ШАРАФМАНДИ ДУ ОЛАМ БОШАД УСТОД...

Вақте сухан дар бораи устод меравад, беихтиёр пеши чашмам солҳои донишҷӯиям меояд. Соли 1996 баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳоямро ба Донишкадаи педагогии вилояти Тошканд супоридам ва ба бахти донишҷӯйӣ мушарраф гардидам. Аз он давр хотираҳои нек боқӣ мондааст... Роҳбари гурӯҳамон устод Баҳриддин Муҳиддинов буданд.

 

Аз падар гар қолаби тан ёфтем,

Аз муаллим ҷони равшан ёфтем.

Омӯзгор шахсест, ки дар таълим ва тарбияи насли наврас нақши бузург дорад. Ӯ на танҳо дониш медиҳад, балки инсонро ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, фарҳангӣ ва ахлоқиро меомӯзонад. Ҳар яки мо дар кадом вазифаву лавозим набошем, замоне аз устод-омӯзгорон таълиму тарбия гирифта, гоҳо ба ҷиҳатҳои муфиду хислатҳои неки онҳо дар зиндагӣ пайравӣ мекунем.

Вақте сухан дар бораи устод меравад, беихтиёр пеши чашмам солҳои донишҷӯиям меояд. Соли 1996 баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳоямро ба Донишкадаи педагогии вилояти Тошканд супоридам ва ба бахти донишҷӯйӣ мушарраф гардидам. Аз он давр хотираҳои нек боқӣ мондааст... Роҳбари гурӯҳамон устод Баҳриддин Муҳиддинов буданд. Дар аввал устодро ҳамчун муаллими одӣ, чун дигар омӯзгорон қабул кардем, лекин муддате нагузашта донистем, ки меҳри ин инсон баҳри беканореро мемонад. Он кас аз фанҳои педагогика ва психология сабақ меомӯхтанд. Лаҳзаҳои дарсгузарии устод ҳанӯз пеши назар аст. Дар дарс фикру ақидаҳои адибону педагогҳои машҳурро истифода мебурданд. Адиби машҳури рус Лев Толстой гуфтааст: «Муаллим шогирдонашро бояд чун фарзанди худ аз дилу ҷон дӯст дорад». «Агар муаллим касбашро дӯст дорад, ӯ омӯзгори хуб, агар хонандаро чун падару модар дӯст дорад, аз муаллими аввала беҳтар ва агар ҳар дуи ин хусусиятҳо дар ӯ муҷассам бошад, дар он ҳолат вай муаллими мукаммал аст...» 

Устод Б. Муҳиддиновро аз ҷумлаи муаллимони мукаммал меҳисобам. Азбаски донишкада дар шаҳри Ангрен ҷойгир буду худ сокини деҳаи Бурҷимуллои ноҳияи Бӯстонлиқ будам, аз сабаби дурии роҳ мо – донишҷӯён моҳе, ё дар ду-се моҳ як бор хона мерафтем. Албатта даври донишҷӯйӣ лаҳзаҳои ширин ва баробари ин ташвиши ба худ хосро дорад. Як рӯз «бардам» дигар рӯз...

Устод дар ҳамон рӯзҳои «буду нобуд»-и мо доим ғамхорӣ мекарданд. Дар он айём на телефони ҳамроҳ буду на картаҳои пластикӣ. Боре баъди семестри якум як ҳафта таътил доданд. Дил ба хона кашолу киса холӣ. Бо сад хиҷолату сари хам пеши устод рафтам. Гапро кашол дода ба мақсад гузаштам.

– Э, Моҳираҷон, ин чӣ гап, ҳоҷати хиҷолат не, мо ҳам замоне донишҷӯй будем, ин ҳолат аз сари мо ҳам гузаштааст, – гуфтанду роҳкиро доданд. Ва он рӯз бо мамнуният ба оғӯши волидон расидам. То ба зодгоҳам расидан шукр мегуфтам, ки хайрият чунин инсонҳо ҳастанд ва ба устод меҳру ҳурматам зиёдтар мегардид. Шоира Саодат Сангинова барҳақ гуфтааст:

Шарафманди ду олам бошад устод,

Аниси ҷумла одам бошад устод.

Ба шогирдон бубахшад ҷисму ҷонаш,

Саховатпеша, Ҳотам бошад устод.

Боз як ҷиҳати муҳими фаъолияти омӯзгорӣ он аст, ки муаллим бо хонанда бояд мулоқоти дӯстона дошта бошад.  Мо дар гурӯҳ 19 нафар будем. Ҳама устодро ҳурмат мекардем, дӯст медоштем. Устод низ бо мо фарзандвор муносибат мекарданд. Рӯзе мо, мусофир–донишҷӯёнро ба хонаашон ба меҳмонӣ даъват намуданд. Бо аҳли оилаашон шинос карданд. Ҳамсарашон – холаи Бибинисо ҳам моро бо чеҳраи кушод пешвоз гирифтанд. – Туро дар қатори фарзандонам мебинам, – гуфтанд хола. Баъд аз он зуд-зуд дар рӯзҳои истироҳат ба хонаи хола (худашон хоҳиш карданд) мерафтам. Баъди хатми донишкада низ равуоро давом додем. Падару модарам онҳоро ҳамчун хеши наздик қабул карданд. Ҳар вақт ёдрас мекарданд, ки аз ҳолашон хабар гирам.  Дар рӯзи тӯйи арӯсиам устод Баҳриддин Муҳиддинов бо Бибинисохола ба хурсандии мо ҳамроҳ шуданд. Таваллуди фарзандонамро чун бобову бибиҷон бо туҳфаҳо истиқбол мегирифтанд.

 Шояд ин гуфтаҳо барои дигарон як афсона намояд, лекин бароям лаҳзаҳое буданд, ки фаромӯшнопазир. На ҳар кас ба бегонагон чунин ғамхорӣ мекунад. Солҳо сипарӣ шуданд, бо фаъолияти педагогӣ ва корҳои оилавӣ андармон шуда, аёдати эшонро камтар ба сонитар гузоштам.

 Устоду холаам: – Акнун худамон ба роҳ баромаданӣ будем.

Чӣ шуда бошад ба Моҳираи мо гуфта, хавотир кашиданашонро изҳор намуданд. Бо аҳли оилаашон суҳбат карда, давраҳои гузаштаро ба ёд овардем. Минбаъд зуд-зуд хабар мегирам, набераҳоятон калон шуданд, шумо ҳам гузаред тарафҳои мо, гӯён хайру хуш кардам.

– Ҳавои Бурҷимулло салқинтар, насиб бошад, тобистон ҳамроҳи холаат меравем, – гуфтанд устод. Даври донишҷӯйӣ аз як автобус ба дигараш савор шуда, ними рӯзамон дар роҳ мегузашт. Ҳоло мошини сабукрав дар як дам роҳи ҳамвори Ангрен – Тошкандро пас гузошта, роҳи зодгоҳамро пеш мегирад. Дар бозгашт боз хаёлам ба даври донишҷӯйӣ баргашт. Он лаҳзаҳо чун тасмаи кино як-як аз назар мегузашт. Вақти таҳсил дар донишкада устод доимо мегуфтанд, ки «Фаромӯш накунед, агар шифокор бесавод бошад, ҳаёти инсон дар хавф мемонад, агар омӯзгор бесавод бошад, ба ҷамъият завол меорад». Барои ҳамин муаллим бояд доим дар омӯзиш бошад, болои худаш кор кунад, пайваста дар ҷустуҷӯ бошад:

Шамъ шудӣ, шӯъла шудӣ, сӯхтӣ,

То ҳунаратро ба мо омӯхтӣ.

Ҳоло устодам даври пирӣ меронанд. Мефахрам, ки аз чунин устодон таълиму тарбия гирифтаам. Аз оне, ки донишкадаро хатм кардам, 25-сол гузаштааст. Ҳоло худам низ омӯзгорам. Кӯшиш мекунам, ки ба шогирдонам чун Баҳриддин Муҳиддинов таълиму тарбия дода, аз усулҳои педагогии устод истифода барам. Гоҳо бо худ меандешам, ки худам барои шогирдон устод шуда тавонистам? Аз дили шогирдонам ҷой гирифтам?

Моҳира Мирсамиева,

директори мактаби таълими умумии рақами 41-уми ноҳияи Бӯстонлиқ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: