АБДУЛАҲАД ҚАҲҲОРОВ ВА ҲАБИБУЛЛО ҚОДИРӢ

Нависанда ва шифокор Ҳабибулло Қодириро ҳамчун муаллифи китоби ёддоштии «Дар бораи падарам» ва «Рӯзҳои вопасини Қодирӣ» мешиносем.

Дар ин рӯзҳо ба навишта шудани романи «Рӯзҳои гузашта»-и адиби барҷаста Абдулло Қодирӣ 100 сол пур мешавад. Ба ин муносибат китобе ба унвони «Хотироти зинда» дар арафаи чоп аст, ки ба қалами набераи нависандаи маъруф (писари Ҳабибулло Қодирӣ) Шеркон Қодирӣ мутааллиқ мебошад.

Шеркон Қодирӣ дар баробари истифода аз китобҳои падараш ба сифати манбаъ баъзе маълумотҳои таърихиро амиқтар намуда, бо фактҳои ҳаётӣ хотираҳои падарашро пурра намудааст.

Муҳаммад Шодӣ

15 ноябр

Чанд сол қабл аз ин таҳти сарлавҳаи «Чимён» лавҳае сар карда будам. Имрӯз навиштани онро давом додам. Бегоҳирӯзӣ аз дами дарвоза касе садо кард. Ҷавони ношинос. Баъди ҳолпурсӣ ба дастам номае дод ва гуфт ҷавоб навишта медодаед. Дар мактуб, ки бо ҳуруфи арабӣ буд, чунин қайдҳо ба чашмам афтид: «Мулло Ҳабибулло, ман ҳоло дар Тошканд, дар фурсати бароятон қулай ба манзилатон рафта, ба шумо вохӯрданӣ будам. Ҷавобатонро аз каси номаро гирифта бурда интизор мешавам. А. Қаҳ-ҳоров».

Дар паси нома «Самарқанд дарвоза, проезд Термез, 37» сабт ёфта буд. Ҷавоб навиштам: «Пагоҳ дар вақти дилхоҳатон омадан гиред, интизор мешавам».

Ҷавони ронанда номаро бурд.

Хӯш, А. Қаҳҳоров кист?

Қабл аз ҷавоб додан каме ба пас менигарем.

...Тобистони соли 1967 буд. Ман дар поликлиникаи рақами 10-уми Шайхонтаҳур (ҳоло рақами 16) ҳамчун шифокор хидмат мекардам. Бештар аз сесад нафар донишҷӯёни факултаи геологии Институти политехникии Тошканд дар Бурҷимулло машғулоти амалӣ мегузаронданд. Барои вазъи саломатии онҳоро назорат карда истодан маро ба муддати се ҳафта ба он ҷо фиристоданд. Инро бо мамнунӣ қабул кардам. Метавонистам бо бачаҳоям аз ҳавои кӯҳ серӣ нафас кашем. Бо фарзандонам Хондамиру Шеркон дар соҳили дарёи Чотқол чодар задем.

Аз байн як ҳафта гузашт. Бачаҳоро гузошта, худам ба шаҳр баргаштам. Бояд таҳти мавзӯи «Таърихи навишта шудани романи «Каҷдум аз меҳроб» дар радио баромад мекардам. Ҳамсарам гуфт: «Шуморо се-чор рӯз пеш як каси ношинос аз Тоҷикистон пурсида омад. Ман кай баргаштанатонро ба вай фаҳмондам. Пагоҳ омаданист».

Пагоҳаш он шахс омад. Ба хона дароварда, дасторхон кушодем. Вай марди тақрибан 60-сола, дар асл қӯқандӣ Акбарҷон Тӯхтабоев буда, дар ноҳияи Масчоҳи Тоҷикистон чун сармуҳосиб кор мекардааст. Гуфт: «Як нафар дӯсти тоҷикатон аз Душанбе гуфтанд, ки Ҳабибуллоро ёфта бо худ овар, панҷ-даҳ рӯз омада дам гирифта раванд».

– Он кас кӣ будаанд? – пурсидам.

– Он касро рафта дида, шинос шуда мегиред, ҳозир кӣ буданашонро

гуфтанам лозим набудагист.

Аз табассуми меҳмон фаҳмидам, ки таклиф самимист.

– Таклифатонро сидқан мепазирам, аммо ҳоло дар хидматам, баъди ду ҳафта озод мешавам, –  гуфтам ман.

Акбарҷонака ваъда дод пагоҳи рӯзи аз кӯҳ баргаштанам маро омада мебарад.

Бо фарзандонам аз кӯҳ баргаштем. Пагоҳаш Акбарҷон бо мошин омад. Аз корхонаам се рӯз рухсат пурсида, ҳамроҳ бо ӯ роҳӣ шудем. Тӯйтеппа, Пискент, Бӯка барин ноҳияҳоро қафо гузошта, ба Масчоҳ ворид гардидем. Каме дам гирифта, ба Хуҷанд расидем. ГАЗ-21-и сиёҳ моро нигарон буд.  

Сафарамон ба сӯйи Конибодом давом намуд. Ба он ҷо расида, ба бинои Шӯрои шаҳр ворид шудем. Ду-се нафар пешвоз гирифтанд. Вақте бо нӯшидани чой куфти роҳ мебаровардем, ба хона марди салобатноки сиёҳҷурдаи тақрибан панҷоҳсола, ки ситорагарм метофт, даромада омад ва ба ман самимӣ ҳолпурсӣ намуд. Ин ҳамон одами маро ба меҳмонӣ хонда, аз дил гузарондам ман.

– Маро нашинохтед, а, мулло Ҳабибулло? – пурсид табассумомез.

– Ростӣ, нашинохтам, – гуфтам бо андак хиҷолат, вале дилам гувоҳӣ медод ӯро дар куҷое дидаам.

Яке аз ҳамроҳон:

– Ин кас раиси Шӯрои Вазирони Тоҷикистон Абдулаҳад Қаҳҳоров мебошанд, – гӯён ӯро шинос намуд.

Кай ва дар куҷо ба он шахс вохӯрданамон ба хотирам расид.

...Солҳои 1940-1941 лозим омада буд дар ДДӮ дар Самарқанд таҳсиламро давом диҳам. Барои қайд ба иттифоқи ҷавонон ба идораи кумитаи ноҳиявӣ рафтам. Абдулаҳад Қаҳҳоров он вақт котиби якуми кумитаи комсомоли ноҳияи Панҷакент буда, он рӯз бо коре ба он ҷо омада будааст. Он рӯзҳо лозим меомад писари кӣ буданамро пинҳон надорам. «Писари фелетончӣ» гуфта писханд мезаданд.

Қаҳҳоров маро ба суҳбат кашид, ягон даҳ дақиқа ҳамроҳ будем.

Аз он вохӯрӣ бисту панҷ сол зиёдтар вақт гузашт. Табиист, ки ман ӯро фаромӯш карда будам. Вале Қаҳҳоров ба туфайли ихлосе, ки ба падарам дошт, хостааст маро ёбад ва суҳбат кунад. Барои ҳамин Акбарҷонакаро фиристодааст.

Маро дар яке аз боғҳои хушҳавои шаҳр меҳмон карданд. Қаҳҳоров аслан конибодомӣ буда ва бо ҳамшаҳрии худ хонадор шуда, барои хабаргирии хешовандон омада, бо ман дар ҳамин ҷо вохӯрданро ба нақша гирифта будааст.

Пагоҳаш баъди наҳорӣ ба Хуҷанд омадем. Қаҳ-ҳоров ҳамсарашро бо самолёт ба Душанбе гуселонд. Акбарҷонака ҳамон ҷо монд, ману Қаҳҳоров бо машинаш аз Хуҷанд ба Нов, аз он ҷо ба Ӯротеппа, пасон роҳҳои пасту баланди кӯҳпояҳоро тайкунон ба ноҳияи Айнӣ расидем. Мошин куҷое истад, самимона пешвоз мегирифтанд, меҳмон мекарданд. Ҳамин тавр, дар дувоздаҳ соат ба Душанбе расидем. Қаҳ-ҳоров рост ба манзилаш бурд.

Бо хоҳиши худам шабонгоҳ дар рӯйи ҳавлӣ ҷой андохтанд. Барвақт хестам. Дигарон ҳанӯз хоб. Ман беихтиёр воқеаҳои гузашта, суханҳои самимӣ ва дуоҳои дар ҳаққи падарам изҳоршудаи халқи одиро  ба хотир овардам.

Шахси солхӯрдае бо эҳтиёт ҳавлиро рӯфт ва баромада рафт. Милитсионере оҳиста даромад ва рӯзномаю маҷаллаҳои овардаашро ба болои мизи рӯйи ҳавлӣ гузошт ва пас гашт. Ҷавони сафедпӯше дар сабад нон овард. Баъд Маликаапа маро ба нонушта таклиф намуд.

Баъди наҳорӣ бо хоҳиши худам маро ба дигар ҷой «кӯчонданд» – ба боғи Кумитаи Марказӣ. Ман дар он ҷо як ҳафта истиқомат кардам. Қаҳҳоров ҳамроҳ ба зиёфатҳо мебурд. Бо хеле ходимони роҳбарикунанда, нависандагон ва олимон шинос шудам. Баъди бозгашт таассуротамро дар хотираҳои роҳи очеркнамои «Янтоқ–Масчоҳ–Бӯстон» баён намудам...

Қаҳҳоров бегоҳирӯзие маро ба беморхона бурд. Дар он ҷо адиби куҳансоле (хато накунам Боқӣ Раҳимзода) муолиҷа мегирифтааст. Қаҳҳоров моро шинос кард. Ҳамроҳ каме гардиш намудем. Шоир гуфт: «Падаратон ба маънои том яке аз зиёиҳои даври худ буданд. Аз чӣ иборат будани вазифаи адабиёти бадеиро пурра мефаҳмиданд».

Қаҳҳоров се духтар (Мамлакат, Назира, Наима) ва ду писар (Абдурашид ва Абдураҳим) дошт. Ҳама соҳиби маълумоти олӣ ва соҳиби касбҳои гуногун. Наима Қаҳҳорова дар ифоданок хондани шеър нотакрор буд.

Ҳамин тавр, дӯстиамон бо Қаҳҳоров давом мекунад. Ғайр аз сафари зикршуда ду маротибаи дигар ба Душанбе рафта, меҳмони Қаҳҳоров шуда баргаштам. Дар тӯйи арӯсии духтари хурдии хонадон Наима иштирок кардам. Ба Қаҳҳоров мегуфтам: «Агар ба Тошканд гузаратон афтад, албатта, ба меҳмонии мо биёед!»

Ана, дар хусуси омадани он меҳмони азизи тоҷикистонӣ огоҳ шудам.

***                                               

16 ноябр

Тахминан дар соати дувоздаҳ Қаҳҳоров ва рафиқааш Маликаапа ба хонаамон омаданд. Бо аъзои хонадони мо шинос шуданд. Қаҳҳоров акнун фарбеҳу тозатар ба назар мерасид. Ин шояд асари сабукдӯшӣ аз вазифа ва «камташвиштар» шудани ӯст...

ИЛОВАИ ПИСАРИ МУАЛЛИФ

Баъди ҷанг 29 майи соли 1945 падарамонро «Писари душмани халқ» гуфта гирифта мебаранд. Даҳ сол ҳабс мекунанд. Абдулаҳад Қаҳҳорови дар ибтидои солҳои чиҳилум бо падарам шиносшударо бошад, вазифаҳои баланд интизор будаанд. То дараҷаи раиси Шӯрои Вазирони Тоҷикистон мерасад. Вале бинобар ихлоси баландаш ба бобоям падарамонро фаромӯш намекунад. Баъди озодӣ падарам дар бораи падари худ мақолаҳо менависад. Онҳоро Қаҳҳоров мехонад...

Соли 1967 падарамон аз Душанбе бо туҳфаи Қаҳҳоров – радиои дастии «Спидола» бармегардад. Он асно на ҳар кас чунин радио дошт. Туҳфа аз инсони азизро ҳануз дар хона нигоҳ медорем ва истифода менамоем.

Рӯзе «Қаҳҳоров ба хонаамон меомадааст»-ро шунида, ману падарам бо сабукравамон ба аэропорт рафтем. Дар толори интизорӣ ба шахси салобатноке дучор омадем ва яқин кардем ӯ низ ба истиқболи Қаҳҳоров баромадааст.

Қаҳҳоров аввал бо мо, сонӣ ба он шахс вохӯрд. Падарам ба ман нигоҳи маънидор афканд...

Дар бозгашт Қаҳҳоров ба сабукрави мо, падарам ба «Волга»-и он одам нишастанд. Пурсидам:

– Абдулаҳадака, он одам кист?

– Дӯсти дерини хуҷандиам Ҷӯрабой  Ашуров, – гуфт меҳмон.

– Чаро он касро овора кардед?

– Мошин хариданатонро намедонистам.

Қаҳҳоров баъди сабукдӯшӣ аз вазифаи баланд чун роҳбари Идораи давлатии бойгониҳо фаъолият мебурд. Вале мисли пештара эътибор дошт, ки ин бесабаб набуд, албатта.

Вақте вафот кард, ҳамроҳ бо падарам фотиҳахонӣ рафтем. Хонадон дар ҳавлии рақами 7, кӯчаи Саидқул Турдиеви шаҳри Душанбе мавқеъ дошт. Баъди вафоти Қаҳҳоров ҳам солҳои зиёд ҳавлии онҳоро милитсионерон посбонӣ мекарданд. Иқоматгоҳ гулзори муҳташамро мемонд. Гусфанд ҳам бонӣ мекардаанд дар ҳавлӣ.

Вақте падару модарам меҳмонӣ рафтанд, Қаҳҳоров дар оташдон худаш оши дастӣ мепухтааст. Назар ба ёдкарди модарам, ба дег равған рехта, Қаҳҳоров бо падарам дурудароз суҳбат мекардааст. Равған кайҳо ширин шудааст, вале гуфтугӯи дӯстон беохир. Маликаапа ба онҳо наздик шуда ба тоҷикӣ:

– Ээй! Шиками меҳмонҳо гурусна шу-у-д! – мегуфтааст мадкашон. 

     Ба назди падарам баргашта, табассумомез даҳон мекушодааст:

– Гапи мо, занҳо, тамом мешаваду гапи мардҳо ҳеч тамом намешавад!

     Назар ба нақлҳо, вақте Қаҳҳоров ба вазифаи баланд гузашт, ходимон:

– Шумо акнун ба хонаи ҳукумат бикӯчед, – гуфтаанд.

– Вақташ омада, аз вазифа равам, хонаатонро холӣ карда медиҳам?

– Ҳа.

– Ин тавр бошад, дар хонаам зиндагӣ кардан мегирам...

Маликаапа, зани сода ва хоксори конибодомӣ, хеле меҳнатӣ буда, аз хидматкор истифода намебурдааст. Вақте ба бозор рафт ва барои харид ба навбат истод, шиносҳо «шумо бенавбат гиред» мегуфтаанд бо эҳтиром, аммо розӣ намешудааст.

Қаҳҳоров ба кори ҳукумат пиёда мерафтааст. Корафтодагон раҳораҳ арзи худ баён кунанд, ҳаракат мекардааст ҳануз ба идора нарасида, мушкилоти онҳоро ҳал кунад.

Писари дувуми ӯ корманди корҳои дохилӣ будааст. То бозгашти Абдураҳим падар чароғро накушта, ӯро интизор мешудааст...

Нақл мекунанд, солҳои нооромӣ дар Тоҷикистон тӯдаи силоҳнок ба ҳавлӣ зада медарояд, вале чизе ба хотири ошӯбгарон расида, «аз ин хона касе норизо берун набаромадааст», гӯён баромада рафтаанд.

Падарамон дар бораи Қаҳҳоров ин тавр гуфта буданд: «Абдулаҳадака ихлосманди адабиёт буд, бисёр мутолиа мекард. Аз навигариҳои матбуоти тоҷик, ӯзбек ва рус ҳамеша хабардор. Одами ба корҳои давлатӣ ҳамин қадар банд ба мутолиаи ин қадар асарҳо бо забонҳои гуногун чӣ тавр вақт пайдо мекард, ман ҳайрон. Ӯ ҷуз ин бо тоҷикиву ӯзбекӣ шеърҳо менавишт. Ду китобашро («Дарё фақат ба пеш меравад» ва «Роҳҳо») ба ман тақдим карда буд...»

Инсони дилёб ва меҳрубоне буд Қаҳҳоров. Ҳар ид табрикнома мефиристод. Хидматчиаш Акбарҷонакаро таъин карда буд аз ҳоли хонадони мо хабар гирифта истад.

Соли 1974 Қаҳҳоров ба тӯйи суннатии додарчаам Ирфон омада натавониста, ба ҷояш Акбарҷонакаро фиристода буд.

Соли 1981 вақте падарамон бародарам Хондамирро хонадор мекарданд, Абдулаҳадака омад. Баъди тӯй дар байни ҳамсоягон гап паҳн мешавад, ки «ба тӯйи Ҳабибулло Шарофака омад». Ҳақиқатан ҳам намуди зоҳирии Қаҳҳоров то андозае ба Рашидов монанд буд.

Қаҳҳоров ба эҷоди бобоямон ин тавр баҳо додааст: «Асарҳои Абдулло Қодирӣ маро ба худ асир кардааст. Батакрор мехонам, вале зиқ намешавам. Баръакс, роҳат мекунам. Одамҳои ба осори Қодирӣ эътироз мекардаро (лекин ман онҳоро дучор наомадаам) бесаводҳои адабиётро намефаҳмида меномам. Ҳама, ҳатто рафиқони русамро даъват менамоям, ки асарҳои Қодириро хонанд. Фикр мекунам, назар ба ӯзбекон тоҷикҳо бештар Қодириро медонанд».

Шеркон ҚОДИРӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: