Дар вилояти Сурхондарё танҳо ду нафар иштирокдори Ҷанги дуюми ҷаҳон дар қайди ҳаёт буда, нафаре аз онҳо сокини деҳаи Дарбанди ноҳияи Бойсун – Шоҳимардон Ҳамроеви 103-сола мебошад.
Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки аз 22 июни соли 1941 то 9 майи соли 1945 давом кард, дар таърихи башарият ҳамчун мудҳиштарин ҷанг ба қайд гирифта шудааст. Он бо ғалабаи мутлақи лашкари Иттиҳоди Шуравӣ бар болои фашизми хунхор анҷом ёфт. 9 майи соли ҷорӣ ба ин Ғалабаи оламшумул бар фашизми Олмон 80 сол пур мешавад. Дар ин ҷанги хонумонсӯз, агар миллионҳо нафар ҷони худро қурбон карда бошанд, аксари аз ҷанг зиндабаргаштагон низ тӯли ин 80 сол яке паси дигар ин дунёи фониро тарк менамоянд. Дар вилояти Сурхондарё танҳо ду нафар дар қайди ҳаёт буда, нафаре аз онҳо сокини деҳаи Дарбанди ноҳияи Бойсун – Шоҳимардон Ҳамроеви 103-сола мебошад.
Ман бо ин марде, ки корнамоиҳояш дар ҷанг беназир асту фаъолияти меҳнатиаш низ ибратангез, борҳо ҳамсуҳбат шудаам. Ҳанӯз дар овони мактабхонӣ, ки бо касби омӯзгорӣ шуғл меварзиду дар рӯзҳои ҷашни Ғалаба бо сару либоси идонаи пур аз нишонҳо омада, ба мо аз хотироти ҷанг нақлҳо менамуд, аз суҳбати пурэҳтироси ӯ баҳраманд мешудам ва дар боби корнамоиҳои ӯ дар майдони ҳарбу меҳнат мақолаҳо низ дарҷ намудаам. Ҳаёти ӯ саросар қаҳрамонист ва меарзад китобе шавад. Барои ман боиси ифтихор аст, ки ӯ на танҳо ҳамдеҳа, балки хеш (шаҷараи мо якест) ҳам ҳаст. Инак, боз сӯйи ӯ мешитобам, то аз аҳволаш хабар гирам, бо 80-солагии Рӯзи ғалаба, ки анқариб ҷашн гирифта мешавад, табрик гӯям, аз суҳбаташ баҳраманд шавам. Раҳораҳ меандешам, ки оё ин дафъа ӯ маро мешинохта бошад, охир заъфи пирӣ хотираро сол то сол заиф мегардонад. Ҳанӯз дар ҷашни 100-солагиаш, ки бо хатнасури наберааш якҷо таҷлил гардид, ӯ маро хуб шинохта буд. Инҷониб, ки дар он ҷашни мавлуд ровии давра будам, аз мавҷи кафкӯбиҳо ва суханони табрикотӣ, ки нисбати ин марди бошараф гуфта мешуданд, бори дигар идрок кардам, ки фидоии халқу Ватан ҳамеша қадру қимат дораду корномаҳояш вирди забонҳост ва ҳеч гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.
Чун ба хонаи ӯ қадам ниҳодам, писараш – Беҳрӯз маро гарм истиқбол намуда, назди падар ҳидоят кард. Баъди салому алейк ва ҳолпурсӣ Шоҳимардонбобо сӯям муддате нигоҳи ҳайрат дӯхт. Гумон кардам, ки маро нашинохт, худро шиносонидам. Дар чеҳраи пурожангаш, ки асари айёми ҷанги ҷаҳонӣ ва баъдӣ дошт, хурсандӣ ҳувайдо гардиду дурудароз маро дуо кард. Имрӯзҳо ба аёдати ӯ аз ҳар гӯшаву канори кишвар намояндагони расмии давлат, вазорати мудофиа, журналисту блогерҳо меоянд, аз ҳолаш хабар гирифта, ҳамсуҳбат мешаванд, мақолаву барномаҳо таҳия месозанд. Охир, сафи чунин қаҳрамонҳо, ки ҷони худро ба гарав ниҳода ба саодати мо сабабгор шудаанд, сол то сол кам мешавад. Ба қадри онҳо расидан ҳам қарзу фарз ва ҳам вазифаи муқаддаси ҳар кадоми мост.
Шоҳимардон Ҳамроев 15 марти соли 1922 дар деҳаи Дарбанди ноҳияи Бойсун таваллуд шудааст. Падараш – Ҳамроқул устои гулдаст, ҳунарманд ва ошпази моҳири деҳа буд. Ӯро бинобар соҳибҳунари дар деҳа ҳама эҳтиром мекарданд. Инсони халқпарвар, дар замони мушкили пеш аз ҷанг, солҳои ҷанг ва баъди ҷанг ба бисёриҳо парасторӣ намудааст. Модараш – Басандабибӣ низ ҳамчун кадбонуи моҳир миёни занҳои деҳа номвар буд. Шоҳимардон дар чунин як муҳити солими оилавӣ ба дунё омад. Соли 1940 маърифатгоҳи нопурраи рақами 9-уми ба номи Сталинро хатм карда, баъди хатми мактаби 7-сола ба омӯзишгоҳи муаллимтайёркунии Тирмиз дохил мешавад. Мутаассифона, соли 1941 ҷанги хонумонсӯз оғоз гардиду зиндагии мардум садчандон вазнин шуд. Мардон аксар ба ҷанг сафарбар гардиданд. Шоҳимардони ҷавон маҷбур шуд барои кӯмак ба оилааш, ки дар деҳа аз оилаҳои калон маҳсуб мешуд, муваққатан таҳсилро мавқуф гузорад. Зеро ҷанг ба сари ҳама оилаҳо яксон азобу уқубат оварда буд. Ӯ то соли 1942 дар хати роҳи оҳане, ки аз Тирмиз ҷониби кони ангишти Тӯдаи ноҳия Бойсун бояд кашида шавад, кор кард. Дере нагузашта аз комиссариати ҳарбии ноҳия даъватнома омад. Ҳарчанд синну соли ӯ хурд буд, ба сабаби ҷавони ҳузарб ва шуҷоъ будан, ӯро ба набарди зидди фашистон сафарбар намуданд. Шоҳимардонбобо ҳоло он рӯзҳои мудҳишро чунин ба ёд меорад.
– 29 майи соли 1942 маро ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Бойсун даъват карданд. Ҳамроҳи ман боз 28 нафар ҳамдеҳагон буданд. Моро аз назорати тиббӣ гузарониданд, баъд пиёдаву харакӣ то мавзеи Элбаёни ноҳияи Шӯрчӣ омадем. Он ҷо дар лаби канал ҷойгир карданд. Бояд аз Душанбешаҳр эшелоне меомаду моро гирифта мебурд. Пас аз ду рӯз эшелон ҳам омад ва мо савор шуда ба Когони Бухоро расидем. Баъди таом шабошаб роҳамонро давом дода ба шаҳри Тошканд ва баъд ба Қизилӯрдаи Қазоқистон расидем. Моро ба Саратов бурданд. Дар роҳ тақрибан таваққуф намекардем, зеро инро вазъият тақозо мекард. Он шабу рӯзҳо ҷанг шиддат гирифта буд. Дар Саратов гуфтанд, ки моро ба ҷанги шадиди шаҳри Воронеж сафарбар менамоянд. Сарфармондеҳи ин ҷабҳа маршал Ракассовский буд. Ошкоро бояд гӯям, ки овозаи муҳорибаи мудҳиши шаҳри Воронеж ба дили ҳар нафар ларза ва ғулғула меандохт. Ниҳоят, эшелони мо дар шаҳри Воронеж қарор гирифт. Аз вагонҳо фаромадем, ба мо аслиҳаи ҷангӣ доданд, ба взвод, рота ва баталон ҷудо намуда, бо маводи хӯрока таъмин ва ба набард сафарбар карданд. Он рӯз борони бошиддат меборид, роҳ рафтан хеле мушкил буд, вале мо ба пеш ҳаракат мекардем. Соати панҷи бегоҳ ба қароргоҳе расидем ва каме дам гирифтем. Баъд шабошаб бо фармони командир ба хандаккобӣ шурӯъ намуда, онҳоро бо дарахтон пӯшонидем, то худро аз ҳуҷум ва бомбаҳои душман муҳофизат намоем. Таъкид намуданд, ки ҳушёру зирак бошем, зеро мувофиқи маълумоти разведка ҳамин шаб ва ё пагоҳӣ душман эҳтимол ҳуҷум кунад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Ҳанӯз нафас рост накарда, тахминан соати 11-и шаб самолётҳои қиркунандаи немис болои сарамон пайдо шуданд. Онҳо беист бомбаборон мекарданд. Он шаб чизеро дигар дар ёд надорам. Пагоҳӣ маълум гардид, ки аз як рота танҳо 12 нафар зинда мондаем. Ин аввалин задухӯрде буд, ки ман онро бо чашми сар дидам ва ҳеч гоҳ аз хотирам зудуда намешавад.
Шоҳимардонбобо рӯзи нахустини ба ҷанг ворид шудан ва дар ҷанги аввалин ҳалок шудани ҳамяроқонашро ба ёд оварда, маҳзун мешавад ва баъди чанде сукут нақлашро идома медиҳад.
– Пас аз воқеаҳои оншаба моро ба қафо – ба мавзеи Барисо-Глебскии шаҳри Саратов оварданд. Ду моҳ ин ҷо мондем. Ин муддат моро ба муҳорибаи навбатӣ омода намуда, боз бо сару либоси ҳарбӣ, аслиҳаи ҷангӣ таъмин карданд ва баъд ба муҳорибаи шаҳри Калинин оварданд. Ба он ҷо соати 12-и шаб расида омадем. Лозим омад роҳҳои мушкилгузари пуробу ботлоқро тай кунем. Дар ҷойи мувофиқе қарор гирифта, хандақ ва зерзаминҳо кофтем. Охирҳои моҳи сентябр шабе фашистони немис моро сахт бомбаборон карданд. Азбаски шаб буд, ҳеч чиз дида намешуд, болои ин чангу хок, дуду оташ атрофро фаро гирифта буд, танҳо ба гӯшамон садоҳои «сӯхтам!», «об!», «вой!», «очаҷон!» шунида мешуданд. Ин муҳорибаи шадиди шаҳри Калинин буд, ки аз як рота танҳо 4 нафар: се ҷавони рус ва ман зинда мондем. Пагоҳии он рӯз ярадор ва ҳалокшудагонро аз майдони муҳориба берун овардем, зеро Сталин фармон дода буд, ки дар майдони ҷанг ягон захмӣ ва ё фавтидагон монда нараванд. Сад афсӯс, ки дар қатори қурбоншудагон ҳамяроқони ман аз деҳаи Дарбанд низ буданд. Дидани ин лаҳзаҳои мудҳиш ончунон ба дилам ларза андохт, ки нисбат ба фашистони лаъин нафратам садчандон афзуд. Савганд хӯрдам, ки то нафаси охирин бо душмани ғаддор меҷангам. Акнун бо марг рӯ ба рӯ шудан дар дили ман тарсу ҳаросе эҷод намекард…
Пас аз муҳорибаи шаҳри Калинин Шоҳимардон Ҳамроевро бо чанд нафар аскар ба омӯзишгоҳи ҳарбии Куйбишев оварданд. Ин ҷо мебоист онҳо асрори истифодабарии техникаи ҳарбиро меомӯхтанд. Баъд аз се моҳи омӯзиш онҳоро ба як қисми ҳарбӣ фиристоданд, ки он «полки эҳтиётӣ» ном дошт. Дар чиллаи зимистони қаҳратун барфи баланд борида, ҳаво хеле сард буд. Дар чунин шароит тоқат кардан осон набуд. Аммо Шоҳимардон, ки аз хурдӣ ҷавони пурсабру тоқат ва дар кӯраи зиндагӣ обутоб ёфта буд, сабру тоқат мекард.
– Қариб як моҳ дар полки эҳтиётӣ мондем, – ба ёд меорад он рӯзҳоро Шоҳимардонбобо. – Як пагоҳӣ офтоб, ки баромада буд, моро ба берун бароварда ба ҳар кадом мувофиқи лаёқат яроқу аслиҳаро тақсим карданд. Мо онҳоро ба аробаҳо бор карда, ба сӯйи ҷангали бепоён роҳ пеш гирифтем. Ман дар ин сафари ҷангӣ ҳамчун мутахассиси миномётчии 120 мм ҳаракат доштам. Баъди даҳ рӯз ба майдони ҷанг наздик шудем ва ба муҳорибаи назди Прибалтика ворид гардидем. Ана дар ҳамин ҷо ман аз поям захмӣ шуда, чанд муддат табобат гирифтам.
Шоҳимардони ҷасур баъди шифо ёфтан боз ба майдони ҳарбу зарб мешитобад ва солҳои 1943-1944 дар озод кардани шаҳрҳои Таллин, Рига ва Вилнюс далерона ширкат меварзад.
Шоҳимардон Ҳамроев тӯли се сол (аз 29 майи соли 1942 то 9 майи соли 1945) дар бисёр ҷабҳаҳо далерона ҷангида, чор маротиба сабук захмӣ шудааст ва ҳар дафъа саломатиашро зуд барқарор намуда, боз ба майдони ҷанг баргаштааст. Барои хидматҳояш дар ҷанг бо ордену медалҳои «За отвагу», «Ҷасорат» ва ғайра мукофотонида мешавад. Баъд аз ҷанг дар Донишкадаи педагогии Душанбе таҳсил гирифта, солҳои дароз дар таълиму тарбияи фарзандони халқ заҳмат кашидааст. Барои хидматҳояш бо нишони «Фахрии меҳнат» ва унвони «Аълочии маорифи халқ» қадр гардидааст. Имрӯзҳо бобои Шоҳимардон дар ҳалқаи фарзандону наберагону аберагон, ки аз 100 нафар бештаранд, давлати пирӣ меронад.
Шоймардонбобо хеле шод аст, ки ба дидани рӯзҳои шодибахши истиқлоли кишвар муяссар шуд. Ҳамеша дуо мекунад, ки Ватани ҷоноҷонамон орому осуда бошад ва насли наврас чун фарзандони баркамолу саодатманд ба воя расанд. Аз он шукр менамояд, ки бо инояти Худованди карим иншооллоҳ дидани 80-солагии Ғалабаи пуршараф насибаш мегардад.
Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.