Дар урфият «парранда дар лонаи худ ҳар чӣ бинад, онро кунад», «ба зери дарахти себ, себ меафтад» мегӯянд. Воқеан, мо дар ҳаёт борҳо дар амал шудани ин гуфторҳоро шоҳид шудаем. Вақте китоби рӯзгори инсони хоксор, марди меҳнатдӯст, фарзанди меҳрубон ва падари ғамхор Фаррух Бобоевро варақ мезанем, боз як бор бар ин амин хоҳем шуд.
Фаррух худ дар оилаи омӯзгор ба камол расидааст ва хуб медонад, ки муаллимӣ пешаи заҳматписанду бошараф ва ҳамзамон касби нонаш «сахт» аст. Агар муаллим пайваста аз пайи омӯзишу ҷустуҷӯ набошад, аз замон, ки босуръат рушд мекунад, қафо мемонад. Яъне омӯзгор бояд ҳамқадам ва ҳамнафаси замон бошад.
Падараш Аҳмадҷон тӯли солҳо дар мактабҳои ноҳияи Сариосиё ба донишомӯзон асрори фанни таърихро омӯхт. Чанд сол ҳамчун муовини директор оид ба корҳои таълим ва директор фаъолият намуд. Маҳорат ва таҷрибаи пешқадами педагогии Аҳмадҷон борҳо дар соҳаи маориф оммавӣ гардид. Мавсуф беш аз чоряк аср чун мудири шуъбаи таълими халқи ноҳияи Сариосиё кор карда, на танҳо симои мактабҳои ноҳия, балки сатҳи таълиму тарбияро дар онҳо беҳтар намуд. Агар ба таърихи таълими халқи вилояти Сурхондарё назар кунем, аён мешавад, ки то ҳол ягон мудир чун Аҳмадҷон Бобоев зиёда аз 25 сол ба шуъбаи таълими халқи ноҳия роҳбарӣ накардааст. Меҳнати фидокорона ва таҳтидилонаи устод аз ҷониби ҳукумат муносиб қадр шуда, ба унвони фахрии «Ӯзбекистонда хизмат кӯрсатган халқ таълими ходими» ва ордени «Дӯстлик» сарфароз гардидааст. Бонуи меҳнатдӯсти устод, яъне модари Фаррух Бобоев низ то ба синни нафақа омӯзгорӣ кардааст.
Фаррух, ки дар чунин муҳити илму адаб ва ибратбахш ба камол расида буд, ба касби волидон ҳавас карда, пас аз хатми мактаб таҳсилро дар факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Тирмиз идома дод. Сипас, бо мақсади таҳкими дониш дар самти забоншиносӣ дар шуъбаи магистратураи Донишгоҳи забонҳои ҷаҳони Ӯзбекистон аз рӯйи ихтисоси «лингвистика» хонд. Соли 2011 магистратураро хатм карда, бо мақсади беҳтар азхуд намудани асрори таълиму тарбия ва мутахассиси пешбари соҳа шудан фаъолияти меҳнатии худро дар мактаби миёнаи рақами 52-юми ноҳия оғоз кард.
Фаррух пайваста аз пайи омӯзиш буд ва ҳамеша барои такмили маҳорати педагогиву дониши ихтисосӣ талош мекард. Ӯ дар раванди дарсҳои забони хориҷӣ аз методҳои гуногуни интерфаъол истифода мебурд ва ҳар як дарси худро бо омодагии ҳамаҷониба мегузаронд. Ҳамзамон оид ба соҳаи хеш мақолаҳои илмӣ навишта, дар озмунҳои гуногуни Вазорати таълими халқ фаъолона иштирок мекард. Таҷрибаи педагогии ин омӯзгори кӯшову пешқадамро дар мактабҳо оммавӣ менамуданд. Ин буд, ки саъю кӯшишҳои Фаррух беҳуда нарафтанд: меҳнатҳои фидокорона ва содиқонааш натиҷаи худро доданд. Нахуст ин омӯзгори ҷавони заковатмандро услубшиноси шуъбаи таълими халқи ноҳия таъин ва баъд аз чанде ба вазифаи услубшиноси Маркази эҷодии техникии донишомӯзони ҷумҳурӣ даъват намуданд. Дар ин ҷо низ фаъолияти босамар намуд ва бо назардошти комёбиҳои мусбати шогирдонаш, ӯро ба садорати кадрҳои Вазорати таълими халқи ҷумҳурӣ сарнозир таъин карданд.
Солҳои 2011-2018 дар вазифаи муовини сардори Садорати кадрҳои вазорат ва аз соли 2018 чун сардори Садорати назорат ва таҳлили вазорат кор кард. Солҳои 2019-2023 дар вазоратҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, инчунин, таълими томактабии ҷумҳурӣ дар вазифаҳои мудири шуъбаҳои кадрҳо софдилона меҳнат карда, дар ҷамъ овардани мутахассисони варзидаи соҳа саҳми арзанда гузошт.
Дар ҷараёни кор дар вазоратҳо ба давлатҳои хориҷӣ низ сафар карда, таҷрибаи таълимии онҳоро омӯхт. Аз ҷумла, дар Донишгоҳи политехникии «Ningbo», Донишгоҳи «Zhejiangnormal»-и Чин ва дар Донишкадаи миллии рушди захираҳои инсонӣ (NHL)-и Кореяи Ҷанубӣ донишу маҳорати худро такмил дод.
Меҳнати шоиста ва фидокоронаи чандинсолаи Фаррух дар соҳа муносиб эътироф гардида, бо нишонҳои сарисинагии «Халқ таълими аълочиси»-и Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, «Жисмоний тарбия ва спорт аълочиси», инчунин, нишони хотиравии Вазорати таълими Кореяи Ҷанубӣ мукофотонида шудааст.
Фаррух дар кадом соҳа ва дар чӣ вазифа кор кунад, доим мекӯшид, ки ҳалол ва аз рӯйи виҷдон фаъолият намояд. Ростгӯву росткор бошад. Доим бо ҳолатҳои коррупсионӣ мубориза мебурд.
Солҳои 2023-2024 дар вазифаи муовини аввали директори Агентии таълими томактабӣ фаъолият намуд. Аз моҳи октябри соли гузашта дар вазифаи муовини сардори Садорати рушди таҳсилоти инфиродӣ, таҳияи барномаҳои таълимӣ ва таъминоти методии Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ кор мекунад.
Агар ба фаъолияти Фаррух Бобоев амиқтар назар андозем, шоҳиди он мешавем, ки ӯ аз соли 2007 то имрӯз дар вазифаҳои гуногуни вазоратҳо кор кардааст. Ва дар байни ин солҳо, баробари иҷрои супоришот, ҳалли мушкилот, бозомӯзии таҷрибаҳои ҷаҳонӣ ва роҳандозии онҳо, аз ҷустуҷӯ ва пажӯҳиш даст накашидааст. Доир ба рушди соҳаи таълим дастурҳои таълимию методӣ офарида, дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо маърӯзаҳо ширкат намудааст ва дар маҷаллаҳои бонуфузи мамлакат ва хориҷи кишвар зиёда аз панҷоҳ мақолаи илмӣ оид ба рушди маориф чоп кардааст.
Фаррух Бобоев, ки аз овони ҷавонӣ орзуи доктори илм шуданро дошт ва душвориҳои пажӯҳишҳои илмиро дар ин роҳ паси сар кардааст, ахиран дар мавзӯи «Механизмҳои ташаккули салоҳиятҳои шахсии директорон дар идоракунии ташкилотҳои таълимии томактабӣ» рисолаи докторӣ дифоъ кард. Бо қарори Шӯрои илмии назди Институти рушди таҳсилоти касбии Комиссияи олии аттестатсионӣ ба ӯ унвони илмии доктори фалсафа оид ба илмҳои педагогӣ (PhD) дода шуд.
Албатта ин ҳама самари дуои волидон, меҳнати фидокорона, талоши пайваста ва заҳмати шабонарӯзии Фаррух Бобоев дар роҳи донишандӯзӣ, такмили маҳорат ва таҷриба аст, ки ӯро ба коми дил расонд. Чунончи, бузургон фармудаанд:
Дониш талабу бузургӣ омӯз,
То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз.
Усмоналӣ НОРМАТОВ, журналист.