами саноатӣ мустаҳкам мегардад. Ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳанг, санъат, фан, таълим, тандурустӣ, варзиш ва сайёҳӣ тавсеи меёбад.
Инчунин оид ба масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалие, ки ҷонибҳо таваҷҷӯҳ доранд, табодули афкор сурат гирифт.