МАКТАБИ ТОҶИКӢ – СОҲИБИ 100 МИЛЛИОН СӮМ

Мактаби таълими умумии рақами 87-уми ноҳияи Деҳқонобод дар озмуни «Беҳтарин мактаб дар таълими забонҳои хориҷӣ» бо касби 63,72 хол ҷойи аввалро ишғол намуд ва соҳиби ҷоизаи сад миллион сӯм гашт.

Мактаби мо аз фаъолтарин дабистонҳои ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё ба шумор рафта, ин ҷо таълиму тадрис ба забони тоҷикист.

Ҷамоаи омӯзгорони дабистон чанд сол аст, ки дар баланд бардоштани сифати таълим талош доранд ва ташаббуси роҳбари давлатро дар ин росто аз дилу ҷон ҷонибдорӣ кардаву дар амал татбиқ месозанд. Дар мактаб 137 хонанда таҳсил мегиранд ва ба онҳо 32 омӯзгори варзида (аз ҷумла, 7 нафар соҳиби тоифаи олӣ, 5 нафар тоифаи якум ва 12 нафар тоифаи дуюм) таълим медиҳанд. Сарварии дабистонро марди фарзона Маҳмаднабӣ Ҳамдамов дар ӯҳда дорад. Боиси хурсандист, ки соли хониши 2024-2025 барои мактаби мо хеле бобарор омад. Дабистон дар байни 106 мактаби ноҳия чун беҳтарин таълим баргузида шуд. Дар озмуни «Беҳтарин мактаб дар таълими забонҳои хориҷӣ» бо касби   63,72 хол ҷойи аввалро ишғол намуд ва соҳиби ҷоизаи сад миллион сӯм гашт. Кунун чун ғолиби ин озмун дар зинаи вилоятии сабқат ширкат варзидаву шарафи ноҳияро ҳимоят хоҳад кард. Агар дар миқёси вилоят ғолиб гардад, соҳиби ҷоизаи пулии дусаду панҷоҳ миллион сӯм хоҳад шуд.

Дар мактаб аз забонҳои хориҷӣ танҳо забони англисӣ таълим дода мешавад. Омӯзгори фан Сайлав Чалаев муаллими дорои тоифаи олии омӯзгорӣ буда, сертификати байналхалқии забони англисии «IELTS»-ро ба даст овардааст. Заҳматҳои ин омӯзгори варзида буд, ки мактаб дар миқёси ноҳия маъруф гардид ва шогирдони он аз беҳтарин донандагони забони хориҷӣ эътироф гаштанд.

Ҷоиз аст, ки ба тавфиқи дигари шогирдону омӯзгорони дабистон назаре афканем. Ба қарибӣ дар мактаби мусиқӣ ва санъати бачагонаи рақами 5-уми ноҳия дар байни донишомӯзони мактабҳои миёнаи қаламрав сабқате таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор» баргузор гардид ва мактаби мо дар номинатсияи «Беҳтарин сароянда» сазовори ҷойи аввал шуд. Қайд кардан бамаврид аст, ки Нозима Раҷабова дар санаҳои 24-26-уми марти соли 2023 ба фестивали байналхалқии «Золотой фенис», ки дар Русия баргузор гардида буд, ширкат варзида, ба гирифтани дипломи дараҷаи якум ноил гашт ва барои иштирок дар конкурс-фестивали байналхалқии «Музикалный дистилайн» роҳхат гирифт.

Аз ин пеш ҳам мактаби мо аз рӯйи рейтинг дар байни дабистонҳои ноҳия дар сафи пеши раддабандӣ қарор дошт. Аз ҷумла, аз рӯйи нишондоди ба таълимгоҳҳои олӣ дохил шудани донишомӯзон дар ноҳия пешсаф буд ва бо ин васила дар амал исбот сохт, ки хонандагон мактаби тоҷикиро хатм карда низ метавонанд дар донишгоҳҳои кишварамон бидуни мушкилие дохил шаванд. Фикри волидон дар робита ба бартарии мактабҳои таълимашон ба дигар забонҳо назар ба дабистонҳои тоҷикӣ бепояву беасос баромад. Ҷамоаи омӯзгорони мактаб бори дигар исбот намуданд, ки агар дабистон мутахассисони баландпоя дошта бошад, ба натиҷаҳои дилхоҳ мушарраф мешавад. Нуқсон дар забони таълим набуда, балки дар мутахассисони соҳа, яъне омӯзгорон аст, ки худ дар чӣ поя саводи комил доранд.

Шогирдони мо дар озмунҳои фаннӣ низ ширкати фаъол доранд. Соли равон чанде дар озмунҳои ноҳиявию вилоятӣ иштирок карда, ҷойҳои намоёнро соҳиб гаштанд. Масалан, ду хонандаи синфи 9-уми мактаб дар озмуни ноҳиявӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ғолиб омадаву дар зинаи вилоятии сабқат ширкат варзиданд ва ҳайати доварон дониши мукаммали онҳоро сутуда, дар қатори беҳтарин хонандагон ҷой доданд. Иброҳим Элбегиев сазовори ҷойи аввал ва Манижа Ҷӯраева ҷойи дуюм гаштанд.

Ҳамчунин боиси хурсандист, ки омӯзгори мактаб Амиралӣ Сунниев дараҷаи баландтарини (А+) сертификати миллии фанни кимиёро ба даст овард. Ин натиҷаи заҳматҳои шаборӯзии як омӯзгор аст, ки қадр ёфт ва дониши баландаш аз фанни мазкур эътироф шуд. Акнун ӯ дар давоми 3 сол 20 дарсад иловапӯлӣ хоҳад гирифт. Шогирди ӯ хонандаи синфи 10 Ҳумоюн Холиқулов низ аз пайи устоди худ гом ниҳодаву муваффақ гашт. Шаҳодатномаи миллии дараҷаи С-и фанни кимиёро соҳиб шуд ва холҳои муайяни қобили қабули донишгоҳро ба даст овард. Донишомӯз Шохрух Абдумӯъминов аз фанни математика шаҳодатномаи дараҷаи В-ро соҳиб гашт. 5 нафар донишомӯзон аз фанни забони англисӣ ва 6 нафар аз фанни кимиё барои ба даст овардани сертификатҳо ариза супоридаанд ва рӯзҳои наздик аз санҷиш хоҳанд гузашт.

Бояд гуфт, ки ин талош ва комёбиҳои ҳайати омӯзгорону хонандагони мактабҳои тоҷикӣ дар ноҳияи Деҳқонобод касро рӯҳбаланд ва ҳисси ифтихорро дар дилҳо бедор месозанд.

Тӯйчӣ Чориёров,

омӯзгори фанни забон ва адабиёти мактаби таълими умумии рақами 87-уми ноҳияи Деҳқонобод.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: