ҲАМШИРАИ ШАФҚАТ – БОШАД САЛОМАТ!

Дар Кохи фарҳанги «Нурафшон»-и шаҳри Самарқанд марҳилаи вилоятии озмуни «Ҳамшираи шафқат – 2025» баргузор гардид.

Дар вилояти Самарқанд беш аз 100 ҳазор нафар ҳамшираҳои шафқат адои вазифа мекунанд. Чӣ бояд кард, ки хидмати онҳо ба замона хос ва манзури корафтодагон бошад?

Бо ҳамин муносибат дар Кохи фарҳанги «Нурафшон»-и шаҳри Самарқанд марҳилаи вилоятии озмуни «Ҳамшираи шафқат – 2025» баргузор гардид, ки дар он аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят намояндагон барои пирӯзӣ ва роҳхат ба марҳилаи ҷумҳурӣ талош варзиданд.

Аз рӯи ҷамъбаст ва хулосаи доварон ҷойи аввал ба ҳамшираи тиббии шуъбаи кардиологияи шифохонаи марказии шаҳри Каттақӯрғон Азизабону Каримова насиб кард.

Мақоми дуюм ва сеюмро Кумуш Ярашева аз ноҳияи Каттақӯрғон ва Нигора Акрамова аз ноҳияи Ҷомбой ба даст оварданд.

– Касби парасторӣ пуршарафу пурмасъулият аст, – гуфт котиби матбуоти Садорати нигаҳдории тандурустии вилоят Элдор Муҳаммадиев. – Онҳо ҳамеша дар атрофи беморон парвона. Бигузор, ҳамшираҳои шафқат – бошанд саломат!

 

Зоҳир Ҳасанзода,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

***

Дар шаҳри Фарғона зинаи вилоятии озмун-азназаргузаронии «Ҳамшира–2025» баргузор гардид. Дар он 25 нафар ғолибони зинаи шаҳру ноҳиявии озмуни мазкур иштирок карданд. Ҳайати ҳакамон ба баромади ҳамшираҳои зукко ва шуҷоъ аз рӯйи шартҳои озмун одилона баҳо доданд. Дар он баробари маҳорати касбӣ, ба эҷодкориву саводи сиёсии ҳамширагон эътибор дода шуд. Ҷойи аввал ба Ҳуснида Турдалиева – ҳамшираи шуъбаи реаниматсияи шифохонаи ноҳияи Бешариқ насиб гардид. Ӯ балли баландро соҳиб шуда, барои иштирок дар зинаи ҷумҳурии озмун роҳхат гирифт.

Ҷойи дуюм ба ҳамшираи шуъбаи реаниматсияи ноҳияи Данғара Иродахон Халилова ва ҷойи сеюм ба ҳамшираи шуъбаи қабули шифохонаи марказии ноҳияи Фарғона насиб гардид.

Суратгир: М. Қодиров (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: