Бо арзи сипос ба таҳририяти рӯзномаи «Овози тоҷик», ки дар бораи ёдгории давлатии табиии «Биёбонҳои Ёзёвон»-и идораи хоҷагии ҷангали Фарғона мақолаи пурмуҳтаво интишор намуд (шумораи 11, аз 5 феврали соли 2025). Мо низ тасмим гирифтем, ки ба муштариёни ин рӯзнома дар бораи ёдгории давлатии табиии «Биёбонҳои Ёзёвон» маълумоти бештар ироа кунем. Мӯътақидем, ки ин маълумотҳо барои дарки воқеъияти ҳол хеле мусоидат хоҳад кард.
Инак, ёдгории «Биёбонҳои Ёзёвон» дар минтақаи регзорҳои Толқудуққум, дар шимолу шарқи вилояти Фарғона ҷойгир аст. Майдони он 1 ҳазору 820 гектарро ташкил менамояд. Вазифаи асосии он аз нигоҳ доштани геокомплексҳои биёбони регзори Фарғонаи Марказӣ ва фонди генетикии наботот ва ҳайвоноти онҳо иборат аст. Дар ин замина назорат кардани тағйироти раванду ҳодисаҳои табиӣ, ки дар геокомплексҳо ба амал меоянд, мониторинг гузарондан аз болои тадқиқотҳои илмӣ низ бар дӯши ин идора аст.
Барҳақ, ин ёдгорӣ барои ҳифз, ғанӣ гардонидан ва нигаҳдории манзараҳои биёбоне, ки дар регзорҳои Фарғонаи Марказӣ воқеъ гаштаанд, нақши муҳим мебозад. Бо қарори ҳокими вилоят аз 19 январи соли 2005 дар назди идораи хоҷагии ҷангали вилоят ёдгории давлатии табиии «Биёбонҳои Ёзёвон» таъсис дода шуд, ки ин аҳамияти ҷумҳуриявиро касб менамояд.
Бояд қайд кард, ки ноҳияи Ёзёвон дар давоми сол рӯзҳои офтобии зиёд дорад ва дар тобистон офтоб аз уфуқ хеле боло, ба 71 дараҷа мебарояд. Офтоб ба ҳисоби миёна 2600-2700 соат медурахшад. Аз ин рӯ, майдони ёдгорӣ аз шуоъафкани офтоб бой аст. Азбаски қисми зиёди радиатсия ба моҳҳои тобистон рост меояд, ҳаво каме тағйир меёбад. Аммо дар фасли зимистон шуоъафкани офтоб кам мешавад ва ҳар як массаи ҳавои воридшаванда ҳарорати ҳавои онро зуд тағйир медиҳад.
Ғайр аз ин, аз моҳи ноябр то нимаи моҳи феврал гармии дар натиҷаи радиатсия гумкардаи Замин аз гармии аз офтоб гирифтааш зиёд мешавад. Дар моҳи январ ҳарорати ҳаво аз 0 дараҷа паст мешавад. Дар қисми марказии он ҳавои хунуке, ки аз кӯҳҳои гирду атрофи водӣ мевазад, ҷамъ мешавад ва натиҷаи ин аст, ки ҳавои Фарғонаи Марказӣ дар фасли зимистон нисбат ба ҳавои доманакӯҳҳо хунуктар мешавад.
Дар давраи зимистон массаҳои ҳавои хунук, ки аз шимол ва шимолу шарқ ба водӣ ворид мешаванд, ҳарорати ҳаворо баъзе солҳо то 26-30 дараҷа паст мекунанд.
Аммо тобистони он дароз ва гарм аст. Ҳарорати мутлақи ҳаво то +42-44 дараҷа гарм мешавад. Сатҳи замин аз таъсири нури офтоб хеле гарм мешавад.
Гузашта аз инҳо, дар ноҳияи Ёзёвон кӯли тайёри моҳӣ мавҷуд аст. Боз теъдоди зиёди уштурҳову аспҳо ин ҷо чаро карда мегарданд. Майдони умумии он аз майдони ноҳияи ҳамсояи Қӯштеппа 12 баробар фарох аст.
Ёдгории давлатии табиии «Биёбонҳои Ёзёвон» аз ҷиҳати беназирии худ низ дорои аҳамияти калон мебошад. Манзараи беҳамтои биёбони регзор, зиёда аз 40 намуди ҳайвонот, хазандагон, хояндаҳо ва паррандагонро дорад. Боз 302 намуди растанӣ мавҷуд аст, ки ба 42 оила ва 188 насл тааллуқ доранд. 5 намуди дарахтон, 24 намуди буттаҳо, 98 хел гиёҳҳои бисёрсола, 165 хел растаниҳои яксола ва дусола низ ин ҷо рӯидаву нашъунамо меёбанд. Ба «Китоби Сурх»-и ҷумҳуриамон намудҳои нодири набототу ҳайвоноте дохил карда шудаанд, ки таҳти хавфи нобудшавӣ ба онҳо таҳдид мекунад, аз қабили тимсоҳ, калтакалоси чипории Фарғона, қурбоқаҳо, лочин, гурбаи даштӣ ва амсоли он.
Дар ҳудуди ёдгорӣ растаниҳое ҳастанд, ки 91-тоаш шифобахш ва 84-тоаш алафҳои бегона мебошанд. Дар байни ҳайвонот ва паррандаҳое, ки дар қаламрави ин ёдгорӣ зиндагӣ мекунанд, инҳоро номбар кардан мумкин аст: тимсоҳ, морҳои гуногун, қурбоқасари Штрауч, калтакалосҳои хурду бузург, сангпушти Туркистон, харгӯши кӯҳӣ, гунҷишкҳои зарду кабуд, лочин, сӯфитӯрғай, лайлаки сурх ва амсоли он.
Имконияти аз ҳама калонтарини ин минтақа мавҷудияти обанбори Фарғонаи Марказӣ мебошад, ки 4000 гектарро ташкил мекунад ва он дар шафати мамнӯъгоҳ воқеъ гаштааст. Дар моҳҳои тобистон ҳамватанони мо ба Зилха, Бостонбува ва Сетадагумӣ рафта, тавассути реги сӯзон худро табобат мекунанд.
Бояд тазаккур дод, ки сайёҳии тиббиро ин ҷо ривоҷ додан мумкин аст, зеро дар фасли гармо одамон метавонанд ба ин ҷо омада, аз реги тафсони он ба хотири барқарор кардани саломатии худ фаровон истифода намоянд.
Бо ташаббуси ҳокими вилоят бунёди 560 гектар ҷангалзор низ мадди назар аст. Илова бар ин, дар ҳамкорӣ бо кормандони Садорати экология, муҳити зист ва тағйирёбии иқлими вилояти Фарғона ва кормандони хоҷагии ҷангал дар минтақаи «Ёдгории табиии Ёзёвон» чорабиниҳои биотехникӣ гузаронида мешаванд. Дар рӯзҳои ҳавои сарди зимистон ҳайвонот мувофиқи ҷадвали хос бо ему хошок таъмин мегарданд.
Ногуфта намонад, ки масъалаи асосӣ муҳофизати табиат ва тавозуни он мебошад. Дастандаркорони соҳаро лозим меояд, ки дар машварат бо экологҳо аз имкониятҳои фаровон истифода кунанд ва тавассути ҷалби маблағҳои сармоягузорон ҳифзу нигоҳубини ёдгории давлатии табиии «Биёбони Ёзёвон»-ро боз ҳам густариш диҳанд.
Азимҷон ХУДОЙҚУЛОВ,
сухангӯи ҳокимияти ноҳияи Ёзёвон.
Гулноза ТӮХТАСИНОВА,
сухангӯи Садорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлими вилояти Фарғона.