«ӮЗБЕКИСТОН – КИШВАРИ КИТОБХОНҲО»

Дар Маркази ахбору китобхонаи ба номи Адиб Собири Тирмизии вилояти Сурхондарё ва маркази ахбору китобхонаҳои навоҳӣ таҳти шиори «Ӯзбекистон – кишвари китобхонҳо» ҳафтаи китобхонӣ гузаронида шуд.

Бо мақсади васеъ ташвиқу тарғиб намудани китобхонӣ дар вилояти Сурхондарё соли 2025 «Соли қадрнамоии китоб ва мутолиа» эълон карда шуд. Ба ин муносибат 27 марти соли ҷорӣ барномаи  ҳокимияти вилоят таҳти шиори «Як китоб – роҳкушои ҳазор олам» таҳия шуда, баҳри иҷро роҳандозӣ гардид. Тазаккур бояд дод, ки иҷрои дастури мазкур дар давоми сол идома ёфта, барои пурмазмун ва хотирмон амалӣ намудани он марказҳои ахбору китобхонаҳои навоҳии вилоят, донишгоҳҳои таълими олӣ, шуъбаи вилоятии маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ, раёсати таълими халқии вилоят, шуъбаи вилоятии Агентии кор бо ҷавонони ҷумҳурӣ, раёсати ахбор ва коммуникатсияи оммавии вилоят, шуъбаҳои иттифоқи нависандагон ва журналистон, ширкатҳои садо ва симои вилоят ва дигар расонаҳои ахборӣ ҷалб карда шудаанд.

Дар давоми ҳафтаи ҷорӣ ба муносибати иҷрои барномаи мазкур бо иштироки донишомӯзон, толибилмони масканҳои таълими олӣ ва ташкилотҳои ҷамоавӣ оид ба маданияти китобхонӣ, тарғиби китобхонӣ дар ҷойҳо аввалин чорабиниҳои маданӣ-маърифатӣ баргузор шуда, намоиши китобҳои тозанашр, ярмаркаи савдои китоб ташкил гардиданд.

Чунон ки дар барнома қайд гардидааст мувофиқи супориши ҳокими вилоят барои пурмазмун гузаронидани ҳафтаи китобхонӣ ва маданияти мутолиа аз ҷониби ҳокимони шаҳру навоҳӣ ба марказҳои ахбору китобхонаи ба номи Адиб Собири Тирмизии вилоят, шаҳри Тирмиз ва ноҳияҳо дурдонаҳои адабиёти ватаниву ҷаҳонӣ, китобҳои илмию оммабоб ва дигар адабиётҳои гуногун туҳфа мегардад. Аз ҷумла, ҳокими ноҳияи Ҷарқӯрғон Элмурод Авазов дар чорабиние, ки дар маркази ахбору китобхонаи ноҳия баргузор гардид, ширкат варзида, оид ба аҳамияти китоб дар рушду камолоти маънавии инсон ибрози назар кард.

– Эълон гардидани «Соли қадрнамоии китоб ва мутолиа» ташаббуси нек мебошад, – гуфт ҳокими ноҳия. – Чунки дар масъалаи таълиму тарбия ва илмомӯзии ҷавонон ҳеч чиз ҷойи китобро гирифта наметавонад. Дар гузашта аҷдодони мо китоб мутолиа намуда, илму маърифат паҳн карда, китоб  чун нон арҷ мегузоштанд. Мо ҳам дар зеҳну шуури насли наврас, ҷавонон меҳри китобро бедор намуда, аз хурдӣ онҳоро ба мутолиа ҷалб намуданамон лозим. Барои рағбатнок намудани ҷавонон ҳар гуна чорабиниҳо, озмунҳо созмон додан ба мақсад мувофиқ аст. Мо роҳбарон ташаббусро дастгирӣ хоҳем кард.

Роҳбари ноҳия Элмурод Авазов дар давоми чорабинӣ ба маркази ахбору китобхонаи ноҳия 500 нусха китобҳои нодири гуногун туҳфа намуд. Дар натиҷа бойгонии маркази мазкур ба 68 ҳазору 913 дона расид.

Ҳокими ноҳияи Тирмиз Шуҳрат Назаров низ дар чорабинии мазкури ноҳия иштирок намуда 500 дона китобҳои бадеӣ, сиёсӣ, илмӣ армуғон намуд ва миқдори захираи ахбору китобхонаи марказ ба 21 ҳазору 735 нусха расид.

Чунин чорабинии фарҳангии бошукӯҳ дар Маркази ахбору китобхонаи вилояти Сурхондарё ба номи Адиб Собири Тирмизӣ низ дар санаҳои 24-25 апрел гузаронида шуд, ки дар он ҳама намояндагони мутасаддии вилоят иштирок доштанд. Ба ин марказ низ 500 нусха китобҳои гуногуни нодир туҳфа карда шуд. Роҳбари Маркази ахбору китобхонаи ба номи Адиб Собири Тирмизӣ Маъруф Абдушукуров зимни суханронии хеш дар бораи аҳамияти китобу маданияти китобхонӣ ҳарф зада, таъкид намуд, ки майлу рағбати ҷавонон ба китобу китобхонӣ сол то сол меафзояд ва вобаста ба талаботи китобхонҳо захираи марказҳои ахбору китобхонаҳо низ ба тадриҷ зиёд мешавад. Алалхусус, захираи китобҳои электронӣ низ бо суръат афзоиш дорад.

Дар чорабинии фарҳангии мазкур донишҷӯёни шуъбаи тоҷикии факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Тирмиз низ дар ин рӯзҳо ширкат варзида, бо як ҷаҳон таассурот баргаштанд. Ширкати онҳо бо либосҳои миллӣ ба ҳусни чорабинӣ ҳусн зам намуд. Дар маркази мазкур миқдори китобҳои тоҷикӣ низ мавҷуд буда, дар назар аст, ки бо Ҷумҳурии дӯсту бародари Тоҷикистон низ шартномаҳо ба имзо расида, теъдоди китобҳои тоҷикӣ зиёд карда шавад.

Олим ПАНҶИЗОДА,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: