НИШАСТИ ӮЗБЕКИСТОН-ТУРКМАНИСТОН АНҶОМ ЁФТ

Сафари Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ба шаҳри Самарқанд анҷом ёфт.

Дар доираи ташрифи дурӯза Президент Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва меҳмони воломақом мулоқоти дуҷониба гузарониданд, бо маҷмааи таърихиву этнографии «Шаҳри абадӣ» ва амоишгоҳи “Садои замонҳо” шинос шуданд.

Маросими ба Пешвои миллии халқи туркман супурдани ордени "Олий Даражали Дўстлик"-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд.

Пас аз анҷоми чорабиниҳои сафар, дар фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд меҳмони олимақомро Сарвари давлатамон гусел кард.

Баъдан президент Шавкат Мирзиёев ба Тошканд баргашт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: