Президенти Ӯзбекистон ва Роҳбари миллии халқи туркман ба маҷмааи Ҳазрати Хизр ташриф оварданд
Дар доираи барномаи чорабиниҳо дар шаҳри Самарқанд Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Роҳбари миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслаҳати Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов якҷо аз маҷмааи Ҳазрати Хизр боздид ба амал оварданд ва хотираи Президенти аввали кишварамонро пос доштанд.
Гулҳо гузошта шуданд ва сураҳо аз Қуръони карим қироат гардиданд.