Тими мунтахаби ҷавонони Ӯзбекистон дар мусобиқаи бонуфузи футболи наврасон бо Арабистони Саудӣ ҷасорати беҳамто нишон дода, соҳиби Ҷоми Осиё гардиданд.
Боиси хурсандист, ки дар ғалабаи таърихӣ саҳми тарбиятгирандагони мактаби футболи Намангон Мӯъминхон Баҳодирхонови косонсойӣ ва Ҳоҷиакбар Ботиралиеви норинӣ низ арзанда аст.
Чанде пеш футболбози боистеъдоди косонсойӣ Мӯъминхон ба хонааш баргашт. Ҳокими ноҳия Дилмурод Қодиров, нурониён, фаъолони маҳаллаҳо, ҷавонон ӯро муносиб пешвоз гирифтанд.
– Ғолибият ба ҳамаи мо муборак бод! – гуфт ҳоким. – Аз ин шодем, ки сарвари давлатамон аъзоёни дастаи ҷавононро бо ин ғалабаи таърихӣ табрик намуд. Дар номаи табрикӣ чунин ҷумлаҳоро хондан мумкин: «Шумо барин ҷавонони далеру диловари мо дар тӯли тамоми мусобиқа боре ҳам мағлуб нагардида, натиҷаи рекордӣ ба даст овардед ва шарафи Ватани маҳбубамонро мардонавор ҳимоя намудед ва ин бешубҳа, воқеаи пурифтихорест, ки дар таърихи футболи мамлакатамон бо ҳарфи заррин сабт хоҳад шуд».
Боварӣ дорем, ки ин муваффақияти дастаи ҷавонон, барои наврасони ноҳияамон низ намунаи ибрат асту шумораи ин хел ҷавонон дар оянда бисёр мешавад.
Шоҳида ДАМИНОВА,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.