«ХАРИТАИ ЯГОНАИ САЙЁҲӢ» ҶОРӢ ХОҲАД ШУД

Имрӯз кишварҳои зиёди ҷаҳон, аз ҷумла Фаронса, Туркия ва Ҷопон, туризми дохилӣ ва хориҷиро ҳамчун сутуни асосии иқтисоди миллии худ фаъолона ривоҷ медиҳанд. Дар таҷрибаи ин кишварҳо на танҳо фароҳам овардани инфрасохтор, балки ба лоиҳаи сармоягузорӣ табдил додани ҳар як манбаи таърихӣ, фарҳангӣ ва табиӣ аҳамияти бузург дорад.

Дар кишвари мо низ соҳаи сайёҳӣ на танҳо ба воситаи рушди иқтисодӣ, балки ба яке аз локомотивҳои асосии имиҷи кишвар, дипломатияи фарҳангӣ ва рушди минтақавӣ табдил меёбад. Дар ҷамъомади видеоселекторие, ки таҳти роҳбарии Президенти кишвар баргузор гардид, зарурати боло бурдани иқтидори сайёҳии минтақаҳо ва суръат бахшидани татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҳамаҷониба баррасӣ шуд.

Тавре таъкид гардид, дар солҳои охир соҳаи сайёҳӣ дар иқтисоди миллии мо ба як бахши муҳим ва саҳмгузор табдил меёбад. Ҳаҷми содироти соҳа 1,6 баробар афзуда, ба 3,5 миллиард доллар расид. Ғайр аз ин, зиёда аз 2 ҳазор соҳибкори нав дар ин самт ба фаъолият оғоз карда, ҷараёни воридоти сайёҳони хориҷӣ бори аввал аз марраи 10 миллион нафар гузашт ва дар баробари ин, дар минтақаҳо инфрасохтори сайёҳӣ ва хидматрасонӣ босуръат ривоҷ меёбад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар 8 соли охир сармоягузорони маҳаллӣ ва хориҷӣ ба ин самт 6,5 миллиард доллар сармоя ҷалб намуда, 130 ҳазор ҷойи истиқомати меҳмонон ташкил карданд. Ин рақам имсол боз ба 30 ҳазор ҷой афзоиш хоҳад ёфт. Дар қуллаи «Олтин бел»-и ноҳияи Паркент минтақаи нави лижаронии сатҳи байналмилалӣ сохта мешавад. Маркази лижаронии «Куршевел»-и Фаронса ба ташкили маконҳои сайёҳии мутобиқ ба стандартҳои аврупоӣ дар минтақаҳои кӯҳистонии кишварамон таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Ин, пеш аз ҳама, аз он далолат медиҳад, ки муҳити соҳибкорӣ ва сифати инфрасохтор дар кишвар ба сатҳи нав баромадааст.

Омода гардидани стратегияи то соли 2040 барои ба 7 фоиз расонидани саҳми соҳаи сайёҳӣ дар иқтисодиёт ва ба 10 миллиард доллар баровардани ҳаҷми содирот ифодаи равшани таваҷҷуҳ ба ин соҳа мебошад.

Чорабиниҳо чун ҷорӣ кардани низоми «Харитаи ягонаи сайёҳӣ», ҳисоботи автоматӣ ва ҷалби грантҳои байналмилалӣ барои корҳои таъмиру бозсозии мероси таърихӣ, дар таҳаввули муносибати аҳолӣ ба сарватҳои миллӣ саҳми муҳим доранд.

Зеро, объектҳои мероси фарҳангӣ бояд на танҳо барои сайёҳони хориҷӣ, балки пеш аз ҳама, барои густариши ҷаҳонбинии шаҳрвандон тавассути саёҳат ва ҷалби бештари сайёҳони маҳаллӣ ба як макони кушода ва фаъол табдил ёбанд. Пешниҳод дар бораи ҳамчун «Рӯзи саёҳат бо оила ва ҷамоаи корӣ» эълон намудани ҳар шанбе ва якшанбеи аввали моҳ низ метавонад ҳамчун ташаббуси муҳими иҷтимоӣ арзёбӣ шавад.

Боз як масъалаи муҳим, ки дар ҷамъомад аз ҷониби Президент зикр гардид — зарурати барҳам додан ба тӯл кашидани беасоси лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва истифодаи мақсадноку оқилонаи маблағҳо мебошад. Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ дар бораи татбиқи лоиҳаҳо бо арзиши умумии 20 миллиард доллар кор бурда мешавад. Таъкид гардид, ки то охири соли ҷорӣ иҷрои корҳо ба маблағи 4,5 миллиард доллар ҳатмӣ буда, нисбат ба масъулон чораҳои қатъии назорату ҷавобгарӣ андешида хоҳад шуд.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҷалби сармоя аз хориҷ худ ба худ кофӣ нест – ба иқтисодиёти воқеӣ бо суръат, самаранок ва шаффоф равона намудани он мезони асосӣ маҳсуб меёбад. Дар кишварҳое чун Сингапур, Кореяи Ҷанубӣ ва Полша ҳамкорӣ миёни ҳукуматҳои маҳаллӣ ва бонкҳо, инчунин татбиқи лоиҳаҳо тавассути бонкҳои лоиҳавӣ ва марказҳои молиявӣ самараи худро нишон додааст.

Гуфтан мумкин аст, ки дар кишварамон ҷорӣ намудани модели нави ҳамкории ҳокимиятҳои вилоятҳо ва бонкҳо, ки маблағҳо дар минтақаҳо дар асоси лоиҳаҳои тайёр тақсим мешаванд, ифодаи умумимиллии таҷрибаи дар боло зикршуда мебошад. Дар ин самт роҳбарони маҳаллиро зарур аст, ки ташаббус кор бошанд, бо соҳибкорон мунтазам кор баранд ва лоиҳаҳои босифату боэътимодро пешниҳод намоянд.

Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» ислоҳотеро, ки дар соҳаҳои сайёҳӣ ва сармоягузорӣ ба нақша гирифта шудаанд, ҷонибдорӣ мекунад. Агар вазифаҳои афзалиятноки дар ҷамъомад муайянгардида самаранок татбиқ шаванд, он гоҳ устувории иқтисодии кишвари мо мустаҳкам мегардад, ҷойҳои нави корӣ таъсис ва имкониятҳои рушди минтақавӣ тавассути сайёҳӣ афзоиш меёбанд. Ҳамзамон, барои ҳифз ва таблиғи мероси миллӣ ва фарҳангии мо дар сатҳи ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам мегардад.

Робахон МАҲМУДОВА,

роҳбари фраксияи ҲСД «Адолат» дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: