Ба қарибӣ дар ноҳияи Сергелии шаҳри Тошканд Мактаби нави шатранҷ дари худро боз кард, ки он ба тадриси ҳирфаии ин бозии мағзӣ, гузарондани озмуну мусобиқаҳои хурду калон, кашф намудани истеъдодҳои нав ихтисос дорад.
Ин Мактаби шатранҷ аз пайи саъю талоши доимӣ ва судбахши шатранҷбози маъруф Сироҷиддин Зайниддинов, ки бо вуҷуди ношунаво будан ба унвони Қаҳрамони шатранҷи Ӯзбекистон ва ҷаҳон ноил гардидааст ва ҳамёрию пуштибонии ноҳиядории ноҳияи Сергели ва Федератсияи шатранҷи Ӯзбекистон дар бинои нави алоҳида барпо ва мавриди истифода қарор гирифт.
Сироҷиддин кист? Дар роҳи расидан ба ҳадафи ниҳоии худ ӯ чӣ гуна корҳоро анҷом додааст? Оё саҳлу осон ба ин комёбӣ ноил гардид?
Ӯ ба кӯча намебаромад. Ба мисли бачаҳои ҳамсинну соли худ ба соҳили наҳри сероби Арнасой намешитофт, рӯзашро дар канори мазрааҳои кишоварзон ва майдончаи назди мактаб бо бозию давутозҳои беҳуда сиёҳ намекард. Ҷойи шинухезаш хонаю ҳавлии бо тавораи нимдошт иҳоташудаашон буд, дар канори падар, ҳамроҳи модару бародару хоҳарони мушфиқ.
Вақте ки панҷу ним сол дошт, тахтаи шашкаро канор гузошту ба шатранҷ рӯ овард. Ҳар он чӣ падари муҳандис, вале ба шатранҷ алоқамандаш, роҳу равишҳои муҳраронии мағзиро ба ӯ ёд дод, чун оҳанрабо ба ёд супорид. Рӯз то рӯз маҳораташро боло бурд ва ниҳоят, дар синни ҳафтсолагӣ ба кулли аъзои хонавода пирӯз омад. Ғолиб омадани ӯ дар озмуни оилавӣ нахустин пирӯзиаш буд, ки падари бузургвор барояш таҳсину офаринҳо гуфта, як муҳраи пиёдагардро бо акси асп ба нахе баста дар гарданаш овехт ва 100 сӯм пулро низ дода гуфт: «Сироҷи азизам! Ту беҳтарин шатранҷбози хонаводаи мо ҳастӣ, аслан кам наё, фақат ба пеш, барои пирӯз шудан дар бозиҳо талош кун!»
Он лаҳза дили Сироҷиддини хурдсол пур аз фараҳу шодӣ гардида буд, ҳарчанд ҳеч як сухани падарро намешунид. Оре, ба ҳукми сарнавишт ин бачаи зираку хушзеҳн ҳанӯз дар синни сесолагӣ ношунаво шуда буд. Бо ин ки падару модари мушфиқ дари чандин дармонгоҳу шифохонаро кӯфтанду остонаи чандин табибро зер карданд, суде набахшид. Ҳама лоилоҷ ба тақдир тан доданд ва бо мурури вақт падару модар ва хоҳари азизаш Сабоҳат барои ӯ «мутарҷим»-и ҳолу аҳвол шуданд.
***
Шатранҷ фақат бозӣ нест. Ин саргармиест, ки инсонҳоро ба тафаккур водор мекунад, аз банди зиқиву ғам раҳо месозад, оромию фароғат ато мекунад. Беҳуда нагуфтаанд:
Замоне шеъру шатранҷу ҳикоят,
Ки хотирро бувад дафъи малоле.
Сироҷиддин бо шатранҷ ба кӯйи оворагӣ меафтоду аз он лаззат мебурд, аз ҳар гуна малолу дилхирагиҳо фориғ мегашт. Бо мурури замон бехабар монд, ки номаш дар ҷомеа шинохтаву мавқеаш намоён гардидааст. Вақте 12 сол дошт, ӯро ба мусобиқаи чемпионати кишвар ҳидоят намуданд. Ба бисёре аз иштирокдорони мусобиқа пирӯз шуд ва ба наврасии худ нигоҳ накарда, дар байни сабқаткунандагони калонсол сазовори мақоми сеюм гардид. Ин ғалаба сабаб шуду ӯ ба чемпионати Осиё роҳхат гирифт. Тамоми харҷро ҳокимияти вилояти Ҷиззах ба зиммаи худ гирифт. Дар ин мусобиқаи бонуфуз, ки ҳамаи иштироккунандагон калонсол буданд, ба ӯ ҷойи даҳум насиб гардид. Аз ин лиҳоз Сироҷиддин то имрӯз он чемпионатро каме бо дилмондагӣ ёд мекунад. «Кош ба он мусобиқа намерафтам, – мегӯяд ӯ, – чунон рӯҳафтода шудам, ки баъдан бо мушкилӣ ба худ омадам. Ин ҳолатамро устоди варзиш Пушкариев пай бурда: «Хуб бозӣ кардӣ. Бо ин синну сол ба сафи даҳ шатранҷбози беҳтарини Осиё дохил шудан натиҷаи хуб аст, – мегуфт. – Соли 2004 дар Олмон мусобиқаи ҷаҳонии шатранҷ дар байни наврасон ва ҷавонони гаронгӯш доир мегардад. То он вақт худро омода кун, фурсатро ғанимат шумор, ман ба ғолиб омадани ту бовар дорам. Ҳеч гоҳ руҳафтода нашав, ба пеш!» Ин гуфтаҳои устод ва суҳбату насиҳатҳои мунтазами падар ба ман неруи нав ва иродаи қавӣ бахшидаанд».
Маҳз соли 2004 барои Сироҷиддин бароровару хурсандибахш буд. Ӯ дар сафи пеши шатранҷбозон ба Олмон рафт ва аз рӯйи таснифи ICSC ҷойи якумро соҳиб гардид.
***
Акои Саврон писарашро ба майдони шатранҷ раҳнамун сохту ӯро «гум» кард. На фақат рӯзона, ҳамчунин нимаҳои шаб, бар рӯйи бистари хоб дастафшонию сарҷунбониҳои ӯро дида нигарон мешуд. Метарсид, ки саргардониҳои ӯ дар миёни пиёдаю руху аспу филу фарзину шоҳ ба нокомӣ бирасад. Сироҷиддин бошад, иродаи қавӣ дошт. Ӯ аллакай роҳи худро дар зиндагӣ дақиқ пайдо карда буд. Бо сабру матонат дар фарозу нишебҳои масири интихобкардааш гом мебардошт. Саранди озмоиш ӯро боз як бор дар шаҳри Алмати рӯ ба рӯ омад. Ин дафъа шатранҷбози 15-сола дар мусобиқаи дуюми Осиё, ки соли 2005 ширкат варзида, сазовори медали биринҷӣ гардид.
Фирдавсии бузургвор фармудааст:
Таносойиву коҳилӣ дур кун,
Ба кӯшиш зи ранҷи танат суд кун.
Ки андар ҷаҳон суд бе ранҷ нест,
Касеро, ки коҳил бувад, ганҷ нест.
Сироҷиддин ҳеч гоҳ нагуфтааст, ман хурдсолам, таҷрибаи ман кам аст, ман бо ин калонсолон бозӣ намекунам... Ӯ ҳар гоҳе ки лозим ояд, сарашро хам карда шатранҷ бозӣ мекунад, барояш муҳим нест, ки дар муқобилаш чӣ касе нишастааст. Ҳар дафъа танҳо ба иқтидору донишу ҳофизаи мағзии худ такя мекунад. Дар ивази ҳамин гуна ранҷҳову талошҳояш соли 2008 бори дувум дар мусобиқаи ҷаҳонии олимпии шатранҷи наврасон, ки дар Швейтсария аз рӯйи таснифи ICSC баргузор шуд, сазовори медали тилло гардид. Дар поёни соли 2008 Сироҷиддин Зайниддинов ғолиби номинаи «Ҷавонтарин қаҳрамони сол» дониста шуд.
***
Сироҷиддин аз хурдӣ қобилияти шунавоии худро гум кардааст, забони ӯ низ равону гӯё нест, аммо дар ҳаёт сарбаландона нишон дод, ки бо ин қабил норасоиҳо низ кас метавонад ба қуллаҳои баланди орзуву ниятҳояш бирасад. Албатта, ин роҳ ҳамеша софу рӯ бар фароз нест. Ҳолатҳое пеш меояд, ки натиҷаи қаблӣ аслан такрор намешавад, шояд ҳам бо сабабу далелҳое инсон ба нокомӣ дучор ояд.
Сироҷиддин пас аз дастовардҳои назаррас ҳанӯз дар айёми донишҷӯйӣ, вақте ки муҳассили соли сеюми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд буд, кореро анҷом дод, ки на ҳар инсони солим аз уҳдаи он мебарояд. Дар синни бисту яксолагӣ тавонист дар ноҳияи Сергелии Тошканд ба мактаби шатранҷ асос гузорад. Ба ин мактаби ӯ, ки дар як муддати кӯтоҳ бо номи «Спорт-дӯстӣ-ғалаба» шуҳрат пайдо намуд, бачаҳои синну соли гуногун, ҳатто завқмандони чор-панҷсола ҷалб шуданд. Сироҷиддин ба унвони устоди варзиши FIDE ба ҳар як шогирди худ роҳу равишҳои мухталифи шатранҷбозӣ, роҳҳои аҷоибу ғароиби мот кардан ва алалхусус, бозиҳои тезкору суръатиро ёд медод. Он замон ёвару ҳамроҳи ҳамешагии ӯ падари бузургвораш Саврон Зайниддинов ва хоҳари азизи шатранҷдонаш Сабоҳат дар канораш буданд, ки ба бачаҳои хурдсолу наврас асрори шатранҷбозиро меомӯзониданд.
Соли 2018 дар арафаи Олимпиадаи ношунавоён, ки мебоист дар Инглистон доир гардад, талошҳои шабурӯзии Сироҷиддин зоеъ нарафтанд. Гарчи аъзои Ҷамъияти ношунавоён ба хотири надоштани ҳомӣ натавонистанд дар он мусобиқаи ҷаҳонӣ ширкат варзанд, ба ӯ муяссар гардид, ки бо вуҷуди деркарди раводиду хеле тӯл кашидани рухсатномаи Вазорати варзиш ва ҳукмронии рӯзҳои таътили идона дар Туркия, худро ба Инглистон расонад. Вақте ки омад, як рӯз пеш мусобиқаҳо оғоз ёфта буданд. Донист, ки номи ӯро аз рӯйхати ширкаткунандагон хат задаанд. Бо ин ҳол, ӯ тамоми воқеиро як-як баён карда, ба раёсати мусобиқа ва аъзои ҳакамот собит месозад, ки дер монданаш бесабаб нест. Дар натиҷа, ӯро ба мусобиқа ҳамроҳ мекунанд, ҳатто ба ӯ барои як рӯзи таъхир ним имтиёз ҳам медиҳанд.
Сироҷиддин он замон аз дарёфти ним имтиёзи муфт хиҷолат мекашид ва аз сӯйи дигар ҳам, эҳтимол дошт, ки дар поёни мусобиқа, дар сурати мусовӣ шудани имтиёзҳо бо ягон шатранҷбози дигар, он ним имтиёзро аз ӯ бигиранд. Аз ин хотир, аз аввал то охири сабқат тамоми салоҳият ва тавоноии мағзии хешро ба кор бурд ва саъю талош намуд, ки бар ивази ранҷу заҳматҳои дидааш ба «роҳат»-и бозӣ бирасад.
Сироҷиддин дар байни сӣ нафар шатранҷбози ношунавои Олимпиадаи байналмилалӣ бо ҳашт имтиёз соҳиби медали тилло ва қаҳрамони ҷаҳон шуд.
Дар мактаби ӯ наврасону ҷавонон беш аз пеш ба омӯзиши шатранҷ машғул мешаванд. Ҳарчанд фаъолияти омӯзгориаш аксаран бо бачаҳои солим мегузашт, ҳамтоёни худ, яъне бачаҳоеро, ки заъфи шунавоӣ ё забонӣ доштанд, фаромӯш намекунад. Ба ширкати худу ҳамқисматонаш дар мусобиқаю олимпиадаҳо идома медиҳад. Минҷумла, соли 2019 дар Сурдоолимпиадаи зимистонаи ҷаҳонӣ, ки дар Итолиё гузашта буд, бо ҷамоааш дар байни 16 даста мақоми шашумро соҳиб мешавад.
Субҳи 22-юми апрели соли 2022 офтобгуна буд, боди баҳорӣ бо таровати ҳамешагӣ мевазид. Он рӯз Сироҷиддин бо дасти рост хест. Чун ҳамон рӯз ҳокими шаҳри Тошканд бо сокинони маҳаллаи онҳо дар ноҳияи Сергелӣ мулоқот дошт. Дар он нишаст дархостҳои Сироҷиддин ва пурсишу посухҳои ҳоким бо ӯ ба мавзӯи асосӣ табдил ёфтанд. Бо камоли қадршиносӣ ва хайрхоҳӣ аз ҳоким ба соҳиби мактаби шатранҷ мошини сабукрави «Спарк» эҳдо шуд ва бар замми он, шаҳрдор қавл дод, ки тамоми шароит ва имконоти лозимро барои сохтани бинои замонавии мактаби шатранҷ фароҳам хоҳад овард.
Ҳамон сол офтоби бахт дубора ба рӯйи Сироҷиддин хандид. Ин фарзанди накуноми миллат, ки аслаш аз деҳаи хушманзари Синтоби ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ аст ва писари тоҷик мебошад, 29-уми август, дар арафаи 31-умин солгарди ҷашни Истиқлоли Ӯзбекистон дар канори чанд нафар ҳамдиёри худ, ки дар роҳи дӯстӣ ва рафоқату муҳаббат бо дигар миллатҳои кишвар корҳои шоиста анҷом додаанд, аз ҷониби роҳбари давлатамон бо ордени «Do’stlik» сарфароз гардид.
Аз он дам боз чанд баҳору зимистон гузашт. Ниҳоят, соли равон, пас аз се соли қавлу қарори собиқ ҳокими Тошканд, дар ноҳияи Сергели маросими бӯрёкӯбони бинои нав барои Мактаби шатранҷи Сироҷиддин Зайниддинов баргузор шуд. Дар канори меҳмонони гирдомада ҳокими ноҳияи Сергели Элбек Шукуров, муовини раёсати Федератсияи шатранҷи Ӯзбекистон Комилҷон Синдоров, қаҳрамони ҷаҳон доир ба шатранҷ, гроссмейстери байналмилалӣ Ҷавоҳир Синдоров доир ба омӯзишу парвариши шатранҷбозони хурду калон, нақши беҳамтои бинои махсуси ҷудогона барои варзишкорони ин бозии фикрӣ, афзудани алоқамандии одамон ба бозиҳои шатранҷ, то ҳадди имкон кашф намудани истеъдодҳои нав суханронӣ карданд. Пас аз боз шудани дарҳои бинои нави мактаб бозиҳои намоишии шатранҷ гузаронида шуданд.
Барои Сироҷиддин Зайниддинов ва хонаводааш ҳамчунин кулли наврасону ҷавонони дӯстдори бозиҳои шатранҷ ин рӯйдод воқеаи бениҳоят хурсандибахш буд. Ӯ гӯё дар осмони орзуҳо парвоз мекард, намедонист шодмониашро ба чӣ гуна забон баён кунад. Бо камоли мамнуният ба устодон, ба инсонҳое, ки дар роҳандозии мактаби шатранҷу бинои он саҳм гузоштаанд, дар зери оҳангу кафкӯбиҳои ҳозирин туҳфаю ҷоизаҳои хоксоронаи хешро супорид. Дар ин гирдиҳамойӣ орзуи ҳама ягона буд: «Иншоаллоҳ, дар ин мактаб қаҳрамонҳои нави ҷаҳонӣ ба камол хоҳанд расид!»
Юнуси ИМОМНАЗАР,
узви иттифоқҳои нависандагони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон.