САРДОРИ КӮЧА ЧӢ КОР МЕКУНАД?

Вазифаи «сардори кӯча» он замон як мансаби даҳонию муқаррарӣ буд, баъдан вай кори ҷиддӣ ва ба вазифаи бошараф бадал шуд.

2-3 сол пеш нафаре аз ҳамдеҳагон ба ман:

– Шумо сардори кӯчаамон шавед-чӣ? – гуфт.

– Хуб, сардори кӯча чӣ кор мекунад? – пурсидам аз вай.

– Супориши идораҳои болоиро иҷро мекунед, – ҷавоб дод вай.

– Хеле хуб, лекин ман бисёр сафарҳои корӣ дорам. Аз ин сабаб ба ин вазифа чандон мувофиқ нестам.

Вазифаи «сардори кӯча» он замон як мансаби даҳонию муқаррарӣ буд, баъдан вай кори ҷиддӣ ва ба вазифаи бошараф бадал шуд.

Хабар расид, ки Тӯйчибой Тошматов ба яке аз кӯчаҳои калони маҳаллаи Қалъаи Поёни мо сардор таъин шудааст.

Тӯйчибой аслан аз аҳли маҳаллаи аввалини мо – Майдон буд. Баъд хонадор шуду бо хонаводааш муқими маҳаллаи Қалъаи Поён ва боз бо мо ҳаммаҳалла гардид. Падари ӯ Шарофбойамак аз ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ як пояшро бохта баргашт. Ба вай барои ҷасоратҳои ҷангӣ давлат мошини сабукрав дод ва писарон, аз ҷумла, Тӯйчибой ин мошинро идора карда, ба падар хидмат менамуданд.

Тӯйчибой дар мактаби деҳа хонд. Ӯ аз мо ду сол пеш – аввали солҳои 70-уми асри ХХ мактаби миёнаро бо баҳоҳои хубу аъло ва одобу ахлоки нек хатм кард.

Ба техникуми саноатии пойтахт дохил шуд. Баъди хатми он дар омӯзишгоҳи касбию техникии рақами 111-уми ноҳияи Чуст ба фаъолияти педагогӣ сар кард. Бо шикасти бинои таълимӣ муассисаро аз деҳаи Карнон ба шаҳри Чуст кӯчониданд. Омӯзишгоҳи онҳо баъдан ба коллеҷи хоҷагии қишлоқ табдил гашт. Дар ин ҷо низ Тӯйчибой ба ҷавонону мутахассисони оянда асрори мошин ва техникаи кишоварзиро омӯзонд.

Аз оғози солҳои навадуми асри гузашта дар хоҷагии пахтакории варзикиён аввал ҳамчун экспедитор ва баъд сармуҳандис кор кард. Дар ин мобайн дар соҳаи техникии хоҷагии кишоварзии ба номи Гагарини ноҳияи Чуст 2 сол меҳнат карда, боз ба кори пештарааш баргашт. То дами вопасини хоҷагии ҷамоавӣ, яъне соли 2002 дар он ҷо фаъолият дошт.

Ҳоло Тӯйчибой нафақахӯр аст. Раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Қалъаи Поён Камолхон Нуриддинов ӯро сардори кӯчаи Табобат таъин намуд. Сардори кӯча ӯҳдадор аст, ки супоришҳои раиси маҳалларо адо кунад. Дар маҳалла кӯчаҳо бисёранд, сардор хабари чӣ кор кардани мардуми ин кӯчаҳоро фавран мерасонад. Онҳоро на фақат ба ҷамъомаду ҳашарҳо, балки ба истироҳат, намоиши консерту тамошоҳо низ сафарбар ва даъват мекунад.

Ба гуфти раиси маҳалла сардори кӯча дар ҳар се моҳ як бор маош мегирифтааст.

– Барои пешбурди кори маҳалла бо аҳли кӯча маслиҳат мекунем, дар мактаб бо муаллимону хонандагон суҳбат мегузаронем. Бо оштикунии оилаҳо машғул мешавем. Барои киштукори замини наздиҳавлию парвариши боғҳо ба одамон маслиҳат, ҳатто ин корҳоро ба ҷавонон ёд медиҳем. Бо ҳамкориву ташаббус кӯчаамонро чароғон кардем. Шабамон рӯз барин равшан шуд. Барои пешгирии ҷиноят дар кӯча, камераҳо мегузорем. Туфайли ин чорабиниҳо кӯчаамон орому обод шуд, 70-80 фоиз аҳолӣ оби тозаи чашма менӯшад, ҷудошавии оилаҳо ва ҷиноятҳо кам шуданд, – мегӯяд сардори кӯчаи Табобати маҳаллаи Қалъаи Поён Тӯйчибой Тошматов.

Ш. МИРЗОЕВ,

ноҳияи Чусти вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: