МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ – ТАҲТИ ҲИМОЯИ ҚОНУН

Ин ба кадом маънист ва чаро моликияти зеҳнӣ бояд таҳти ҳимояи қонун қарор гирад? Дар ин самт татбиқи ислоҳот чӣ гуна ҷараён мегирад? Оё барои таъмини иҷрои ҳуҷҷатҳои меъёрии ин соҳа, аз ҷумла қарор «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба рушди минбаъдаи соҳаи моликияти зеҳнӣ» корҳои мақсаднок иҷро мешаванд ва имрӯз, ки Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ муқаррар шудааст, метавон доир ба ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳо дар ин соҳа ҳарф зад?

Барои дарёфти ҷавоб ба ин саволҳо бо сармушовири Садорати адлияи вилояти Фарғона оид ба ҳимояи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ Ислом Абдулазизов мулоқот кардем.

Ба гуфтаи Ислом Абдулазизов ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ ва инноватсионӣ дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳо тавассути татбиқи натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ яке аз шартҳои муҳими рушди босуръати Ӯзбекистон маҳсуб меёбад.

– Дар шароите, ки соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат босуръат рушд мекунанд, барои дар бозори ҷаҳонӣ мавқеи устувор пайдо кардан ва ба сатҳи кишварҳои пешрафта расидани кишвари соҳибистиқлоли мо, қадамҳои далерона гузоштани он яке аз омилҳои муҳим арзёбӣ мегардад. Он гоҳ имкон фароҳам меояд, ки ислоҳот дар асоси ғояҳои нав, ихтироъ ва эҷоди брендҳои маъруфи минтақавӣ амалӣ шаванд, – изҳор намуд Ислом Абдулазизов.

Дарвоқеъ, маҳз барои ҳамин бо қарори Президенти мамлакат таҳти рақами ҚП-221 «Стратегияи рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2022-2026» қабул шудааст. Гуфта мешавад, дар доираи ин стратегия аз ҷониби Садорати адлияи вилоят як қатор корҳо амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, дар давоми солҳои 2024 ва 2025 аз ҷониби садорат ба зиёда аз 400 нафар шаҳрвандон, ки аз рӯйи ҳимояи ҳуқуқӣ ва татбиқи объектҳои моликияти зеҳнӣ муроҷиат намудаанд, машваратҳои ҳуқуқӣ расонида шудаанд.

– 152 аризаи шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқии объектҳои моликияти зеҳнӣ ва ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардида, соҳибони 92 ариза қаноатманд гардонида шуданд. Ҳамзамон, дар 95 субъекти хоҷагидорӣ аз рӯи муроҷиатҳо ҷиҳати омӯхтани амалияи риоя ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ санҷишҳо гузаронида шуданд, – қайд намуд сармушовири Садорати адлияи вилоят.

Аз ҷумла, бар асоси муроҷиати ҶММ «AKFA ALUMINIUM» дар корхонаи хусусии «I.N» санҷиш гузаронида шуд ва муайян гардид, ки корхонаи мазкур бо тамғаи рамзӣ, ки ба қисми рамзии тамғаи молии дастаҷамъии «АКФА» шабоҳат дорад, маҳсулот истеҳсол намудаву онро барои фурӯш тақдим кардааст. Инчунин дар асоси аризаи ҶММ «SURPRISE ICE CREAM» дар корхонаи оилавии «F.I.C.» маълум гардидааст, ки корхона бо тамғаи «Андиҷона» яхмос истеҳсол мекунад.

Дар асоси аризаи ҶММ «Family Group»  дар корхонаи ҶММ «S.W.» низ санҷиш гузаронида шуд ва дар натиҷа аён гардид, ки корхонаи мазкур бо истифода аз тасвири шабеҳи қисми тасвирии тамғаи молии «FLAVIS» нӯшокиҳои спиртӣ бо номи «САФИНУР» истеҳсол кардааст.

– Бо мақсади бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳо 12 нафар шахсоне, ки талаботи қонунгузориро вайрон кардаанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба субъектҳои соҳибкорӣ 75 пешниҳоди ҳатмӣ ва 11 огоҳинома тақдим гардид. Инчунин аз 5 нафар ҷарима ситонида шуд. Дар натиҷаи чорабиниҳо ҳуқуқи 135 объекти моликияти зеҳнӣ ҳифз карда шуд, – мегӯяд Ислом Абдулазизов.

Гуфта мешавад, ки пиёда кардани чорабиниҳои профилактикӣ ё пешгирикунанда оид ба пешгирии нақзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ натиҷаву самараи некро ба бор оварданд. Ин чорабиниҳо дар бозор, марказҳои савдо ва муассисаҳои савдои сайёр гузаронида шуданд, ки теъдоди он бештар аз 100-торо ташкил менамояд. 

– Мақсад аз роҳандозии чунин чорабиниҳои профилактикӣ ба истеҳсолкунандагон ва соҳибкорони молҳои чакана бояд фаҳмонд, ки оқибатҳои ҳуқуқии фурӯши маҳсулоти қалбакӣ ба фоидаи онҳо нест. Онҳоро лозим меояд, ки аз тавзеҳоти васеъ хулосаи дуруст бароранд. Дар ин замина зиёда аз 500 феҳристи маҳсулоти қалбакӣ паҳн карда шуд, – иброз медорад сармушовири Садорати адлияи вилоят.

Ногуфта намонад, ки барои таъмини амалияи муттасил ва ягонаи татбиқ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ як қатор корҳои тарғиботии ҳуқуқӣ амалӣ шудаанд ва ин раванд идома пайдо кардааст. Аз ҷумла, 9 навори иҷтимоӣ ва 25 мақола оид ба ҳуқуқи муаллиф ва маҳсулоти қалбакӣ таҳияву танзим гардид. Тавассути он ба мардум фаҳмонида шуд, ки онҳо маҳсулоти аслиро аз маҳсулоти қалбакӣ фарқ карда тавонанд. Дар бораи зарару оқибатҳои ин иқдомоти ногувор дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ маълумоти зиёд нашр шудааст.

– Ҳамасола аз 15 феврал то 15 март дар вилоят «Моҳи маҳсулоти тоза ва бидуни қалбакӣ» баргузор мешавад. Дар доираи моҳона то имрӯз ҷиҳати пешгирии нақзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ дар бозору маҷмааҳои савдо, муассисаҳои савдои сайёр, дорухона, мағозаҳои махсуси фурӯши маҳсулоти спиртӣ ва тамоку, инчунин субъектҳои хоҷагидорие, ки ба савдои китоб машғуланд, чорабиниҳои маърифативу ҳуқуқӣ, мизи мудаввар ва семинарҳо гузаронида шуданд. Талош кардем, ки доир ба ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ сатҳи дониши онҳо баланд гардад ва дар маҳалҳо онро шарҳу эзоҳ диҳанд, – тазаккур дод Ислом Абдулазизов.

Вай афзуд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти махсуси ваколатдор ҷиҳати ошкор намудани ҳолатҳои истеҳсоли пинҳонии маҳсулоти қалбакӣ, гузаронидани назорат дар объектҳои тиҷоратӣ, бидуни дахолат ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ва бо ризоияти онҳо баъзе объектҳо «минтақаҳои озод аз маҳсулоти қалбакӣ» эълон карда шуданд, ки ин ҳама ҷиҳати ҳимояи моликияти зеҳнӣ ҳамчун омили муҳим хидмат хоҳанд кард. 

Мирасрор АҲРОРОВ,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: