ДАР МАКТАБҲО «РӮЗИ КИТОБХОНӢ» ГУЗАРОНИДА МЕШАВАД

Инсон дар ҳар давру замон ниёз ба хондан, омӯхтан, дониш андӯхтан, тавонистан ва эҳтиёту ҳифзи арзишҳои маънавӣ дошту дорад. Вақте мо китобро ба даст мегирем, қабл аз ҳама бо ному насаби муаллиф шинос мешавем.

Ба назар чунин мерасад, ки муаллиф бузургтарин шахси соҳиби илму дониш аст. Зеро ӯ китоб навиштааст. Чуноне ки Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар сифоти Мавлонои Балхӣ гуфтааст:

Ман чӣ гӯям васфи он олиҷаноб,

Нест пайғамбар, вале дорад китоб!

Китоб беҳтарин ганҷинаи олами маърифат ва хирад аст. Маҳз китоб инсонро ба мартабаҳои баланди шинохти хеш, фатҳи қуллаҳои илму дониш роҳнамоӣ мекунад. Аз китоб инсон сабақ меомӯзад, ба фарқи неку бад мерасад, андарзҳои бузургон ва ниёконро бобати илм, сайқали дониш ва ақлу хирад, хайру эҳсон, одаму одамгарӣ, сабру қаноат ва арзишҳои баланди миллӣ ва умумибашарӣ ба даст меорад.

Оҷонсии иттилоот ва коммуникатсияи оммавӣ аз 21 то 27 апрели соли ҷорӣ V ҳафтаи ҷумҳуриявии «Китобхон»-ро таҳти шиори «Ӯзбекистон – кишвари китобхонҳо» баргузор менамояд.

Тибқи қарори Девони Вазирон аз 14 декабри соли 2020 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушд ва дастгирии фарҳанги китобхонӣ дар солҳои 2020-2025» таҳти рақами 781, ин чорабинӣ ҳамасола дар ҳамкорӣ бо вазорат, идора ва ташкилотҳо баргузор мегардад.

Мақсади асосӣ – рушди фарҳанги китобхонӣ дар мамлакат, таҳкими заминаҳои моддию техникӣ ва молиявии корхонаҳои чопу нашр ва васеъ намудани имкониятҳои фаъолияти онҳо мебошад.

– Дар замони муосир ҳаёт пешрафти технологиро ба маҳдуд намудани имконоти зеҳнӣ мутобиқ сохт. Бубинед, баъзе ҷавонону донишҷӯён ҳунари нав – роҳи осони нусхабардориро ёд гирифтанд. Ба ҷои хондану фаҳмидан, кор ба дарки бешууронаи матлабу маънӣ омада расид. Дар натиҷа, китоб ва асарҳои бузургу пурарзиш ҷойи худро аз даст дод ва сафи истифодабарандагони иттилооти номутаносиб ба маротиб афзуд. Баъзеҳо ҳоло шабу рӯз сари компутеру телефон ва воситаҳои дигари электронӣ қарор доранд ва ин «беморӣ»-и аср ба кӯдакони хурдсол низ сироят кардааст. Хонандаи имрӯз, мутаассифона, дар симои китоб дигар манбаи пурарзиш ва гаронбаҳоро намебинад, бехабар аз он, ки ин ҷавҳари маънӣ ҳар лаҳза ӯро ба кошонаи дониш ва хирад даъват менамояд, – гуфт дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ директори Оҷонсии иттилоот ва коммуникатсияи оммавӣ Асадҷон Хоҷаев.

Қайд гардид, ки дар доираи таҳкими инфрасохтори китобхонаҳо дар зиёда аз 60 ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо марказҳои иттилоотӣ-китобхонаҳо сохта шуданд. Аз ҷумла, 18 маркази нав таъсис ёфт.

Аз соли таҳсили 2025-2026 дар мактабҳо ҳар ҳафта рӯзи шанбе «Рӯзи китобхонӣ» эълон мегардад. Инчунин, ярмаркаҳои китобфурӯшӣ ва фестивали ҷумҳуриявии «Дар ҷустуҷӯи ҳикмат» баргузор мешаванд. Таълимгоҳ ва китобхонаҳо бо китобҳои классикии адабиёти ӯзбек ва ҷаҳонӣ таъмин мешаванд.

Зикр гашт, ки дар солҳои 2020-2024 шумораи нашриётҳо 3,5 маротиба афзуда, имрӯз қариб 600-торо ташкил менамояд ва аз ҷониби онҳо соле 11,6 ҳазор номгӯй китоб чоп шуда, дар панҷ соли охир теъдоди умумии нусхаҳо ба 197,9 миллион адад расид.

100 ҳазор нусхаи адабиёти туркиву ҷаҳонӣ ба китобхонаҳо тақдим гардид. Ҳамчунин, дар соли 2025 иборат аз 200 ҷилд китоби «Аз хазинаи адабиёти ӯзбек» чоп хоҳад шуд.

Дар маросими ифтитоҳи Ҳафтаи китобхонӣ ба мактабҳои Президент, Темурбекҳо ва литсейҳои академӣ-ҳарбии Ҷалолиддин Мангубердӣ маҷмӯи асарҳои «Дурдонаҳои адабиёти туркӣ» тақдим гардид. 

Дар доираи ҳафта, дар ҷумҳурӣ баргузории зиёда аз 1000 чорабинии маърифатӣ дар назар аст. Дар шаҳри Тошканд ва Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, инчунин дар вилоятҳо ярмаркаҳои китоб таҳти шиори «Аз ношир – ба китобхон» баргузор хоҳанд шуд.

– Китоб асрҳои аср, сарфи назар аз табаддулоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, асолату бузургии хешро пойдору устувор медорад. «Ин китоб ба ман маъқул нашуд», – гуфтани ин ё он шахс баҳонае беш нест. Гузаштагони дурандеши мо китобро муқаддас дониста, дар рафу сандуқҳо чун гавҳараки чашм нигоҳ доштаанд. Ҳамарӯза аз бозору дуконҳо барои таъмини фарзандону рӯзгор сару либос ва хӯрокворӣ мехарем. Хуб мешуд, ки дар қатори онҳо ба дукони китоб низ сар халонда, ду-се дона китоб харем, – гуфт дар баромади худ раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Сироҷиддин Саййид.

Воқеан, шукӯҳу манзалати соҳибкитоб ҳамеша баланд буд ва баланд мемонад. Ҳар як китоб сарфи назар аз замони эҷод, раҳнамо ва калидест барои дарёфти мақом ва ҷойгоҳи инсон дар ҷаҳони муосир.

Саодат Бекназарова,

хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: