МУБОРИЗА АЛАЙҲИ КОРРУПСИЯ БА МАРҲИЛАИ НАВ ВОРИД МЕШАВАД

Сарвари давлат Фармонро «Дар бораи тадбирҳои ташкили самараноки иҷрои вазифаҳои афзалиятноке, ки барои такмили минбаъдаи низоми муқовимат бо коррупсия муайян шудаанд» қабул намуд.

Директори Агентии муқовимат бо коррупсия Акмал Бурҳонов дар бораи паҳлуҳои муҳими ин санад чунин гуфт:

– Бо Фармони Президент Рӯйхати санадҳои меъёриву ҳуқуқие, ки бояд таҳия шаванд  ва Барномаи чорабиниҳои амалӣ барои таъмини иҷрои супоришҳое, ки дар ҷамъомади васеи Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия аз 5 марти соли 2025 муайян шудаанд, тасдиқ карда шуд.

Ба роҳбарони вазорат  ва идораҳо барои иҷрои босифат, саривақтӣ ва бечунучарои вазифаҳои  муайяншуда масъулияти шахсӣ вогузор шудааст.

Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия бояд ҳамасола «харитаи роҳ»-ро дар қисмати вилоятҳо доир ба масъалаҳои пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия, аз ҷумла решакан кардани коррупсияи маишӣ ва ташаккули фазои муносибати оштинопазир бо ин падида тасдиқ намояд. Ҳамзамон, Шӯро назорати татбиқи «харитаи роҳ»-ро таъмин хоҳад кард.

Палатаҳои Олий Маҷлис ҳамасола омилҳои коррупсиониро дар се вазорату идорае, ки ҳаҷми бузурги маблағҳои буҷетиро да-рёфт мекунанд, муайян намуда, барои рафъи онҳо таклифҳо пешниҳод хоҳанд кард.

Тартиби ҳимояи нақшаи мушаххаси муқовимат бо коррупсия аз ҷониби номзадҳо ба мансаби вазир ва ҳоким ҳангоми баррасии номзадии онҳо дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва Шӯроҳои намояндагони халқ ҷорӣ карда мешавад.

Дар доираи «Ҳафтаи мубориза бо ҷинояткорӣ», дар санаҳои 1-5-уми  ҳар моҳ бо тартиби нақшавӣ сафари гурӯҳҳо ба маҳаллаҳои дорои категорияи «сурх» бо мақсади таҳлили амиқи сабабҳои содиршавии ҷиноятҳо дар он маҳаллаҳо ва пешниҳоди тавсияҳо ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолияти прокурор ва роҳбарони мақомоти корҳои дохилӣ ба роҳ монда мешавад.

Бо мақсади роҳандозии фаъолияти секторҳо оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии ҳамаҷонибаи минтақаҳо бо риояи тартиби нав, прокурор, роҳбарони мақомоти корҳои дохилӣ ва андоз аз иҷрои вазифаҳое, ки вобаста ба фаъолияти бахшҳо  ба зиммаи онҳо гузошта шудаанд, озод карда мешаванд. Масъулияти кори  секторҳоро муовинони Сарвазир, Иттиҳодияи маҳаллаҳо ва шӯъбаҳои минтақавии он бар дӯш доранд.

Шахсони мансабдор, ки харидҳоро бо вайрон кардани фарқияти ҳадди аксари иҷозатдодашуда байни нархи мол ва хизматрасонии дар хариди давлатӣ гирифташуда ва нархи миёнаи бозорӣ анҷом медиҳанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Тартиби таҳияи пешниҳодҳо ҷиҳати на камтар аз 2 маротиба кам кардани шумораи намудҳои мол (кор, хизматрасонӣ)-е, ки тавассути шартномаҳои мустақим харидорӣ мешаванд, муқаррар шудааст.

Аз 1 июли соли равон дар лоиҳаҳои калони сармоягузорӣ стандартҳои байналмилалии зиддикоррупсионӣ ҷорӣ гардида, тартиби гузаронидани экспертизаи рақобатпазирии шартҳои музоядаҳои калон ба роҳ монда мешавад.

То охири сол чораҳо оид ба ҷалб кардани субпудратчиён ба иншооти тендерҳои байналмилалӣ тавассути системаи «Сохтмони шаффоф», гузаронидани тендерҳои маҳаллӣ бо арзиши то 2 миллион доллар, ки аз ҳисоби ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ маблағгузорӣ мешаванд, дар доираи ҳамин система, инчунин муқаррар намудани тартибе, ки тибқи он ташкилотҳои пудратии хориҷӣ бояд на камтар аз 60 фоизи арзиши шартномаро бо қувваи худ иҷро кунанд, амалӣ мегарданд.

То 1 январи соли 2026 системаи баҳогузорӣ аз ҷониби аҳолӣ ба тамоми хидматрасониҳои давлатӣ, ки аз тарафи вазорат ва идораҳо, ҳокимиятҳои маҳаллӣ пешниҳод мешаванд, дар сатҳи ноҳияҳо (шаҳрҳо) татбиқ мешавад. Барои роҳбарони вазорат, идораҳо ва инчунин ҳокимони ноҳия  ва шаҳрҳое, ки хидматрасониҳои давлатиро ба аҳолӣ бо баҳои «ғайриқаноатбахш» расондаанд, масъулияти шахсӣ муқаррар мегардад.

Платформаи онлайн бо истифодаи зеҳни сунъӣ ба кор даромада, ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки тавассути телефони мобилӣ ҷавобҳоро ба саволҳои марбут ба ҳаёти ҳаррӯзаашон ба таври дастрас ва қулай дарёфт намоянд. Ҳамчунин лоиҳаи қонун таҳия хоҳад шуд, ки ба барҳам додани омилҳое, ки барои фаъолияти адвокатҳо дар расонидани кумаки босифати ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон монеъ мегарданд, нигаронда шудааст.

Суҳбатнигор Н. АБДУРАИМОВА,

мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: