Чанде пеш дар нашриёти «Маҳорат» ҷилди якуми китоби публитсисти шинохта, омӯзгори собиқадор, узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон Ҳамза Ҷӯра бо номи «Ҷадидони Самарқанд» чоп гардид.
Дар ин китоб сухан дар бораи рӯзгор ва осори дувоздаҳ ҷадиди шинохтаи Самарқанд дар ибтидои асри ХХ – Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Сиддиқии Аҷзӣ, Абдуқодири Шакурӣ, Исматулло Раҳматуллозода, Ҳоҷӣ Муин Шукруллозода, Тӯрақул Зеҳнӣ, Абдулқаюм Қурбӣ, Абдуқодири Ҷомеъ (Азизов), Абдулғанӣ Ҷавдат, Вадуд Маҳмудӣ ва Обид Исматӣ меравад.
Дар мақолаҳои китоб, ки дар солҳои мухталиф навишта шуда, теъдоди зиёди онҳо дар рӯзномаи «Овози тоҷик» рӯйи чоп омадаанд, ҷанбаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таҳлилҳои мантиқӣ, афкори интиқодӣ-фалсафӣ, хулосаҳои илмӣ, иншоҳои эссегуна, мулоҳизоти публитсистии муаллиф дарҷ гардидааст. Ҳамза Ҷӯра ҳангоми баррасии рӯзгору осори фарзандони маърифатпарвари Самарқанд бештар ба факту аснод, андешаҳои ашхоси наздик ва ақрабои таҷаддудхоҳон, ҳуҷҷатҳои мӯътамад такя намудааст, ки арзиши илмӣ ва адабии китобро як бар чанд зиёд мекунад.
Тавре дар муқаддимаи китоб таъкид гардидааст, «Ин китоб на танҳо барои ба абадият сабт намудани номи таҷаддудхоҳон, балки баҳри ба самъи хонандагон расонидани рӯзгори пурмашаққату вазнини таҷаддудхоҳони нимаи аввали асри ХХ аҳамияти махсусро молик аст. Риштаи умумие, ки рӯзгору мероси адабӣ ва тақдиру қисмати эшонро ба ҳам мепайвандад, рӯшноии равзанаи боғи маорифпарварӣ ва таҷаддудхоҳист, ки осори ин адибон аз ҳамон нури маънавӣ ғизо гирифтааст, таъқибу тазйиқоти сиёсиест, ки ҷаври онро қариб ҳамаи таҷаддудхоҳон ва маорифпарварони замони шӯравӣ чашидаанд».
Афзалият ва бартарияти дигари китоб дар он аст, ки дар он намунаи осор ва ашъори олимони маърифатпарвару бедорфикр низ оварда шудааст. Яъне, матолиби китоб барои дарки амиқи баъзе паҳлӯҳои адабиёти асри XX, омӯхтани характер ва хусусияти ҷараёни адабии давр, таҳлили мавзӯъ, мазмун, унсурҳои шакл, забону услуб, жанр ва намудҳои мушаххаси намояндагони адабиёти ин давр мусоидат мекунад.
Инчунин, хонанда то ҳадде бо вазъи таърихӣ, сиёсӣ, ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ошно гардида, дубора амин мешавад, ки ин давр дар ҳаёти маънавию маърифатии мардуми Самарқанд, хусусан дар таҳким ва густариши шуури иҷтимоӣ, эҳёи дигарбораи асолати ҳунар, вусъати афкор ва ҷаҳонбинии мардум ҳамчун марҳилаи муҳими таърихӣ мақоми ҷудогона дорад.
Дар ин давр дар Самарқанд, ки аз азал маркази адабию илмии тамаддуни Машриқзамин ба шумор мерафт, бо саъю эҳтимоми аҳли бедори илму адаб адабиёти бадеӣ рӯ ба инкишоф ниҳода, дар осору ашъори эҷодкорон баробари эҳёи дубораи суннатҳои беҳтарини назму насри мумтози форсу тоҷик ва ӯзбек, руҳияти тоза ва моҳияту сифати нави давраи нави таърихӣ ба назар мерасад.
Бояд гуфт, ки ин амали шоёни таҳсин, ки аз ҷониби Ҳамза Ҷӯра анҷом ёфт, қобили дастгирӣ ва пайравӣ мебошад ва онро тақозо мекунад, ки таҳқиқу таҳлили осори маорифпарварони ин давр бояд идома ёбад.
Ш. ЮЛДОШЕВА.